Рӯзи 24-уми феврали соли равон дар Хонаи матбуоти вилоят бо иштироки масъулони Садорати таълими олӣ, фан ва инноватсияҳои вилоят роҷеъ ба сарҳисоби корҳои иҷрошудаи соли 2023 ва вазифаҳои устувор барои соли 2024 анҷумани матбуотӣ баргузор гардид .
Дар рафти чорабинӣ сарвари Садорати таълими олӣ, фан ва инноватсияҳои вилоят Алишер Норбоев ва сардори шӯъбаи садорат Ғайрат Норқулов оид ба корҳое, ки бобати бо кор таъмин намудани хатмкунандагони муассисаҳои таълими касбӣ, гузоштани панелҳои офтобӣ дар муассисаҳо, корҳое, ки дар доираи лоиҳаи умуммилии “Макони сабз”, инчунин, мустаҳкам намудани пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои таълими касбӣ иҷро гардидаанд, ҳамзамон доир ба вазифаҳои муҳими ба нақшаҳои 2024 маълумот доданд.
– Ҳоло дар вилоят 73 муассисаи таълимии касбӣ фаъолият дорад, ки мактабҳои касбу ҳунар (37-то), коллеҷҳо (14-то) ва техникумҳо (22-то) аз ин ҷумлаанд, — гуфт А.Норбоев. – Дар ин муассисаҳои таълимӣ ҷамъ 48 706 нафар талаба, ки 25 167 нафари онҳоро зану духтарон ташкил мекунанд, аз рӯйи 162 намуди касб ва ихтисос таълим мегиранд. Ба онҳо 3181 нафар педагог ва устоҳои таълимӣ асрори касбу ҳунар меомӯзанд.
Зикр гашт, ки дар соли таҳсили 2023-2024 дар мактабҳои касбу ҳунар бозомӯзии 23 намуди касби нав, аз қабили боғбонӣ, аз нав коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва лаборанти нигоҳдорӣ, устои таҷҳизоти маишиву техникӣ, барои духтарон бошад, таълими графикаи компютер ва оператори дизайн, фурӯшандагӣ, сартарошӣ, нонвоӣ, ошпазӣ роҳандозӣ гардид.
Таъкид гардид, ки ба масъалаи таъмини шуғли хатмкунандагони муассисаҳои таълими касбӣ низ эътибори алоҳида дода шуда, 19069 нафар хонандагони муассисаҳо ба 3079 корхонаву ташкилоти вилоят вобаста карда шудаанд ва аз рӯйи ташкили таҷрибаомӯзӣ шартномаҳои ҳамкорӣ имзо гардидаанд.
Инчунин, дар байни 15 муассисаи таълими касбии вилоят ва 16-то корхона ва ташкилотҳои бузурги кордиҳанда ҳамкорӣ роҳандозӣ гардидааст.
Дар анҷумани матбуотӣ роҷеъ ба вазифаҳои устувори соли 2024 низ маълумот тақдим гардида, зикр гашт, ки соли равон бо мақсади баланд бардоштани сифат ва самаранокии таълим иҷрои як қатор вазифаҳои муҳим, аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимии касбӣ ба роҳ мондани барномаи таълимии байналмиллалӣ дар асоси таҷрибаҳои Аврупо, такмили барномаи такмили ихтисоси кадрҳои педагог мувофиқи таҷрибаҳои Германия ва Швейтсария, ривоҷ додани таълими дуалӣ, рақамикунонии сохтори таълим пешбинӣ шудааст.
Пас аз анҷумани матбуотӣ иштирокдорон бо фаъолияти техникуми туризм ва мероси фарҳангии Самарқанд шинос гардиданд.
Ҷовид САЛОМАТУЛЛОЕВ
