Суди Хитой мардеро, ки ба автобуси мактаби япон бо корд ҳуҷум карда буд, дар даҳ дақиқа ба қатл маҳкум кард. Дар ин бора «Associated Press» хабар дод.
Моҳи июни соли гузашта Чжоу Тсзяшэни 52-сола ба автобусе, ки дар Шанхай кӯдаконро мебурд, ҳамла карда, ба як зан ва фарзандаш ҷароҳат расонда, назоратгари автобусро, ки мехост ӯро боздорад, ҳалок кардааст.
Таъкид мегардад, ки мард барои ба миқдори зиёд қарздор будан ва дигар зиндагӣ карданро нахостанаш ба се нафар корд задааст.
Мувофиқи натиҷаи суде, ки 10 дақиқа тӯл кашидааст, марди айбдор ба ҷазои қатл ҳукм карда шудааст.
