Ovozi.uz

Дар ҳавои гарм чӣ хӯрдану чӣ нӯшидан лозим нест?

Аксар вақт мо ҳатто фикр намекунем, ки дар ин рӯзҳои гарм чӣ хӯрему чӣ нӯшем, то ки ба организм сарборӣ наорем.

Кадом нӯшокиҳо ташнагиро беҳтар мешикананд? Сарфи назар аз интихоби васеи нӯшокиҳои ташнагишикан, ки дар ҳавои гарм сари ҳар қадам фурӯхта мешаванд, нӯшокиҳои муфиди ташнашиканро аз зарарнок фарқ кардан лозим аст.

Маълум аст, ки тарзи аз ҳама беҳтар, осон, арзон ва аз ҳама муҳими безарари ташнагиро шикастан оби одӣ мебошад.

Чой ҳам ташнагиро мешиканад. Сарфи назар аз гарм ё хунук, кабуд (сабз) ё аз ягон гиёҳи дигар будан, муҳимаш чой захираи обро хеле хуб зиёд карда, инчунин аз антиоксидантҳо бой аст.

Ҳарчанд хеле гарм бошад ҳам, халқи мо дар навбати аввал, нӯшидани чойи кабудро дӯст медоранд. Чунин шуморида мешавад, ки он натанҳо тавозуни об дар организмро зиёд, балки шахсро ба арақ кардан водор намуда, ба ин тариқ, гармиро аз бадан хориҷ мекунад.

Ҷурғот, йогурт ва дигар маҳсулоти ширӣ, ки кислотаҳои органикӣ доранд, ташнагиро хеле хуб мешикананд. Ғайр аз ин, онҳо зуд ҳал шуда, ба барқарор шудани микрофлораи рӯда мусоидат мекунанд.

Шарбат ё компотҳо низ ташнагиро хуб мешикананд, агар табиӣ, бо миқдорои ками қанд ва беҳтараш нисфашон бо об омехта шуда бошанд.

Боз тарзҳои дигари хуб низ ҳастанд – чолоб ва дӯғоб.

Чолоб нӯшокии ташнагишиканест, ки аз чаккаи омехта бо об тайёр карда мешавад. Барои хуштаъм шудан, ба он гиёҳҳои хушбӯй, аз қабили райҳону ҳулбӯй ва пораҳои яхро ҳам илова мекунанд.