Ovozi.uz

Дар ҳамаи мактабҳои вилоят «Занги охир» садо дод

Имрӯз чорабиниҳои «Занги охир» дар саросари кишварамон бо рӯҳияи баланд таҳти шиори «Насли бомаърифат — пояи Ренессанси сеюм!» баргузор шуданд. Яке аз чунин чорабиниҳои тантанавӣ дар мактаби миёнаи рақами 55-и шаҳри Самарқанд баргузор гардид.

Дар чорабинӣ ҳокими вилояти Самарқанд Адиз Бобоев иштирок кард ва паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба хатмкунандагони мактаб қироат намуд.

Тавре ки қайд гардид, тавсияҳои махсус ва сенарияҳои намунавӣ барои пурмазмун, мураттаб ва дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои «Занги охир» таҳия шудаанд. Дар ин замина, донишомӯзоне, ки дар ҳамаи мактабҳои таҳсилоти умумӣ бо баҳои аъло таҳсил мекунанд ва бо рафтору истеъдоди намунавӣ барои ҳамсолони худ намуна гардидаанд, муносиб қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳамчунин, ба волидоне, ки дар тарбияи фарзандонашон саҳми арзанда мегузоранд, аз рӯи номинаҳои «Падари фаъолтарин», «Модари дилсӯз», «Волидайни масъулиятшинос» «Хати миннатдорӣ» тақдим карда шуд. Дар чорабиние, ки дар мактаби рақами 55-и шаҳри Самарқанд баргузор шуд, ҳокими вилоят ба ғолибони ин номинаҳо ва донишомӯзони боистеъдод ифтихорнома ва нишонҳои фахриро ботантана супорид.

Дар чорабинӣ як қатор омӯзгороне, ки дар соҳаи таълим ва варзиш кор мекунанд, низ қадрдонӣ гардиданд. Аз ҷумла, муаллимони тарбияи ҷисмонии мактаби рақами 9-и шаҳри Самарқанд Саксонов Ихтиёр Тӯқсонович ва Скрябина Фарангиз Илмурадовна бо нишони «Аълочии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»-и Вазорати варзиш сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, муаллими тарбияи ҷисмонии мактаби рақами 52 Атоева Камола Анваровна бо либосҳои варзишие, ки Вазорати варзиш тақдим карда буд, мукофотонида шуд.

Барои маълумот, дар соли таҳсили 2025-2026 дар маҷмӯъ 123 870 нафар донишмоӯз мактабҳои таълими умумии вилояти Самарқандро хатм карданд. Аз ин шумора 73 322 нафар хатмкунандагони синфи 9 ва 50 548 нафар хатмкунандагони синфи 11 мебошанд.

Имсол 1549 нафар аз хатмкунандагони синфи 11 сертификатҳои миллӣ гирифтанд. Аз ин шумора 95 нафар аз панҷ фан сертификат гирифтанд. Ҳамзамон, 1945 нафар хатмкунандагон пеш аз муҳлат донишҷӯ гардиданд.

Хидмати ахбори Садорати таълими томактабӣ ва мактабии вилояти Самарқанд