Ovozi.uz

Таҳлили корҳои бунёди объектҳои нав

Ҳоло дар Самарқанд корҳои ба воситаҳои нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ бехатар табдил додани нақлиёти ҷамоатии шаҳр пеш бурда мешаванд. Хусусан, имрӯзҳо дар нақлиёти ҷамоатӣ 6 электробуси истеҳсоли ширкати «Ютонг» ҳаракат мекунад. То охири сол теъдоди онҳо боз ҳам зиёд гардида, аз рӯи хатсайрҳои шаҳр ба хидмати аҳолӣ оғоз мекунанд.
Бо ҳамин мақсад, барои ҳифзи таркиби ҳаракаткунандаи шаҳри Самарқанд, расонидани хидмати техникӣ ва таъмирӣ ба онҳо парки электроавтобусҳо бунёд карда мешавад.
Ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов рафти корҳои сохтмонии парки электроавтобусҳоро аз назар гузаронд. Дар навбати аввал, дар ҳудуди кохи автобус ташкил кардани 15 дастгоҳи қувватдиҳандаи электробус, бунёди бинои маъмурӣ ва пункти назоратӣ, таъмини объектҳо бо нерӯи барқ, бетон ва бо девор иҳота кардани минтақаҳо зарур буд. Вале маълум гардид, ки масъулон ба иҷрои вазифаҳо муносибати бепарвоёна нишон додаанд ва дар натиҷа иҷрои корҳо ба таъхир афтодааст.
Ҳокими вилоят фаъолияти онҳоро танқид ва ба аҳамияти парки электроавтобусҳо таваққуф намуда, таъкид кард, ки аҳолӣ интизори электробусҳо мебошад.
Худи ҳамон рӯз ҳокими вилоят бо ҷараёни бунёди биноҳои серошёнае, ки дар атрофи «Самарқанд ҳалқа йӯли» қад меафрозанд ва барои 2340 хонадон пешбинӣ шудаанд, шинос шуд.
Ҳокими вилоят бо лоиҳа шинос шуда, камбудиҳои сохтмонро баён намуд.
— Бо сабаби он, ки объектҳои навбунёд дар лаби роҳи аҳамияти байналхалқӣ дошта қарор доранд, бояд ҳеҷ чиз ба ҳаракати нақлиётҳо халал нарасонад, — гуфт Э.Турдимов. — Ҳеҷ як ронанда барои даромадан ба мағоза ё дигар бино набояд маҷбур шавад, ки автомобили худро дар лаби роҳ монад. Лоиҳачиён лоиҳаи сохтмонро бояд бодиққат таҳия намоянд ва ҳар як биноро лозим аст ҷои автомобилгузории худро дошта бошад.
Ғайр аз ин, ҳокими вилоят масъалаи бунёди объектҳои соҳаи иҷтимоӣ, яъне кӯдакистон, мактаб, пункти тиббӣ ва ғайраҳоро баррасӣ намуд.