Ovozi.uz

РАИСИ ФИДОКОР, КИ БОВАРИИ ХАЛҚРО САЗОВОР ШУД



Ҷумъаев Ҳикматилло Маҳкамович — инсони фидокорест, ки таҷрибаи чандинсолаи роҳбарӣ, сабақҳои ҳаётӣ ва маҳорати кор бо халқро ба рушди маҳалла бахшидааст.


Маҳалла — маскани муқаддасест, ки дар он арзишҳои азалии халқи мо, меҳру оқибат, ҳамбастагӣ, кумаки мутақобила ва қадри инсон муҷассам ёфтааст. Раиси маҳалла бошад, сарвари ин оилаи бузург ва шахси масъулест, ки шодиву ташвиши аҳолиро ба қалбаш наздик қабул карда, метавонад одамонро дар роҳи як мақсад муттаҳид созад. Раисӣ — танҳо як вазифа нест. Он боварии бузург, масъулияти баланд, сабру тоқат ва маҳорати кор бо одамонро талаб мекунад. Махсусан, дар маҳалла ҳар як хонадон ташвиш, мушкилот ва орзую умеди худро дорад. Аз ин рӯ, барои роҳбари маҳалла дар мулоқоти наздик бо халқ будан, ба дарди одамон гӯш додан, ҷустуҷӯи ҳалли мушкилот ва ноил шудан ба натиҷаи амалӣ аз вазифаҳои муҳимтарин ба шумор меравад. Раиси маҳаллаи Кӯли шаҳри Самарқанд Ҳ.Ҷумъаев яке аз чунин роҳбароне мебошад, ки ин вазифаи масъулиятнокро солҳои зиёд бо дилу ҷон иҷро карда, бо меҳнат ва корҳои амалии худ боварии халқро сазовор шудааст.


МАКТАБИ МАСЪУЛИЯТ ВА ХИДМАТ
Ҳ.Ҷумъаев соли 1962 таваллуд шудааст. Фаолияти меҳнатии ӯ соли 1983 дар Сарраёсати корҳои дохилии вилояти Самарқанд оғоз ёфтааст. Фаолият дар ин соҳа ӯро ҳамчун мутахассиси боинтизом, серталаб, масъулиятшинос ва дорои таҷрибаи бой дар кор бо одамон ташаккул дод. Ӯ дар низоми корҳои дохилӣ зиёда аз 30 сол дар вазифаҳои гуногуни роҳбарӣ меҳнат кард. Дар давоми ин солҳо ӯ бевосита бо масъалаҳои ниҳоят масъулиятнок, аз қабили тақдири инсон, волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ ва осоиштагӣ машғул буд. Таҷрибае, ки дар давоми фаолияти меҳнатии чандинсола ба даст омадааст, имрӯз дар фаолияти ӯ ҳамчун раиси маҳалла низ баръало намоён мегардад. Эътирофи меҳнатҳои самарабахши чандинсола ва сарфароз шудан бо нишонҳои сарисинагии «Меҳр-саховат», «Маҳалла ифтихори» ва як қатор мукофотҳои дигар низ баҳодиҳии муносиб ба меҳнати ӯ мебошад.


БОВАРИИ ХАЛҚ — БАЛАНДТАРИН БАҲО
Моҳи майи соли 2019 Ҳ.Ҷумъаев дар интихоботи раиси маҳаллаи Кӯли шаҳри Самарқанд иштирок намуда, бо 87 фоизи овозҳо боварии аҳолиро сазовор гашт. Дар паси ин рақам на статистикаи оддӣ, балки боварӣ, умед ва дастгирии садҳо хонадонҳо муҷассам буд. Аз рӯзҳои аввали фаолияти раисӣ, ӯ ба ободонии ҳудуди маҳалла, фароҳам овардани шароити муносиб барои аҳолӣ, таъмири кӯчаҳо, беҳтар намудани шабакаҳои муҳандисию коммуникатсионӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Дар натиҷа, корҳое, ки дар давоми солҳо марҳила ба марҳила амалӣ карда шуданд, қиёфаи маҳаллаи Кӯлро ба таври назаррас дигаргун намуданд.
Ҳ.Ҷумъаев дар интихоботи солҳои 2022 ва 2025 низ ба вазифаи раисӣ интихоб гардид.


