Садорати карантин ва ҳифзи растаниҳои вилоят дар доираи таъмини иҷрои Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 30‑юми декабри соли 2024 «Дар бораи чораҳои зиёд кардани маҳсулот бо истифода аз имкониятҳои иловагии майдонҳои хоҷагии қишлоқ» мунтазам корҳои таблиғотӣ ва семинарҳо ташкил мекунад.
Дар ин гуна чорабиниҳо ба истифодаи самараноки канорҳои киштзорҳо, минтақаҳои атрофи шабакаҳои об, кишти зироатҳои ғайримаҳаллӣ, азназаргузаронии ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда, ки имсол шинонда шудаанд ва иваз кардани ниҳолҳои осебдида бо ниҳолҳои нав, ҷалби соҳибкороне, ки ниҳол ва тухмӣ парвариш мекунанд, барои ҳамкорӣ бо хоҷагиҳо ва ғайра эътибори калон дода мешаванд.
Нозирони назорати фитосанитарии шуъбаҳои ноҳиявӣ дар бораи гирифтани қарзҳо бо меъёри солонаи 18‑фоизӣ ба муддати 84 моҳ бо мӯҳлати имтиёзноки то 36 моҳ, гарав ва суғурта, ки дар қарор пешбинӣ шудааст, шарҳҳои муфассал медиҳанд. Аз ҷумла, қабули сехҳои хушккунӣ ва анборҳои яхдон ҳамчун гарав, аҳамияти суғуртаи хатари барнагардонидани қарзҳоро мефаҳмонанд. Инчунин, ҳавасмандгардонӣ ба монанди сертификатҳои фитосанитарии ройгони дохилӣ дар натиҷаи истифодаи самараноки канори киштзорҳо, субсидияҳо барои ниҳолҳои парваришёфта дар шароити «in vitro» ва холҳои иловагӣ ба рейтинги устувории субъектҳои соҳибкорӣ ва оқибатҳои истифодаи бесамари он — афзоиши секаратаи андози заминро ҳаматарафа мефаҳмонанд ва қатъи маблағгузорӣ аз захираҳои қарзӣ муфассал шарҳ дода мешаванд. Роҷеъ ба ғизодиҳӣ бо нуриҳои минералӣ ва ташкили захираи воситаҳои биологӣ, кимиёвӣ дастурҳои муфид медиҳанд.
Ҳоло дар асоси агротехнологияҳо хоҷагиҳои фермериву деҳқонӣ дар атрофи боғу заминҳояшон тухми исмалоқ, сирпиёз, пиёз, ҷавҳарӣ, кашниз, шибит, сабзӣ ва дигар намуди зироатҳоро кориданд. Инчунин, ниҳолҳои дарахтони мевадиҳандаи гелос, олу, биҳӣ, челон ҳам шинонда мешаванд.
Дар вилоят нақшаҳои ояндаи кишти тухмии зироатҳои кишоварзӣ дар майдонҳои канори замин дар соли 2026 таҳия шудаанд. Мувофиқи он, соли оянда 1592 гектар майдони 4018 хоҷагии деҳқонии вилоят ба нақша гирифта шудааст.
Дар ин майдонҳо 478 гектар сабзавот, 366 гектар шолӣ, 334 гектар ғалладона ва лӯбиёгӣ, 223 гектар зироатҳои равғандеҳ ва дар 191 гектар зироатҳои гуногун кишт карда мешаванд. Ҳамчунин, имсол нақшаҳои шинонидани дарахтони мевадиҳанда, ки дар канори замин шинонда мешаванд, тасдиқ карда шуданд ва аз ҷониби 4018 хоҷагии деҳқонӣ ҷамъ дар 1592 гектар шинонидани 1 миллиону 228 ҳазор ниҳол ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар моҳҳои ноябр-декабр дар 398 гектар 307 ҳазору 100 ниҳол ва дар баҳор дар 1194 гектар шинонидани 921 ҳазор ниҳол дар назар аст
Дар ҳудуди вилоят, инчунин дар соли 2026 нақшаҳои кишти тухмии зироатҳои кишоварзӣ дар атрофи каналҳо, шабакаҳои обёрӣ ва коллектор-дренажӣ низ тасдиқ карда шуданд. Яъне, 878 хоҷагии деҳқонии минтақа ба нақша гирифтаанд, ки ба майдони 786 гектар қитъаҳои атрофи канал ва коллектор зироатҳои гуногун кишт кунанд. Ҳамзамон, дар соли 2026 878 хоҷагӣ бояд дар майдони 786 гектар замини дар атрофи каналҳо, шабакаҳои обёрӣ ва коллекторӣ-дренажӣ 610 ҳазор ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинонанд.
Қайд кардан зарур аст, ки айни замон дар минтақа кишти зироатҳои ба сармо тобовар пурра ба анҷом расидааст. Шинонидани ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда дар канори майдонҳо низ оғоз меёбанд.
Бахтигул ҒАНИЕВА,
котиби матбуоти Садорати карантин
ва ҳифзи растаниҳои вилояти Самарқанд
