Бонувони мо
Ҳар як бача соҳиби қобилият аст. Кашф кардани он ба маҳорати волидону устодон вобаста аст. Шоистахон Неъматова аз хурдсолӣ духтараки зуккову доно буд. Ба ҳар як амали падару модараш зеҳн монда, ба қавле кор «медуздид». Ҳоло мактаб нарафта, аллакай дастёри модараш шуд. Ҳангоми таҳсил дар мактаб ҳамроҳи падараш Неъматака (рӯҳашон шод бод!) ба коргоҳи ӯ мерафт. Ба падараш, ки мудири амбори комбинати хидмати маишӣ буд, ёрӣ мерасонд. Инчунин, ҳисобчии ҷамъияти матлуботи «Янгийӯл» Муқума Рустамова, ки дар ҳамсоягӣ зиндагӣ мекард, баъзе корашро ба вай супорида, мегуфт, ки вориси ӯ маҳз ҳамин духтарак мешавад. Шоиста соли 1972 баъди хатми мактаб ҳамроҳи ҳамсояаш ба кор рафт. Раиси ҷамъияти мазкур Аҳмад Қурбонов аввал ба аризаи ин духтарак, ки ҳанӯз маълумоти олӣ надошт, имзо нагузошт. Вале Муқумахола сахт истодагарӣ карда гуфт, ки дониши духтараки мо аз баъзе соҳибдипломҳо баландтар аст.
— Ман розӣ мешавам, аммо сонитар пушаймон шуда, аз раъятон нагардед, — гуфт Аҳмад Қурбонов. — Охир анҷом додани ҳисоботи як коргоҳи калон осон нест. Бо вуҷуди он, ки шогирдатон зеҳни буррову одоби хуш дорад, бояд таҷриба ҳам андӯзад. Ҳамин тавр, Шоистахон Неъматова барои сазовори боварии устодон шудан сахт кӯшиш кард. Баробари кор дар идора, аввал омӯзишгоҳ, сонитар Донишкадаи кооперативии Самарқандро хатм намуд. Дар коргоҳ низ вазифааш болотару пурмасъултар шуд. Рӯзе сарҳисобдори ҷамъияти матлуботи «Янги йӯл» Шоистахон Неъматоваро собиқ ҳокими ноҳия, шодравон Раҳима Ҳакимова ба қабулаш пазируфт. Шоистахон хислати ҳокимаро хуб медонист. Агар масъала ҷиддӣ набошад, ҳеҷ гоҳ касеро дар вақти кор даъват намекард. Ӯ бо ҳазор андеша назди сарвари ноҳия рафт.
— Шоистахон, чандест, ки идораи шумо сарвар надорад. Бо вуҷуди он, ба туфайли ташаббускории шумо фаъолияти он қатъ нагардидааст. Ҳамроҳи сардори вилоятии идораи савдои матлубот Қаҳрамон Нуриддинов ба хулосае омадем, ки сарварии «Янги йӯл»-ро ба шумо супорем, — гуфт Раҳима Ҳакимова.
— Дуруст аст, ки ҳисоби корхонаро ман мебарам. Аммо роҳбарӣ дигар аст, — андешамандона ҷавоб дод Шоистахон.
— Ман шуморо барои гирифтани розигиятон даъват накардам. Қарор қатъӣ, аз ҳамин лаҳза шумо сарвари коргоҳ ҳастед, — ба муҳокима фурсат надод ҳокими ноҳия.
Ҳамин тавр, Шоистахон Неъматова зиёда аз бисту панҷ сол вазифаи пурмасъулиятро сидқидилона ва бо виҷдони пок иҷро кард. Дар ҳар як кору қарор пеш аз ҳама манфиати кормандон ва халқро ба назар дошта, баҳри ривоҷ додани коргоҳ кӯшиш намуд. Инчунин, ҳамчун депутати Шӯрои намояндагони халқи ноҳия барои ободу зебо гардидани маҳаллаи Чоршанбе ҳисса мегузорад.
Ҳокимияти ноҳия ростқавливу поквиҷдонӣ ва меҳнатдӯстии Ҳоҷибибӣ Шоистахон Неъматоваро ба эътибор гирифта, ӯро роҳбари «Занони оқила»-и ноҳия таъин кард. Инак, ду сол аст, ки бонуи чашмикордон ба занону духтарони ноҳия сарварӣ намуда, барои дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо, мустаҳкамӣ ва пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, бартарафнамоии низоъҳои оилавӣ ва ба ҳунармандӣ ҷалб кардани онҳо ҳисса мегузорад.
Ғайр аз ин, Шоистахон Неъматова вақтҳои холӣ дар замини наздиҳавлигии худ меҳнат карда, ба фарзанду наберагон меҳнати ҳалол кардану заминро дӯст доштанро меомӯзад. Хулоса, тамоми нафосату зебоӣ, сабру ирода, оташқалбиву меҳрубонӣ дар сирати қаҳрамони мақолаи мо муҷассам гаштааст, ки ибрати дигарон шуда метавонад.
Д.ОБЛОҚУЛОВА
