Ovozi.uz

Имтиҳонҳои қабул ба мактабҳои олӣ идома дорад

Рӯзи 14‑уми июли соли равон дар саросари кишвар санҷишҳои тестӣ барои қабул ба муассисаҳои таълими олӣ оғоз гардид. Дар вилояти Самарқанд низ санҷишҳо дар 7 бинои пӯшида — толори варзишии литсейи академии Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов, толори варзишии факултети маданияти ҷисмонии Донишкадаи педагогии Ӯзбекистон-­Финландия, се толори калони Мактаби варзишии ба намудҳои бозиҳои спорт ва атлетикаи сабук ихтисосонидаи Самарқанд ва ду толори варзишии Мактаб-­интернати ихтисосонидаи захираҳои олимпии Самарқанд гузаронида мешаванд.

Санҷишҳо дар ду баст (аз соати 08:00 то соати 11:00 ва аз соати 15:00 то 18:00) гузаронида шуда, дар ҳар як баст иштироки 3540 нафар довталаб пешбинӣ шудааст.
— Бо мақсади расонидани ёрии амалӣ ба довталабон аз рӯйи тартиби супоридани санҷишҳои тестӣ 8 нафар роҳбари бино, 272 нафар назоратчиёни гурӯҳ, инчунин, барои хидматрасонӣ ба довталабоне, ки дар шунавоӣ ва нутқ нуқсон доранд, 11 нафар сурдо-­тарҷумонҳо вобаста карда шудаанд, — гуфт сарвари шӯъбаи вилоятии Агентии баҳодиҳии дониш ва таҷриба Воҳид Сирлибоев. — Барои таъмини бехатарӣ дар ин ҷараён аз Вазорати корҳои дохилӣ 126 нафар, аз Гвардияи миллӣ 86 нафар, аз соҳаи бехатарии сӯхтор 37 нафар ва сохтори ҳифзи тандурустӣ 21 нафар кормандони масъул ҷалб гардиданд.
Рӯзи якуми санҷишҳо дар басти якум аз 3540 нафар довталабон, ки иштирокашон пешбинӣ шуда буд, 2917 нафар (82,4 дарсад), дар басти дуввум бошад, аз 3540 нафар ҷамъ 3291 нафар (93 фоиз) иштирок карданд.
Дар рӯзи якуми санҷишҳои тестӣ 8 довталаб барои вайрон кардани қоидаҳои тестӣ аз имтиҳон барканор гардиданд. Аз онҳо 3 нафар барои шикаст расонидан ба варақаи ҷавобҳо ва 2 нафар ба китоби супоришоти тестӣ, инчунин, 3 нафар барои истифодаи шпаргалка аз имтиҳон хориҷ карда шуданд.
Дар рӯзи дуввуми имтиҳонҳо 3 нафар довталаб, ки мехостанд ба имтиҳон бо худ воситаҳои мамнӯъ(телефон)-ро дароранд, аз имтиҳон барканор гардиданд.
Ёдовар мекунем, ки санҷишҳои тестӣ барои қабул ба муассисаҳои таълими олӣ ва касбӣ то 25‑уми июл идома меёбанд.
Хотиррасон мекунем, ки соли равон ба муассисаҳои таълими олии ҷумҳурӣ ҷамъ 894279 нафар довталаб ҳуҷҷат супурдаанд. Дар вилояти Самарқанд бошад 84 ҳазору 255 нафар довталабон ҳуқуқи иштирок дар тестҳоро соҳиб шудаанд.

Хидмати матбуоти
шӯъбаи вилоятии Агентии баҳодиҳии
дониш ва таҷриба.