Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ходими шӯъбаи корҳои дохилӣ, дар ҳолати маст паҳн гардид. Ба ин масъала котиби матбуоти Шӯъбаи корҳои дохилии вилоят равшанӣ андохт. Маълум мегардад, ки нозири профилактикии Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Қӯшработ сержанти калон З.С (20 ноябри соли 2023 ба кор қабул гардидааст) бо либоси хизматӣ, дар ҳолати маст ва бо ҳаркатҳои ноҷӯяе, ки ба шаъни идораи корҳои дохилӣ рост намеояд, кардааст. Бо ин сабаб ӯро аз сафи ходимони идораи корҳои дохилӣ барканор кардаанд. Ҳоло бошад барои муайян кардани ҳолат нисбати роҳбари ходим корҳои пурсуҷӯӣ мебаранд-омадааст, дар хабар.
Дар Самарқанд ходими Садорати корҳои дохилиро, ки дар ҳолати мастӣ бо либоси хидматӣ мегашт, аз кор холӣ карданд
