Ovozi.uz

Шасти камолоти журналист

Инсони покниҳод, марди хоксор, дарёдил, самимӣ ва меҳнатдӯст аст.
Ба ҳайси журналист масъулиятшинос, ҳақбину ҳақгӯ, фаъолу ташаббускор мебошад.
Чун эҷодкор заҳматписанду содабаён аст.
Дар рафти чорабинии фарҳангие, ки рӯзи 16-уми майи соли равон дар Хонаи матбуоти вилоят ба муносибати 60-солагии узви Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон, мудири шӯъбаи иқтисод ва кишоварзии таҳририяти рӯзномаи “Овози Самарқанд” Ҷамшеди Асрор баргузор гардид, ҳозирин дар бораи чунин хислатҳои ҳамидаи ин рӯзноманигори ботаҷриба ҳарф заданд.


Чорабиниро сарвари шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон А.Ҳайдаров сарварӣ кард.
Дар рафти тадбир сармуҳаррири таҳририяти муштараки “Зарафшон” ва “Самаркандский вестник” Ф.Тошев, сармуҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд” Б.Раҳмонов, омӯзгори собиқадор О.Хайриев, рӯзноманигор Д.Тӯхтаев, мухбирони ҷамоатии “Овози Самарқанд” Р.Шарифзода, Т.Юнусзода, К.Ҷӯразода, директори мактаби таълими умумии рақами 54-и ноҳияи Самарқанд А.Искандарӣ ва дигарон дар бораи фаъолияти педагогӣ ва журналистии Ҷамшед Обидов, дастоварду комёбиҳои ӯ дар соҳаи матбуот, хислатҳои ҳамида, инчунин, иштироки фаъоли рӯзноманигори ботаҷриба дар анҷуманҳои бонуфуз, чорабини ва нишастҳои матбуотӣ ҳарф заданд.

– Дили пок, росткориву ростқавлӣ ва ҳалолкорӣ, ки дар тинати ин рӯзноманигор ҳастанд, хоси ҳар як журналист мебошад, — гуфт Ф.Тошев. – Боре мо якҷоя дар ҳайати гурӯҳи назорати ҷамоатӣ бо мақсади омӯхтани муаммоҳои мардум ба ноҳияи Қӯшработ рафтем. Дар рафти давр задани хонадонҳо ӯ кӯшиш мекард, ки ҳар чӣ бештар муаммоҳои сокинонро омӯзад ва ба штаб расонида, мушкилоти онҳоро осон кунад. Ин аз фидокориву масъулиятшиносии ӯ далолат медиҳад. Имрӯз мо дар шастсолагии ин рӯзноманигор ҷамъ омадем ва боварӣ дорам, ки ин шасти камолот асту минбаъд ба Ҷамшед Обидов илҳоми тару тоза мебахшад

Дар идома ба собиқадори соҳаи маориф, яке аз журналистони фаъоли ҷамоатии рӯзнома Раҳматилло Шарифзода гувоҳномаи узвият ба Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон тантанавор тақдим гардид.
Чорабинӣ бо тақдими тӯҳфаҳои шӯъбаи вилоятии Иттиҳоди журналистони Ӯзбекистон ва таҳририяти рӯзномаи “Овози Самарқанд” ба Ҷамшед Обидов анҷом ёфт.

Ф.ЮЛДОШЕВ