Ovozi.uz

Пиротехника бозича нест!

Ҳар сол дар арафаи ҷашни Соли нав истифодаи воситаҳои пиротехникӣ зиёд мешавад.

Воситаҳои пиротехникии рангоранг осмонро зебо мекунанд ва ба ҷашн шукӯҳи хоса мебахшанд. Вале дар баробари ин, овози баланд ва дилкафкунандаи он ба аҳолӣ нооромӣ мебахшад. Баъзан, ҳатто ҳайвоноти хонагӣ аз тарс пинҳон мешаванд ё рафтори ғайримуқаррарӣ нишон медиҳанд.

Дар рӯзҳои ҷашн истифодаи пиротехника ба як одати маъмулӣ табдил ёфтааст. Вале истифодаи он на ҳамеша боиси хурсандӣ мегардад.

Мувофиқи маълумоти равоншиносон, истифодаи воситаҳои пиротехникӣ ба равони инсон таъсири манфӣ мерасонад. Садои баланду ногаҳонӣ метавонад дилро ба тапиш оварад, тарс ва изтиробро зиёд кунад. Кӯдакон, пиронсолон ва шахсоне, ки асабашон ҳассос аст, аз чунин садоҳо сахт метарсанд.

Аксарияти мо вақте оиди истифодаи ин гуна маводҳо фикр мекунем, пеши назарамон оқибатҳои нохуш, аз ҷумла сар задани сӯхтор, нобино шудани чашм, захм бардоштани дасту по, ба сактаи дил гирифтор шудани одамон намудор шуда, вуҷудамонро ларза фаро мегирад.

— Роҷеъ ба зарар ва оқибатҳои нохуши истифодаи воситаҳои пиротехникӣ дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ пеш мебарем. Вале, мутаассифона, ин муаммо ҳар сол дар арафаи Соли нав боз авҷ мегирад, — гуфт корманди ёрии таъҷилии деҳаи Оқсой Зарфия Ниёзова. — Борҳо моро барои ёрӣ ба одамоне, ки дар арафаи ҷашн ва рӯзҳои баъдиҷашнӣ дар натиҷаи истифодаи худсаронаи маводҳои пиротехникӣ ҷароҳат бардоштаанд, даъват кардаанд. Мутаассифона, бештари онҳо дар саломатии худ нуқс пайдо мекунанд. Ҳатто баъзеҳо то ҳол аз ҷароҳатҳои он азоб мекашанд, чунки овози баланд баровардани ин гуна воситаҳо одамонро тарсонда, ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ғайр аз ин, ин ҳолат метавонад бо марги фоҷиабор анҷом ёбад.

Бо наздик шудани Соли нав дили баъзеҳо, хусусан духтаронро тарсу ваҳм фаро мегирад, чунки дар ин шабу рӯзҳо бисёр дида мешавад, ки бачаҳои беодобу безорӣ дар зери пои онҳо ашёҳои таркандаро меафкананд. Аз садои «пақ-пақ» таркидани он бача хурсанд мешаваду духтар дилкаф. Воқеан, аз ин гуна тарси ногаҳонӣ пайдо кардани бемории равонӣ ҳеч гап нест. Борҳо шунидаем, ки дар натиҷаи ин гуна ҳолатҳо яке касалии рӯҳӣ шудаву дигаре аз ҳомила ҷудо гардидааст. Вале баъзеҳо аз ин воқеаҳо ибрат нагирифта, барои хурсандии чандинлаҳзаинаи худ ҳаёти дигаронро зери хатар мегузоранд.

— Бо ҳамкурсам баъди дарс ба хона бармегаштем, — гуфт яке аз донишҷӯён Ф.Тӯрақулова. — Ногоҳ аз пеш чанд нафар писарбача пайдо шуданду ба зери пои мо чизеро партофтанд ва баъди якчанд сония садои «пақ-пақ»-и он қариб буд, ки моро аз ҳуш барад. Ҷаҳида-­ҷаҳида якчанд қадам дуртар рафтем ва ба қафо нигаристем. Бачаҳо бошанд, бепарво «Соли нав муборак!» — гӯён роҳашонро идома доданд.

Бояд гуфт, ки имсол дар маҷлиси ёздаҳуми умумии Сенати Олий Маҷлис Қонун «Дар бораи муомилаи маводи пиротехникӣ» баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.

Дар ин ҳуҷҷат таърифи маводи пиротехникӣ, сатҳи хатар, тартиби муомила ва назорати давлатӣ муайян ва ҷазоҳои маъмурӣ ба таври назаррас афзоиш дода шудааст.

Бино ба он, маводи пиротехникӣ аз рӯи дараҷаи хатар ба 5 тоифа тақсим карда мешавад. Воситаҳои пиротехникӣ, ки ба тоифаи I дохил мешаванд ва радиуси минтақаи хатарнокии онҳо аз 0,5 метр зиёд нест, дар муомилаи озод қарор доранд. Муомилаи воситаҳои пиротехникии категорияҳои боқимонда манъ аст.

Истеҳсол, омода ва ворид кардан, интиқол додан, фиристодан, гузаронидан, харидан, нигоҳ доштан ва истифодаи пиротехникаҳои дараҷаҳои II–V аз ҷониби шахсони ҷисмонӣ ва ҳуқуқӣ манъ аст.

Хуб мешуд онҳое, ки пиротехникаро бозича медонанду ҳаёти одамонро зери хатар мегузоранд, як бор дар бораи паёмади рафтори худ андеша кунанд ва аз истифодаи он даст кашанд.

Малика МИРЗОРАҲИМОВА, шунавандаи «Мактаби маҳорат»