Ovozi.uz

Муаллимае бо қалби бузург

Матлуба Нарзуллоева яке аз шахсиятҳои барҷастаи Самарқанд дар соҳаи маориф аст, ки номи ӯ бо садоқат ба касб, муҳаббати беандоза ба шогирдон ва эҳтироми мардум пайвастагӣ дорад. Ин бонуи меҳрубон аз хурдӣ зирак, меҳнатдӯст ва пурғайрат будааст. Ӯ ҳанӯз дар синни мактабхонӣ нисбати касби омӯзгорӣ бо меҳри хоса менигарист.

Омӯзгори асил

Баъд аз хатми мактаби миёна, ӯ таҳсилро дар донишкадаи омӯзгорӣ идома дода, онро бо муваффақият ба поён мерасонад. Аз рӯзҳои аввалини фаъолияти омӯзгориаш, вай бо муносибати самимӣ, сабру таҳаммул ва фаҳмиш сазовори меҳри шогирдони худ мегардад. Муаллима на танҳо дониши фанниро ба онҳо мерасонд, балки барои онҳо дӯсту роҳнамо ва шахси намунавӣ буд.

Муҳити синфхона барои М.Нарзуллоева танҳо ҷойи таълим набуд, балки фазои тарбияи ахлоқ, инсондӯстӣ ва худшиносӣ ба ҳисоб мерафт. Барои ӯ муҳим буд, ки ҳар як донишомӯз худро мустақил эҳсос кунад ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва садоқат тарбия ёбад. Шогирдонаш бо муҳаббат ёд мекунанд, ки омӯзгор ҳамеша бо табассум, каломи нарм ва сабру таҳаммул вориди синф мешуд.

Инчунин, боз як нуктаи муҳим вуҷуд дошт, ки муаллима ҳеч гоҳ ҳеч як донишомӯзро аз назари худ берун нагузоштааст. Аз як хонанда як хусусияти ба худ хосе пайдо намуда, онро ба соҳаи дӯстдоштаи худ нигаронидааст ва бо ин услуби ба худ хоси самараноки таълимии муаллима садҳо шогирдони ӯ ҳоло дар роҳи зиндагӣ мавқеи худро пайдо намудаанд.

Оила – такягоҳ ва мактаби зиндагӣ

Муваффақияти Матлуба Нарзуллоева танҳо бо фаъолияти омӯзгорӣ маҳдуд нест. Ӯ як модар, ҳамсар ва бонуи оқилаи як хонадони маърифатнок низ мебошад, ки зиндагии шахсии ӯ намунаи олӣ барои бисёриҳо шуда метавонад. Ӯ бо ҳамсараш – номзади фанҳои филологӣ, шахси фозил ва омӯзгор, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд”, устод Ғафурҷон Маҳмудов (равонашон шод бод!) зиндагии пур аз муҳаббати поку бобаракот доштанд. Онҳо на танҳо ҳамсафари ҳаёт, балки шарикони асил дар роҳи илму маърифат низ будаанд.

Ғафурҷон Маҳмудов низ солҳои зиёд дар соҳаи таълим ва маориф фаъолият намуда, бисёр вақтҳо бо корҳои илмӣ, омӯзгорӣ машғул мешудаанд. Ба гуфтаи пайвандони устод хидмати муаллима дар дастовардҳо ва пешрафти корҳои устоди мӯҳтарам Ғафурҷон Маҳмудов бениҳоят баланд будааст. Ҳангоми баргаштани устод аз кор муаллима Матлуба Нарзуллоева фарзандонро ором намуда, ба ҳар яки онҳо вазифаҳои монанди хондани китобу омӯхтани як маълумоти нав вазифаҳо медодаанд. Панҷ нафар фарзандон вазифаҳои супоридаро аз таҳти дил иҷро мекардаанд, ки натиҷаи онҳоро имрӯз дидан мумкин аст.

