Робитаҳои байни Самарқанд ва Фаронса дар даври Амир Темур роҳандозӣ шудааст. Аз ҳамон замон инҷониб бо чанд танаффус дар мобайн байни ду минтақа лоиҳаҳои савдо-иқтисодӣ, маданӣ-гуманитарӣ иҷтимоӣ-тиббӣ амалӣ карда мешаванд. Ҳар ду давлат барои мустаҳкам намудани риштаҳои дӯстӣ дар соли 1998 дар байни шаҳрҳои Самарқанд ва Лиони Фаронса алоқаҳои бародариро ба роҳ гузоштаанд.
Ҳоло дар вилоятамон бо иштироки сармояи компанияҳои Фаронса 2 корхонаи муштарак ва 1 корхонаи хориҷӣ дар самтҳои меҳмонхона, хизмати савдо ва энергияи барқароршаванда фаъолият пеш мебаранд.
Дар ҷамъбасти соли 2024 гардиши маҳсулот байни вилояти мо ва Фаронса 15,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил кард (содирот 487,5 ҳазор доллар ва воридот 14,9 миллион доллар).
Ба Фаронса асосан сару либос, нӯшокиҳо, риштаҳои синтетикӣ ва пашмӣ, мавиз ва меваву сабзавоти хушк содирот карда шудааст.
Ҳангоми ташрифи Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон ба диёри мо дар санаи 1–2‑юми ноябри соли 2023 дар шаҳри Самарқанд филиали алянси Фаронсавӣ кушода шуд.
Ҳоло байни шаҳрҳои Самарқанд ва Нитсаи Фаронса роҷеъ ба роҳандозии робитаҳои ҳамкорӣ корҳои амалӣ иҷро карда мешавад.
Хизмати ахбори Садорати сармоягузориҳо, саноат ва савдоии вилоят.
