Дар мавзеи Қаросув яке аз иншооти муҳими инфрасохтори иҷтимоӣ — «Экобозор»-и замонавӣ ба кор шурӯъ кард.
Чанде пеш, зимни мулоқоти ҳокими вилоят Адиз Бобоев, ки дар мавзеи Қаросув қарор дошт ва бо фаъолони ҷамоати шаҳрвандони маҳалла ва намояндагони «ҳафтгонаи маҳалла» мулоқот кард, масъалаи дар мавзеъ вуҷуд надоштани бозор барои аҳолӣ ба миён гузошта шуд.
Ин масъала омӯхта шуд ва ба масъулон ташкили «Экобозор»-и замонавӣ дар маркази мавзеъ дастурҳо дода шуданд.
Дере нагузашта, бинои истифоданашуда, ки дар маркази ин минтақа ҷойгир аст, таъмир карда шуд ва дар он ҷо «Экобозор» ташкил гардид, ки ба фурӯши меваю сабзавот ва маҳсулоти кишоварзӣ тахассус дорад.
