Ovozi.uz

Барои мо ту сад заҳмат кашидӣ…

Меҳрнома

Модар шахси меҳрубон, ғамхор ва ғамгусор аст. Ин олиҳаи меҳру садоқатро ҳар қадар таъриф кунем, кам. Зеро, барои фарзанд касе муқаддастар аз модар нест. Воқеан, ҳар кас модари худро ҳар хел таъриф мекунад ва мо ин ҷо андешаҳои чанде аз муштариёни рӯзномаро аз гӯшаву канори кишвар дар тавсифи модар пешкаш мекунем.
Гулойим ҶИЁНМУРОДОВА,
донишҷӯи факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов (вилояти Навоӣ):
— Модарам маълумоти миёна доранд ва тӯли чанд сол чун ҳамшираи шафқат кор кардаанд. Аз хурдсолӣ ба таҳсили ман эътибори ҷиддӣ медоданд. Доим мегуфтанд, ки бояд соҳиби маълумоти олӣ шавам. Аз ин рӯ, барои хонданам шароит фароҳам карда, иҷрои супоришотро қатъӣ талаб мекарданд. Боре аз бисёрии вазифаҳо дилгир шуда, «худатон дар ҷавонӣ нахондед. Чаро маро ин қадар маҷбур мекунед?» гуфтам. Модарам аз суханонам андак ғамгин шуданду «Аз хурдӣ ба хондан шавқи беандоза доштам. Вақте ба донишгоҳ дохил шудам, ҳамон сол хоҳарам ҳам донишҷӯ шуд. Мо дар асоси шартнома қабул шуда будем ва хуб медонистем, ки падарам имконияти хонондани ҳар дуямонро надоранд. Аз ин бисёр дилтанг шудам ва дар охир аз хондан даст кашидам. Хостам холаат таҳсил гираду падарам ранҷ накашанд. Аз ин рӯ, мехоҳам иҷобати орзуҳои худро дар симои ту бинам. Маълумоти олӣ, ҷойи корӣ, дар ҷомеа мавқеи худро дошта бошӣ ва бо ту ифтихор намоям», гуфтанд.
Ин суханони модарам ба ман бетаъсир намонд. Пайваста хонда, донишҷӯ гардидам ва мехоҳам дар оянда волидонам бо ман фахр кунанд.
Комила ХОЛИҚУЛОВА,
сокини шаҳри Самарқанд:
— Вақте модарро тавсиф мекунем, метавонем беҳтарин таърифҳоро рӯйи коғаз оварем. Ба маъное калимаҳои «модар» ва «дӯст» муродифанд. Чунки дӯсти ҷонии инсон дар ҳаёт, ин модар мебошад. Танҳо ба модар ҳама рози дили худро нотарсона гуфтан мумкин аст. Ҳоло модарҷонам дар мусофирӣ ҳастанд. Барои бекамбудиву мушкилӣ ба камол расидани мо меҳнат мекунанд. Ман дар симои модари худ як инсони ҷасурро мебинам. Гоҳо худ надониста, модарамро меранҷонам ва зуд аз ин амалам пушаймон мешавам. Вақте аз модарҷонам бахшиш мепурсам, шояд барои ором кардан бошад, ки «модар ҳеҷ гоҳ аз фарзанди худ намеранҷад» мегӯянд.
Сардор АКБАРОВ, навозанда (вилояти Сурхондарё):
— Дар ҷавонӣ аз падари худ ҷудо гардидем. Модарам ба мо, фарзандон ҳам падар шуданд ва ҳам модар. Моро бо меҳрубонӣ ба воя расониданд. Аммо ҳозир дарк мекунам, ки модарҷонам дар он айём чӣ қадар заҳмат кашидаанд. Ман модарамро устоди аввалини худ медонам. Аз хурдсолӣ ба мусиқӣ шавқ доштам. Модарам инро пай бурда, маро ба мактаби махсуси мусиқӣ доданд. Гоҳо шабона барои модарам суруд мехондам ва он кас баъзан таъриф мекарданду гоҳо камбудиямро мегуфтанд. Худи модарам дар мактаб фаррош буданд ва баъзан дар тӯйҳо косаю табақ мешустанд. Доим ҳамроҳи модарам мегаштам. Боре дар як тӯй модарам аз навозандагон хоҳиш карданд, ки ман ҳам суруд хонам. Сарояндагон розӣ шуданд ва ман бори аввал суруд хондам. Ҳозирон хуш пазируфтанд ва аз ҳамон рӯз ин ҷониб дар хидмати халқ, машғули касби дӯстдоштаи худ ҳастам.
Шаҳризода ПӮЛОДОВА,
ғолиби зинаи ноҳиявии олимпиадаи фаннӣ аз фанни забони англисӣ (вилояти Фарғона):
— Модарам инро пай бурда, ҳаёту ҳастии ман ҳастанд. Бе модари худ ҳаётро тасаввур кардан бароям мушкил аст. Вақте хонандаи мактаб будем, ду нафар ҳамсинфамон модар надоштанд. Аз гуфтори онҳо аён буд, ки муштоқи меҳри модаранд. Ҳар боре онҳоро медидам, шукр мекардам, ки модар дорам. Шахси ягонае, ки маро доим дуруст фаҳмида, дастгирӣ мекунанд ва дар ҳалли мушкилотам ёрӣ мерасонад, модарҷонам мебошанд. Ҳар вақте бо модарам сӯҳбат кунам, бо пандҳои судманд маро рӯҳбаланд менамоянд. Зуд-зуд такрор мекунанд, ки «Дар ҳеҷ гуна ҳолат дар бораи мушкилоти худ ба дигарон шикоят макун. Доимо кайфияти худро аъло намуда, шукргузор бош. Агар инсон лаб ба шикоят кушода, ношукрӣ кунад ва андаке аз ҳаёт норозӣ бошад, дар кору рӯзгори ӯ ҳам баракае намешавад».
Мусоҳиб Фарзона ДИЛОВАРЗОДА.