Ovozi.uz

Дар Хитой аз пиллапарварӣ дар як сол то ҳашт бор ҳосил мегиранд

Ҳайати намояндагони Ҷумҳурии халқии Хитой, ки бо сарварии аъзои кумитаи доимии бюрои сиёсии Кумитаи Марказии Ҷумҳурии халқии Хитой, ҷонишини Сарвазири Шӯрои давлатӣ Лю Гочҷун ба диёрамон ташриф овардааст, рӯзи 14‑уми май ба Самарқанд омад.
Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов меҳмононро дар вокзали роҳи оҳан пешвоз гирифт.
Тарафҳо дар вохӯрие, ки ба инкишофи робитаҳои ҳамкорӣ бахшида шуд, роҷеъ ба самтҳои мароқдоштаи худ фикру мулоҳиза баён намуданд.
Ҳокими вилоят таъкид кард, ки дар даврҳои пешина ба робитаҳои байни Ӯзбекистон ва Хитой аҷдодони мо асос гузоштаанд ва барои ҳар ду тараф як хел манфиатнок будани ривоҷдиҳии онро алоҳида қайд намуд. Инчунин, ҳоло ба зинаи нав баромадани алоқаҳои Самарқанд ва Хитойро ба эътибор гирифта, роҷеъ ба даҳто самти муайянкунандаи истиқболҳои ҳамкориҳои оянда фикр баён намуданд. Аз ҷумла, таъкид кард, ки имрӯз таҷрибаи Хитой роҷеъ ба истифодаи босамар аз захираҳои об барои мамлакатамон, хусусан Самарқанд хеле муҳим аст. Пешниҳод карда шуд, ки барои дар Самарқанд роҳандозӣ кардани таҷрибаи провинсияи Шенси роҷеъ ба сарфаи об, ки баъдан дар тамоми Хитой татбиқ гардидааст, мутахассисон ва технологияҳо ҷалб карда шаванд. Таҷрибаи мазкурро дар мисоли ноҳияи Пайариқ амалӣ намуда, сипас дар тамоми вилоят роҳандозӣ намудани он пешбинӣ шудааст.
Дар вохӯрӣ пешниҳод гардид, ки бар асоси натиҷаҳои дар кишоварзӣ бадастовардаи Хитой, таҷрибаи онҳоро дар ғалла ва пахтакорӣ, расондани сабзавот, пиллакорӣ ва саноати чарм-пойафзал, истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ омӯхта, дар ноҳияҳои вилоят амалӣ кардани онҳо лозим аст.
Қайд гардид, ки дар ин ҷараён аз тухмипарварӣ сар карда, дар кишти навъҳои серҳосил ва сарфакунандаи об, расондани маҳсулот барои содирот, нигоҳ доштан ва коркарди онҳо истифодаи технологияҳои замонавӣ зарур аст.
— Таҷрибаи Хитой дар истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ аҳамияти алоҳида дорад, — гуфт Э. Турдимов. — Чунки ин самт барои дар ҷомеа бартараф кардани камбағалӣ хеле муҳим аст. Инро таҷрибаи Хитой нишон медиҳад. Дар китоби сарвари Хитой ҷаноби Си Сзинпин роҷеъ ба замини наздиҳавлигӣ дар ин бора маълумотҳои хеле муҳим қайд гардидаанд. Дар давоми сафар ба Хитой ҳайати намояндагони мо таҷрибаи Қашқарро омӯхтанд. Мо аз гармхонаҳое, ки гармӣ талаб карда намешаванд, миллионҳо доллар даромад гирифтани онҳоро дида, дар ҳайрат мондем. Бинобар ин мақсад дорем, ки лоиҳаи аз Хитой ба 11‑то ноҳия даҳ нафарӣ, ҳамагӣ 110 нафар соҳиби замини наздиҳавлигии ботаҷриба ва 3 нафар мутахассиси ботаҷрибаро, ки ба онҳо сарварӣ мекунанд, ҷалб карда, инкишофи замини наздиҳавлигиро амалӣ намоем.
Мо шунидем, ки дар Хитой аз пиллапарварӣ дар як сол то ҳашт маротиба ҳосил мегиранд. Инчунин, аз канакунҷид расондани пилла роҳандозӣ шудааст. Ин ҳам барои мо навигарӣ аст ва аз роҳандозӣ кардани он манфиатдорем.
Азбаски дар Самарқанд роҷеъ ба расондани чарм салоҳияти калон мавҷуд аст, пешниҳоди лоиҳаи коркарди ашёи хом ва ташкил намудани кластери истеҳсолӣ дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони хитоӣ ба миён гузошта шуд. Қайд гардид, ки дар ноҳияи Нуробод барои самти мазкур имкониятҳои калон мавҷуд аст.
Дар вилояти Самарқанд аз 260 ҳазор гектар майдон барои хоҷагии қишлоқ истифода мебаранд. Талаб ба техникаи хоҷагии қишлоқ калон аст. Техникаҳое, ки ҳоло кор мефармоянд, аз давлатҳои Белорус, Россия, Туркия ва Германия оварда шудаанд. Вале гаронии нархи техникаҳо яке аз масъалаҳое аст. ки вакилони соҳаро азият медиҳад. Бинобар ин барои дар ноҳияи Нарпай ташкил намудани маркази истеҳсолии техникаҳои хоҷагии қишлоқи ширкатҳои пешқадами Хитой таклиф карда шуд.
Роҳбари давлатамон ҳангоми ташриф ба Хитой роҷеъ ба истеҳсоли маҳсулоти саноатии технологияи баланд дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони хитоӣ пешниҳод карда буд, ки парки саноатиро ташкил кунанд. Бар ҳамин асос дар ноҳияҳои Самарқанд ва Каттақӯрғон роҷеъ ба инфрасохтор 320 гектар майдони замин ҷудо карда шуд. Таъкид гардид, ки барои амалӣ кардани лоиҳаи мазкур вакилони соҳаи пешқадам ҷалб карда мешаванд.
Ҷаноб Лю Гочҷун арз кард, ки пешниҳодҳоро роҷеъ ба мустаҳкам кардани алоқаҳои ҳамкорӣ дастгирӣ мекунад. Аз ҷумла, маълум кард, ки ба ин ҳайати намояндагон масъулон доир ба соҳаи хоҷагии қишлоқ дохил шудаанд ва онҳо пешниҳодҳоро роҷеъ ба ҳар як самт меомӯзанд, инчунин дар оянда дар ҷараёнҳои амалӣ кардани онҳо бевосита иштирок мекунанд.
Дар давоми ташриф меҳмонон бо фаъолияти як қатор корхонаҳо шинос шуданд ва аз ҷойҳои сазовори диққати Самарқанд дидан карданд.