Ovozi.uz

Сеюмин Фестивали байналмилалии «Navro’z Regata» гузаронида шуд

Дар маркази байналмилалии сайёҳӣ «Silk Road Samarkand» таҳти шиори «Бузургдошти Наврӯз — бузург доштани инсон аст!» бори сеюм ба таври анъанавӣ Фестивали байналмилалии «Navro’z Regata» баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии технологияҳои Самарқанд дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи энергетикаи шимолу шарқии Ҷумҳурии Мардумии Чин, маркази «Silk Road Samarkand» ва ҶММ «STEKLOPLASTIK» ташкил карда шуд.

Қисми деринтизортарини фестивал — шиноварии тантанавии қаиқҳои «Dragon boat» (қаиқҳои аждар) дар ҳавзи обии маҷмаа буд. Ин навъи варзиш ва омезиши он бо анъанаҳои қадимӣ на танҳо дар байни ҳамватанон, балки дар миёни сайёҳони хориҷӣ низ таваҷҷуҳи зиёд ба вуҷуд овард. Ҳаракатҳои шиддатнок дар рӯи об ва ҳамдигарфаҳмии даставӣ нерӯи пурҷӯшии баҳорро таҷассум намуд.

Дар ҷараёни сайли идона бозиҳо ва мусобиқаҳои анъанавии халқҳои мардуми Ӯзбекистон, Чин ва Корея, намоишҳои театрӣ ва шоуи варракҳо баргузор гардиданд.

Равандҳои омодасозии сумалак ва оши палав ташкил шуда, меҳмонон аз таомҳои шарқӣ баҳра бурданд.

Наврӯз соли 2009 ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО ворид гардида, соли 2010 аз ҷониби СММ 21-уми март ҳамчун «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» эълон шудааст.

Ин лоиҳа, ки бори сеюм ба таври анъанавӣ баргузор мегардад, на танҳо барномаи варзишию фароғатӣ, балки ба майдони муҳими таҳкими дӯстии байни миллатҳо ва ҳамкории байналмилалӣ табдил ёфтааст.