Ovozi.uz

Чорабинӣ ба муносибати Рӯзи қабули Конститутсия гузаронида шуд

Дар шаҳри Самарқанд ба муносибати 33-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон маросими тантанавӣ баргузор гардид.

Дар он фаъолони вилоят, кормандони ҳокимият ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони соҳаи ҳарбӣ, нурониён ва ҷавонон иштирок намуданд.

Ҳокими вилоят Адиз Бобоев иштирокчиёни чорабинӣ ва ҳамаи сокинони Самарқандро бо ин санаи муборак табрик гуфта, дар бораи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоятамон ва нақшаҳои оянда суханронӣ кард.

Тӯли 9 моҳи охири соли равон, ҳаҷми маҳсулоти умумии минтақавии вилоятамон 87,5 триллион сӯм ё суръати афзоиш 107,7 дарсадро ташкил намуд. Аз он, зиёд шудани ҳаҷми саноат ба 7,8 дарсад, кишоварзӣ ба 3,9 дарсад, хизматрасонӣ ба 14,1 дарсад ва сохтмон ба 22 дарсад таъмин гардид. Дар соли 2025, тавассути лоиҳаҳое, ки дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт амалӣ карда мешаванд, 1,9 миллиард доллар сармоягузории мустақими хориҷӣ ҷалб карда шуд. Илова бар ин, 18 лоиҳаи калон ва муҳим ба маблағи 656 миллион доллар амалӣ карда мешаванд.

Таъкид гардид, ки дар натиҷаи татбиқи 770 лоиҳа ба маблағи 954,2 миллион доллар дар доираи барномаи сармоягузории минтақавӣ тақрибан 14 765 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудаанд.

Дар соли равон, ҳаҷми содироти вилоятро ба 1 миллиард доллар расонидан ба нақша гирифта шуда, тӯли 10 моҳ ба маблағи 848,9 миллион доллар маҳсулот экспорт карда шуд. Ҳаҷми содирот нисбат ба соли гузашта 36 дарсад афзоиш ёфтааст.

— Умуман, ҳамаи мо медонем, ки чунин дастовардҳо, ҳаёти орому осудаамон, рушди иқтисодӣ ва некӯаҳволии мардуми мо натиҷаи Конститутсияамон ва ислоҳоти дар асоси он амалишаванда мебошанд, — гуфт роҳбари вилоят.

Чорабинӣ бо барномаи консертии ҳунармандони машҳур ва сарояндагони ҷавони Самарқанд идома ёфт.

Ба муносибати ин сана дар ҳамаи ноҳияҳо ва шаҳрҳои вилоятамон чорабиниҳои идона идома доранд.