Дар ҷамъомади Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон муаррифии «Таҷрибаи Қӯшработ» роҷеъ ба табдил додани ҳудуди холӣ аз камбизоатӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомади видеоселекторӣ, аз ҷониби намояндагони вилоятамон оиди корҳои анҷомдодашуда дар ноҳияи Қӯшработ тӯли соли 2024 ҳисобот дода шуд.
Таъкид карда шуд, ки соли гузашта дар ноҳия ба ҳисоби умумӣ 4809 оилаи камбизоат ба феҳристи ягонаи ҳифзи иҷтимоӣ қайд гардидаанд. Онҳо ба тоифаҳо тақсим шуда, барои аз камбизоатӣ бароварданашон нақшаҳои индивидуалӣ тартиб дода шудаанд. Ҳамзамон маълум карда шуд, ки 1750 нафар шаҳрвандони дар қайд буда бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Соли 2024 дар доираи барномаи сармоягузории ҳудудӣ 42 лоиҳаи арзиши умумиаш 24,9 млн. доллари ИМА амалӣ гардида, 850 ҷойи нави корӣ таъсис ёфтааст. Дар соли 2025 аз ҳисоби татбиқи 56 лоиҳаи дигар таъсиси 907 ҷойи нави корӣ дар назар аст.
Соли 2024 дар доираи соҳибкории оилавӣ ба 2339-то лоиҳа 35,1 млрд. сӯм маблағи кредит ҷудо карда шудааст. Имсол бошад барои соҳибкории оилавӣ маблағи беш аз 45,0 млрд. сӯм кредит ҷудо карда мешавад.
Инчунин, дар тақдимот корҳои анҷомдодашуда дар соҳаи таълим, касбу ҳунаромӯзӣ ва истифодаи хадамоти кафолатноки тиббии давлатӣ нишон дода шуд.
