Ҳокими вилоят Адиз Бобоев бо ҳайъати намояндагони Штати Перлиси Малайзия, ки бо роҳбарии валиаҳди Перлис Туанку Сайид Фазлиддин Путра ибн Туанку Сайид Сироҷиддин Ҷамолуллайл барои иштирок дар анҷумани байналхалқии оид ба мероси Набавий ба Самарқанд омадаанд, вохӯрд. Сараввал А.Бобоев меҳмононро ҳайрамақдам гуфта, таъкид кард, ки солҳои охир ба туфайли муносибатҳои дӯстона ва сиёсати берунаи самараноки роҳбари давлатамон ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Малайзия рушд меёбад. Алалхусус, робитаҳои соҳаи сайёҳӣ сол аз сол мустаҳкам гардида, доирааш васеъ мегардад.
— Аз аввали сол то имрӯз шумораи сайёҳони малайзиягие, ки ба Самарқанд омадаанд, нисбат ба соли гузашта се баробар зиёд шудааст, — гуфт А. Бобоев. – Ҳар сол бо мақсади васеъ намудани робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, маданӣ ва иҷтимоӣ ташрифи ҳайатҳо ба роҳ монда шудааст. Ҳоло ба яке аз меҳмонхонаҳои воқеъ дар ҳудуди маҷмааи навбунёди Имом Бухорӣ соҳибкори малайзиягӣ роҳбарӣ мекунад.
Ба маҷмааи Имом Бухорӣ 20 ҳазор дона Қуръон тӯҳфа кардани нашриёти “Насирул Қуръон”-и ин давлат натиҷаи мустаҳкам гардидани робитаҳоямон дар самти динӣ-маърифатӣ ва сайёҳии зиёратӣ мебошад. Муфтии штати Перлис, профессор, доктор Дато Муҳаммад Асрӣ Зайнул Обиддин бошад, сафири сайёҳии Ӯзбекистон ва дӯсти наздики Самарқанд ба ҳисоб меравад.
Валиаҳди штати Перлис барои дар Маркази байналхалқии илмиву тадқиқотии Имом Бухорӣ баргузор шудани анҷумани X бақналхалқӣ оид ба мероси Набавӣ миннатдорӣ изҳор карда, таъкид намуд, ки ин натиҷаи ҳамкории наздики Ӯзбекистон ва Малайзия дар соҳаҳои таълим, илм ва марифати динӣ мебошад.
— Хеле хурсандам, ки дар доираи анҷумани бонуфузи бахшида ба мероси Пайғамбарамон бори дигар дар Самарқанд будан ва зиёрати маҷмааи муҳаддиси бузург Имом Бухорӣ насиб кард, — гуфт Туанку Сайид Фазлиддин Путра ибн Туанку Сайид Сироҷиддин Ҷамолуллайл. – Ман ба Ӯзбекистон, аз ҷумла ба Самарқанд бисёр омадаам. Аммо аз ташрифи имрӯза дидам, ки пас аз сафари охиринам (соли 2012) дар ин кишвар тағйироти калон ба амал омадааст. Алалхусус, симои нав ва ҳусну салобати маҷмааи Имом Бухориро дида, ба ҳайрат афтодам. Ин аз соли 1991 ҳамчун давлати мустақил пайдо шудани Ӯзбекистонро не, балки дорои таърихи сеҳазорсола ва анъанаҳои бойи давлатдорӣ будани ин мамлакатро нишон медиҳад. Дар давоми мулоқот ҷонибҳо инчунин, маъалаҳои рушди ҳамкории соҳаҳои гуногуни байни вилояти Самарқанд ва штати Прелисро баррасӣ намуданд.
Хизмати матбуоти вилоят