Вақте ман дар таҳририяти рӯзномаи “Овози Самарқанд” фаъолияти худро оғоз намудам, ба як хислати ба худ хоси устод Ғафурҷон Маҳмудов гувоҳ шуда будам: ҳар рӯз дар вақти хӯроки пешин ба хона равона мешуданд. Солҳо гузашту ман ҳамчун як шогирд ба ин хонадон рафтуомадро шурӯъ кардам ва фаҳмидам, ки муаллима дар пазандагӣ ҳам маҳорати хоса доштаанд. 

Мутаассифона, имрӯз устод Ғ. Маҳмудов дар миёни мо нест, вале ёди ӯ ҳамеша бо эҳтиром дар қалбҳои фарзандону шогирдон зинда мемонад. Муаллима бо самимият қайд менамояд, ки дастгирию маслиҳатҳои хирадмандонаи ҳамсараш дар ҳама марҳилаҳои зиндагӣ барои ӯ нерӯ бахшидааст.

Натиҷаи ҳамдигарфаҳмию донишмандӣ мебошад, ки ин оилаи намунавӣ соҳиби фарзандони боадаб, таҳсилкарда ва соҳибмақом гаштанд. Фарзандонашон имрӯз дар самтҳои гуногуни иҷтимоӣ ва илмӣ фаъолият доранд: Манзила Маҳмудова муаллима, Азиз Маҳмудов директори маркази “Олами китоб”, Олима Маҳмудова ҳоло дар клиникаи хусусӣ кор мекунад, аммо чанд вақт аз пайи падар рафта, дар соҳаи рӯзноманигорӣ низ фаъолият намудааст, Акбар Маҳмудов ҷонишини ҳокими ноҳияи Самарқанд мебошад, Камола Маҳмудова кӯдакистони хусусӣ ташкил намуда, роҳбари он аст.

Аз ҷониби ҳукуматамон ҳеч гоҳ кори неки ин гуна оилаҳои намунавӣ беэътибор намондааст. Аз ин рӯ, муаллима соли 2024 яке аз нахустин барандагони нишони сарисинагии “Ибратли оила” шуданд.

Ҳоло фарзандон бо эҳсоси баланди эҳтиром ва муҳаббат аз даврони кӯдакӣ ва тарбияи падару модари маърифатпарварашон ёд мекунанд. Ин изҳори муҳаббат нишони қадршиносӣ дар роҳи таълиму тарбияашон мебошад, ки то ҳол аз ҷониби муаллима ба набераю абераҳо низ расонида мешавад.

Арҷгузорӣ ба меҳнат ва сабақ барои наслҳои оянда

М.Нарзуллоева беш аз сӣ сол бо тамоми ҳастӣ ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буд. Дар ин муддат, садҳо нафар шогирдон аз мактаби маънавии ӯ гузашта, имрӯз ҳамчун муаллим, духтур, муҳандис, иқтисоддон ва намояндаи соҳаҳои дигар хидмат мекунанд.

Соли 1998 меҳнатҳои муаллима аз ҷониби ҳукумат бо унвони “Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон” қадр карда шуд.

Вай бо хоксорӣ ин эътирофро қабул намуда, онро на ҳамчун мукофоти шахсӣ, балки ҳамчун натиҷаи заҳмати якҷояи хонавода, шогирдон ва ҷомеа арзёбӣ намуд. Ин мукофот далели равшани беэътибор намондани меҳнат ва садоқат дар ягон ҳолат мебошад.

Ғайр аз ин, муаллима бо нишонҳои сарисинагии 15, 25 ва 30-солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, 25-солагӣ ва 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин, соли 2020 бо нишони сарисинагии дараҷаи II — «Меҳнат фахрийси» мукофотонида шудаанд, ки ин ҳама барои ҳар як зан бахти бузург мебошад. Матлуба Нарзуллоева соли 2020 барои адои сафари Ҳаҷ низ рафта буд.

Имрӯзҳо, М.Нарзуллоева дар назди фарзандон, сиҳату саломат таҷриба ва хотироти ширини солҳои гузаштаро ёдовар мешавад. Ин лаҳзаҳо далели онанд, ки зиндагии инсон бо меҳр, фидокорӣ ва муҳаббат зебо мебошад.

Баҳодури УБАЙДУЛЛОҲ