МАҲАЛЛАИ ОБОД ҲУСНИ ҲАЁТИ ФАРАҲБАХШ АСТ
Имрӯз вақте дар бораи корҳои амалишуда дар маҳаллаи Кӯл сухан меравад, пеш аз ҳама, ободии кӯчаҳо ба чашм мерасад. Кӯчаҳои асосӣ ва дохилии ҳудуди маҳалла мумфарш ва бетонӣ шуданд. Ин корҳо қулайии ҳаракатро барои аҳолӣ зиёд намуда, махсусан мушкилотеро, ки дар мавсими тирамоҳу зимистон ба миён меомаданд, ба таври назаррас кам намуданд. Таъмир ва бо сутунҳои бетонӣ иваз кардани симчӯбҳои корношоям, инчунин насб кардани чароғҳои шабона дар кӯчаҳо на танҳо намуди зоҳирии маҳалла, балки бехатарии аҳолиро дар вақти бегоҳӣ беҳтар сохт. Корҳои ободонӣ танҳо бо кӯчаҳо маҳдуд нагардиданд. Ҳавз ва бинои нурониёни маркази маҳалла аз нав таъмир карда шуданд. Ин масканҳо ба яке аз ҷойҳои муҳими истироҳат, суҳбату вохӯрии сокинони маҳалла ва мазмуннок гузаронидани вақти кӯҳансолон табдил ёфтанд.


Эътибор БА ТАБИАТ — эътибор БА МАҲАЛЛА
Канали Сиёбча, ки аз ҳудуди маҳалла мегузарад, низ ҳамеша дар маркази диққат қарор дорад. Мунтазам тоза кардани канал ва дар атрофи он амалӣ намудани корҳои ободонӣ барои беҳтар кардани ҳолати санитарии ҳудуд хидмат мекунад. Дар айни замон дар қисмати 130‑метрии канали Сиёбча бурда шудани корҳои азнавсозӣ низ яке аз корҳои амалиест, ки ба боз ҳам беҳтар намудани инфрасохтори ҳудуд нигаронида шудааст. Корҳо дар ин самт инчунин барои баланд бардоштани маданияти экологии аҳолии маҳалла, ҳифзи муҳити зист ва боз ҳам зеботар кардани ҳудуд хидмат мекунанд.


ҲУРМАТ БА АРЗИШҲО ВА ПОСИ ХОТИР
Дар байни халқи мо ҳикмате ҳаст: «Поси хотири гузаштагон — қадри зиндагон аст». Дар маҳаллаи Кӯл ба ин арзиши наҷиб низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Ҳавзи кӯҳнаи ҳудуди қабристони «Чилдухтарон», ки дар маҳалла ҷойгир аст, пур карда шуда, барои пиёдагардҳо пайроҳаҳо сохта шуданд. Дар ҳудуди қабристон мунтазам корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ амалӣ карда мешаванд. Ин корҳо, аз як тараф, ҳолати санитарӣ ва ободии ҳудудро беҳтар созанд, аз тарафи дигар, ифодаи амалии ҳурмати баланд ба хотири аҷдодон мебошанд.


МУАММОҲОИ ТАЪМИНОТИ ЭЛЕКТР ВА ГАЗ ҲАЛ МЕШАВАНД…
Некӯаҳволии аҳолӣ, пеш аз ҳама, аз таъмини шароити зарурии ҳаёти ҳаррӯзаи онҳо оғоз меёбад. Соли 2024 дар маҳалла 2 трансформатори нав насб карда шуд. Инчунин, 50 хонадон бо гази табиӣ таъмин гардиданд. Кӯдакон ва сокинон аз ин сабукӣ баҳраманд шуданд. Кишоварзон ва соҳибкорон низ барои рушди фаолияти худ имконияти хуб пайдо карданд. Баъдтар бо кумаки сарпарастони маҳалла боз 1 нуқтаи трансформатори нав гузошта шуд. Ин гуна корҳо натиҷаи ҳамкории раиси маҳалла, ташкилотҳои масъул, сарпарастон ва фаъолон мебошад.


