Ovozi.uz

Дар Амрико «рейд»-и муҳоҷирон оғоз ёфт

Дар Ню-Йорк низ «рейд» ё амалиёти густурда алайҳи муҳоҷирони ғайриқонунӣ оғоз шудааст. Дар ин бора расонаҳои амрикоӣ хабар дода, навиштаанд, ки дар шаби аввал зиёда аз 200 нафар боздошт гардидаанд.

Тавре «The New York Post» хабар медиҳад, амалиёти боздошту ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ дар ноҳияҳои Куинс ва Бруклини иёлати Ню-Йорк анҷом шудаанд. Гуфта мешавад, ин амалиёт як қисми сиёсати тақвиятёфтаи ихроҷи муҳоҷирон аз Амрико мебошад.

Кристи Ноэм, вазири нави амнияти дохилии ИМА, субҳи рӯзи сешанбе, 28-уми январ ба Ню-Йорк рафта, дар рафти аввалини амалиёти боздошту ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба кормандони хадамоти федералӣ ҳамроҳ шудааст.

Ба иттилои расонаҳо, дар маҷмӯъ, дар як рӯз дар ИМА 1179 муҳоҷир боздошт шудааст.