Ovozi.uz

Дар чанд соли охир зиёда аз 120 намуди паранда аз байн рафт

Орнитологҳо тахмин мекунанд, ки 126 намуди паранда нобуд шудааст. Ин маънои онро дорад, ки дар тули даҳсолаҳо ҳеҷ кас онҳоро дар табиати зинда надидааст. Аммо ин намудҳо то ҳол несту нобудшуда эълон нагаштаанд ва онҳоро аз минтақаҳои дастнорас пайдо кардан мумкин аст.
Умуман, дар сайёра 11849 намуди паранда маълум аст. Гурӯҳи олимон беш аз 42 миллион аксҳо, видеоҳо ва сабтҳои аудиоиро таҳлил карданд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки тақрибан 1 дарсади тамоми намудҳои парандагон ба қайд гирифта нашудаанд. Дар тули 10 сол аксу сабти садо ё видеои тасдиқшудаи онҳо пайдо нашудааст.
Аксари навъҳои парандаҳои нобудшуда дар кишварҳои тропикӣ, дар ҷазираҳои хурд ё дар минтақаҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекарданд. Дар ҳавзаи уқёнуси Ором 56 намуди гумшуда, Африқо 31, Осиё 27, Амрикои Ҷанубӣ 19, Амрикои Шимолӣ 13 ва дар Аврупо танҳо як намуд сабт шудааст.
Олимон ихтиёриёнро даъват карданд, ки мушоҳидаҳои парандагон гузаронанд ва парандаҳои ғайриодиро акс гиранд. Шояд, бо ин роҳ намояндагони намудҳои нодирро пайдо карда, барои ҳифзи онҳо тадбирҳо андешида шаванд, – хабар медиҳад Frontiers in Ecology and Environment.