ТАВАҶҶУҲ БА ҶАВОНОН ТАВАҶҶУҲ БА ОЯНДА МЕБОШАД
Нақши ҷавонон дар ҳаёти маҳалла беқиёс аст. Дар фаолияти Ҳ.Ҷумъаев ба масъалаҳои мазмуннок ташкил намудани вақти холии ҷавонон, ҷалби онҳо ба варзиш ва ташаккули муҳити солим дар маҳалла низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Дар доираи барномаи «Буҷаи шаффоф» («Очиқ бюджет») амалӣ гардидани корҳои азнавсозӣ дар майдони футболи ниёзманд ба таъмири маҳалла, яке аз натиҷаҳои амалии ин таваҷҷуҳ аст. Чанд бор ташриф овардани раиси Ассотсиатсияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон Қаҳрамон Қуронбоев ба маҳалла низ аз эътибори баланд ба корҳои дар ин ҳудуд амалишаванда гувоҳӣ медиҳад. Дар доираи ин ташрифҳо ба маҳалла 200 миллион сӯм маблағ ҷудо гардид, ки дар натиҷа, атрофи майдони футбол бо панҷараҳои оҳанӣ печонда шуда, дар ҳудуд корҳои ободонӣ иҷро шуданд. Акнун, бо мақсади боз ҳам такмил додани ин иншооти варзишӣ ва табдил додани он ба як маҷмааи варзишие, ки ба талаботи замон ҷавобгӯй бошад, корҳо давом дода мешаванд. Ин барои ҷавонони маҳалла ҷиҳати машғул шудан ба варзиш, мазмуннок гузаронидани вақти холӣ ва риояи тарзи ҳаёти солим имкониятҳои боз ҳам васеътар фароҳам меорад.


ҚАДРИ ИНСОН — МЕЪЁРИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ МАҲАЛЛА
Фаъолияти раиси маҳалларо танҳо бо роҳҳо, биноҳо ва инфрасохтор баҳо додан мумкин нест. Ободии ҳақиқии маҳалла, пеш аз ҳама, бо кайфият, хотирҷамъӣ ва ҳифзи иҷтимоии инсонҳое, ки дар он зиндагӣ мекунанд, муайян карда мешавад. Аз ин нуқтаи назар, дар маҳаллаи Кӯл ба оилаҳои ниёзманди ҳимояи иҷтимоӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Ба оилаҳои камбизоат сарпарастони алоҳида вобаста карда шуда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ ва амалӣ расонида мешаванд. Аз ҳоли оилаҳои камтаъмин, бесарпараст, кӯдакони ногироидошта ва пиронсолон мунтазам хабар гирифта шуда, ба онҳо дар шаклҳои гуногун кумак пешниҳод мегардад. Ин гуна корҳо муҳити меҳру оқибат ва ҳамбастагиро дар маҳалла боз ҳам мустаҳкамтар месозанд.


УСТУВОРИИ ОИЛА БАРҚАРОРИИ ҶОМЕА
Таҷрибаи чандинсолаи ҳамчун ҳуқуқшинос дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар маҳалла ва ташаккули муҳити солим дар оилаҳо низ ба кор меояд. Ҳамкории наздик бо ёрдамчии ҳоким, фаъоли занону духтарон, нозири профилактика, сарвари ҷавонон, корманди иҷтимоӣ ва нозири андоз ба роҳ монда шудааст. Тавассути гузаронидани суҳбатҳои профилактикӣ бо аҳолӣ, кори суроғавӣ бо оилаҳои мушкилдор, пешгирии низоъҳои оилавию маишӣ ва бармаҳал аниқ кардани мушкилоти занону ҷавонон пеши роҳи як қатор ҳолатҳои манфӣ гирифта мешавад. Махсусан, ба масъалаҳои пешгирии талоқҳои оилавӣ, барқарор намудани муҳити солим ва маънавӣ дар оилаҳо ва расонидани кумаки зарурӣ ба оилаҳои ҷавон таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир карда мешавад.
Хулоса, бо ташаббус ва саъю кӯшишҳои ӯ маҳаллаи Кӯл сол ба сол ободтар, зеботар ва ба як ҳудуди намунавӣ табдил меёбад. Ин бошад, натиҷаву самараи меҳнатест, ки паҳлӯ ба паҳлӯ бо халқ дар роҳи як мақсад — маҳаллаи обод, оилаи фаровон ва ҳаёти орому осуда анҷом дода шудааст…

Муродулло ТИЛЛОЕВ,
маҳаллаи Кӯл