Агентии омор миқдори гӯшт дар соли 2024 ва тақсимоти он дар минтақаҳои Ӯзбекистонро маълум кард. Мувофиқи маълумоти агентӣ, дар мамлакатамон ҳамагӣ 2,9 миллион тонна гӯшт (бо вазни зинда) истеҳсол карда шудааст. Ин нишондод нисбат ба соли гузашта 3,9 фоиз зиёд мебошад.
Чӣ тавре ки ба ҳама маълум аст, вилояти Қашқадарё то ҳол аз ҷиҳати истеҳсоли гӯшт пешсаф аст. Дар вилоят 345,9 ҳазор тонна гӯшт рӯёнда шуд, ки ин қисми зиёди ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад. Вилояти Самарқанд бо 326,9 ҳазор тонна гӯшт ҷои дуюм ва вилояти Бухоро бо 312,7 ҳазор тонна гӯшт ҷои сеюмро гирифтанд.
Вилояти Тошканд низ нишондиҳандаҳои баланд ба даст оварда, дар вилоят 312,3 ҳазор тонна гӯшт расонида шудааст. Инчунин, вилояти Ҷиззах бо истеҳсоли 246,8 ҳазор тонна ва вилояти Сурхондарё 220 ҳазор тонна гӯшт дар ин ришта саҳми калон гузоштаанд.
Дар кишварамон Ҷумҳурии Қароқалпоқистон (129,8 минг тонна) ва вилояти Сирдарё (80,4 минг тонна) аз ҳама кам гӯшт мерасонанд. Ин нишондодҳо ба иқтидори хоҷагии қишлоқи ноҳияҳо ва шароити замину иқлим алоқаманданд.
