Луғати Оксфорд, барои он, ки ибораи «brain rot» ё «пӯсиши мағзи сар»ҳодисаи нави ҷамъияти замонавиро саҳеҳ тасвир мекунад, чун ибораи соли 2024 интихоб кардааст. Ин ибора асосан ҳаракат (scrolling — навардидан)-и беохир, истеъмоли маълумоти нодаркорӣ ва сарфи беҳудаи вақт дар интернетро ифода мекунад. Тибқи маълумотҳо, дар давоми соли гузашта истифодаи ибораи «brain rot» ба 230 дарсад афзудааст.
Агарчи бораи мазкур дар солҳои 1850‑ум пайдо шудааст, вале айнан дар замони имрӯза таваҷҷуҳ нисбати он пурзӯр гардид. Сабаби он ба қисми асосии зиндагиамон табдил ёфтани технология ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Миллиардҳо одамон дар давоми рӯз телефонро гаштаву баргашта аз назар гузаронида, маълумотҳои фоиданоку бефоидаро ба таври омехта истифода мебаранд. Ин ҳолат на фақат ба зоеъ гузаронидани вақт, балки мондашавии ақлӣ, аз даст додани диққат ва паст шудани таҷрибаҳои иҷтимоӣ низ сабаб мешавад.
Махсусан, дар байни ҷавонон таъсири «brain rot» назаррас буда, онҳо ба ҷои фаъолияти таълимӣ, эҷодӣ ё касбӣ барои тамошои контент беш аз ҳад вақти зиёд ҷудо мекунанд. Ин ҳолат ба салоҳияти ақлӣ таъсири манфӣ расонида, одамро ба иҷрокунандаи бар мавҷи маълумотҳо мутобиқшаванда табдил дода метавонад.
Аз ҳама муҳимаш, гуфта мешавад, ки барои мағлуб кардани «brain rot» одамон бояд ба худ таъқиқҳои гуногун гузошта, тавассути дотекси рақамнок шуури худро аз нав фаол кунанд. Фаолиятҳои монанди мулоқоти зинда бо аҳли оила, дӯстон, варзиш ва хондани китоб барои мағлуб намудани ҳолати замонавии «пӯсиши мағзи сар» усулҳои самаранок ба ҳисоб меравад.
«Brain rot» — на танҳо тренди яксола, балки сигналест, ки муаммои ҷиддии ҷамъиятро дар худ акс мекунад. Он ҳамчун мафҳуми муҳиме, ки инсонро барои бори дигар ба ҳаёти худ баҳо додан ва ба ҷаҳони рақамӣ муносибати мувофиқро талаб мекунад, дида мешавад.
