Ovozi.uz

Дар намоишгоҳ 2500 корхонаи саноатӣ иштирок кард

Рӯзҳои 16-17-уми майи соли равон дар маҷмааи намоишгоҳҳои “SOF EXPO SAMARKAND”-и ноҳияи Ҷомбой «Ярмаркаи минтақавии байнисоҳавии саноатӣ» ва Форуми саноатчиён гузаронида шуд.
Дар маросими кушодашавии ярмарка, ки бо мақсади густариши кооператсияи истеҳсолии байнисоҳавӣ байни калонтарин ташкилотҳои саноатии кишвар ва корхонаҳои маҳаллӣ, намоиш додани имкониятҳои маҳаллигардонии истеҳсолот, аз ҷумла маҳсулоти ивазкунандаи воридот ташкил гардид, ҷонишини мушовири Президент Г.Саидова, ҷонишини аввали раиси Кумитаи гумрук И.Мухторов, ҳокими вилоят Э.Турдимов, ҳокимони шаҳру ноҳияҳо ва ҷонишинҳои масъули соҳа, инчунин якҷоя бо истеҳсолкунандагони вилоятамон тадбиркорони Русия, Бухоро, Тошканд ва Фарғона низ иштирок карданд.
Дар намоишгоҳ 2500 корхонаи саноатӣ, аз ҷумла беш аз 20 шабака, 2375 корхонаи минтақавӣ зиёда аз 240 номгӯи маҳсулотро ба намоиш гузоштанд. Аз ҷумла, 240 корхона бо зиёда аз 7500 намуди маҳсулоти ивазкунандаи воридот ширкат намуданд.
Дар намоишгоҳи имсола корхонаҳо беш аз 80 намуди маҳсулоти рақобатпазирро, чун радиатору конвекторҳои барқӣ, таҷҳизоти электрикӣ, трансформаторҳои намуди нави «ТМГ», воситаҳои химиявии муҳофизати растаниҳо, коғазҳо барои гипскартон, қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо ва монанди инро ба намоиш гузоштанд.
Инчунин, дар ярмарка ба истеҳсол ва коркарди маҳсулоти хӯрокворӣ аҳамияти калон зоҳир гардида, барои 22 корхонаи хурду калон, ки дар вилоят маҳсулоти хӯрокворӣ истеҳсол ва коркард мекунанд, майдонҳои алоҳида ҷудо ва ашёи хоми онҳо ба намоиш гузошта шуд. – Корхонаи мо ба коркард ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ машғул аст, – гуфт корбари Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Bulung‘ur Sandvik” Аббос Мӯъминов. – Дар ҳисоби корхонаи мо 300 гектар замин мавҷуд. Инчунин, бо хоҷагиҳои фермерӣ шартнома имзо кардаем. Ҳамарӯза аз 15-20 то 60-70 тонна маҳсулотро аз нав коркард намуда, ба ИМА, Аврупо ва кишварҳои Осиё содирот мекунем. Дар чаҳорчӯби ҳамкорӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 2,5 миллион доллари амрикоӣ маҳсулот содирот кардем. Мо ба намоишгоҳи имрӯза тақрибан 20 намуди маҳсулоти коркардшуда ва хушконидаи худро овардем ва созишномаҳои нави ҳамкорӣ имзо намудем.
Дар доираи форум сессияи панелӣ ва муҳокимаҳо низ баргузор гардид. Аз ҷумла, дар раванди чорабиниҳо масъалаи кам кардани воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷудаи истеҳсолӣ ва амиқсозии маҳаллисозӣ баррасӣ гардиданд.
– Соли 2022 ба вилояти мо ба маблағи 65 миллион доллари амрикоӣ маҳсулоти хӯрокворӣ ворид карда шуда бошад, соли 2023 ин рақам 21 миллион доллар кам шудааст, — гуфт ҳокими вилоят Э.Турдимов. – Ҳоло дар вилоятамон 2200 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ мавҷуд буда, 1966-тоаш фаъолият доранд. Шумораи корхонаҳои ин самт дар 5-6 соли охир қариб ду баробар афзуд. Мо якҷоя бо роҳбарони секторҳо ва масъулони бахши иқтисодӣ омӯхтану барқарор намудани фаъолияти 234 корхонаеро, ки муваққатан фаъолияташонро боздоштаанд, мақсади асосии худ қарор додаем. Мо бояд бо иқтидори пурра кор кардани корхонаҳои мавҷударо таъмин намуда, ба масъалаи истеҳсоли маҳсулоти ҷавобгӯи талаби замон эътибор диҳем.
Илова бар ин, дар доираи намоишгоҳ дар павилони алоҳида намоиши қариб 70-то лоиҳаҳои стартапи инноватсионии муассисаҳои таълими олии вилоят ташкил гардид.
Дар доираи намоишгоҳ бо мақсади роҳандозӣ ва вусъат додани ҳамкории байни корхонаҳои саноатӣ ва минтақавӣ вохӯриҳо дар формати V2V, V2G низ гузаронида шуданд.

Б.МУСТАНОВ