Муайян шудааст, ки шаҳрванди соли таваллудаш 2006 гурӯҳи маҷозии иборат аз 13 нафарро таъсис дода, дар он ғояҳои радикалиро тарғиб мекардааст. Дар шаҳри Қаршии вилояти Қашқадарё фаъолияти гурӯҳи маҷозие, ки тавассути паёмрасони Telegram ғояҳои ифротгароиро тарғиб мекард, қатъ карда шуд. Дар ин бора Хидмати амнияти давлатӣ хабар додааст.
Бинобар маълумоти манбаъ, ҳолати мазкур дар доираи чорабиниҳои фаврии пешгирикунандаи “Хавфсиз ва соғлом юрт“, ки дар саросари ҷумҳурӣ гузаронида мешаванд, аз ҷониби кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ ошкор шудааст.
Аз ҷумла, муайян гардидааст, ки як сокини шаҳри Қаршӣ, соли таваллудаш 2006, дар ибтидо тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ зери таъсири ҷалбкунандагони гурӯҳҳои ифротгаро қарор гирифтааст. Баъдан ӯ дар паёмрасони Telegram гурӯҳи маҷозии иборат аз 13 нафарро таъсис додааст. Аъзоёни гурӯҳ таваллудшудагони солҳои 1980–2007 мебошанд. Муайян шудааст, ки дар ин гурӯҳ баробари тарғиби ғояҳои радикалӣ, маводе низ паҳн карда мешудааст, ки ба «ҷиҳод» ва «шаҳидӣ» даъват мекард. Фаъолияти гурӯҳ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қатъ карда шудааст.
Ҳоло вобаста ба ҳолати мазкур барои андешидани чораҳои қонунӣ чораҳои дахлдор амалӣ мешаванд.
