Тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва атроф ба худи мо — инсонҳо вобаста аст. Вале дар баъзе ҷойҳо акси ин ҳолро мебинем. Барои мисол, дар даромадгоҳи кӯчаи У. Турсунови маҳаллаи «Кӯксарой»-и шаҳри Самарқанд партовҳоро дар қади роҳ рехта, ба ҳолати санитарӣ эътибор намедиҳанд. Партовҳоро шамол ба ҳар ҷониб пош медиҳад. Сагҳо низ онҳоро тагу рӯ мекунанд. Ҳатто дар дохили он ҷасади саге як ҳафта боз хобидааст. Бо вуҷуди навиштаҷоти тахтаи роҳ «Мусор напартоед, ҷарима 1 250 сӯм» навиштаанд, он натиҷаи худро надодааст. Тааҷубовараш ин, ки аз қуттии партовпартоӣ дарак нест. Ин ҳолат чандин сол боз давом мекунад, вале барои пешгирии он то ҳол чорае наандешидаанд. Мо бо ин масъала бо раиси маҳаллаи «Кӯксарой» Шавкат Юсуфов ҳамсӯҳбат шудем. Ӯ таъкид намуд, азбаски мошини партовкашонӣ ба маҳаллаи мо ҳафтае як маротиба (рӯзи ҷумъа, соатҳои 08:00–10:00) меояд, мардум партовҳояшонро ба сари кӯча, пушти дар, ба дохили ҷӯйбор мепартоянд. Барои пешгирии он чандин маротиба хона ба хона гашта, корҳои фаҳмондадиҳӣ бурдем, вале аҳолии атроф ба ин ҷо ҳамон партовҳояшонро мерезанд. Ба фикрам бо ёрии камера ба якчанд нафари онҳо ҷарима андозем, мумкин аҳвол беҳтар шавад, гуфт ӯ.
Ҳоло дар саросари кишварамон марҳилаи якуми моҳонаи «Ҳавои тоза» оғоз гардид. Дар ин кори хайр Вазорати экология, муҳити зист ва тағйирёбии иқлим дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ҳисса мегузоранд. Бо мақсади таъмини иҷрои қонунҳо «Дар бораи ҳифзи атмосфера» ва «Дар бораи назорати муҳити зист» моҳонаи «Ҳавои тоза» дар ду марҳила гузаронида мешавад. Давраи якум, аз 10-уми апрел то 10-уми май, давраи дуюм аз 10-уми август то 10-уми сентябр (дар шаҳри Тошканд аз 10-уми сентябр то 10-уми октябр) давом мекунад. Ёдовар мешавем, ки моҳонаи «Ҳавои тоза» бо мақсади пешгирии аз ҳад зиёди партовҳои зараровари таҷҳизоти техникӣ ба атмосфера мунтазам гузаронида мешавад. Аз ҷумла, дар соли 2023 ҷамъ, 318 556 мошин аз назорати экологӣ гузашта, ба атмосфера партофтани 209 232 тонна моддаҳои ифлоскунанда пешгирӣ карда шуд.
Фаромӯш накунед, ки партофтани партов дар ҷойи муайяннашуда боиси ҷарима мегардад. Ғайр аз ин, барои идораи соҳаи партовҳо «Call-марказ» ба кор даромад, ки шаҳрвандон барои идора намудани сохтори партовҳо бо таклиф, шикоят, муроҷиат метавонанд арз кунанд.
Н.БОБОАҲМАД.
