Ovozi.uz

Вазир бо донишҷӯён мулоқот кард

Вазири таълими олӣ, фан ва инноватсияҳо Қӯғиротбой Шарипов ба муассисаҳои таълими олии вилояти Самарқанд ташриф фармуда, бо донишҷӯ-ҷавонон вохӯрӣ гузаронид.
Аз ҷумла, дар чорабиние, ки дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд баргузор шуд, роҳбарон ва профессор-омӯзгорон, донишҷӯю магистрҳои муассисаҳои таълими олии вилоят иштирок намуданд.
Вазир ба пешниҳодҳои ҷавонон оид ба таъмини шуғл, татбиқи ғояҳои инноватсионӣ ва лоиҳаҳои стартап, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири дар раванди таълим истифодашавандаи давлатҳои пешрафта дар кишвари мо, такмили ихтисос дар хориҷ ва дигар масъалаҳо посух дод. Инчунин, оид ба васеъ намудани шароит ва имкониятҳо барои донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ муроҷиатҳо шунида шуданд.
Райҳона Анорбоева, донишҷӯи Донишкадаи иқтисод ва сервиси Самарқанд пешниҳод кард, ки бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва садоқат бар он дар асоси мусобиқаҳои ҳарбӣ байни писарон лоиҳаи «Темурбекҳо» ва дар байни духтарон «Пайравони Томарис» ташкил карда шаванд.
Вазир ин ташаббусро дастгирӣ намуда, ташкил гардидани ин лоиҳаро ҳамчун таҷруба дар Самарқанд маълум кард.
Аз рӯи ҳар як дархосту пешниҳоди дар вохӯрӣ баёнгардида, чораҳо муайян гардиданд.