Ovozi.uz

Муайян намудани шахсият аз изи ангушт

Яке аз воситаҳои муайян намудани шахсият изи ангуштон мебошад. Аммо ба андешаи коршиносон ин усули нав нест. Зеро дар Чин зери ҳуҷҷатҳои қадима ба ҷойи имзо изи ангуштони худро мегузоштанд. (Одамони савод надоштаи мо ҳам пештар чунин мекарданд). Аз ин рӯ, гуфтан мумкин аст, ки роҳи муайян намудани шахсият аз рӯи изи ангуштон тақрибан 2000 сол пеш ҳам вуҷуд дошт.
Вале дар илм изи ангуштро бори аввал барои муайян намудани шахсият олими итолиёвӣ Марчелло Малпиги соли 1686 истифода бурдааст. Ӯ зери заррабин рахҳои дар ангуштон мавҷуд бударо омӯхта, дарк менамояд, ки рахҳои мазкур шаклҳои махсуси ҳалқамонанд доранд.
Баъдтар соли 1858 усули гирифтани изи ангушт барои муайянкунии шахсияти маҳбусон истифода гардид.
Соли 1880 олими англис Франсис Галтон таснифоти системаи изи ангуштонро оғоз намуд. Баъди чанд сол ин система аз тарафи комиссари полиси Лондон Эдвардом Генри сода карда шуда, дар ҳама кишварҳо ҳамчун воситаи муайянкунии шахсият барои кушодани ҷиноятҳо паҳн гардид.
Имрӯз дар аксари таваллудхонаҳои кишварҳои дунё изи кафи пойи тифлони навзод гирифта мешавад. Чунки бо ин роҳ низ шахсияти инсонро муайян кардан мумкин аст.