Ovozi.uz

Санъати миниатюра дар даври Бобуриён

Дар даври Бобуриён баробари намудҳои дигари санъат ва фарҳанг, рассомӣ, инчунин санъати миниатюра низ босуръат рушд кард. Бояд махсус таъкид намуд, ки дар ин давр дар равияи рассомӣ тасвири феълу атвори инсон, воқеиятҳо, инчунин ҷараёнҳои таърихӣ, манзараҳои ҳаёт, лавҳаҳои ҳарбӣ, саҳнаҳои шикор, зиёфатҳои гуногун ва олами ҳайвонот ба анъана табдил ёфт.

Аз таърих маълум аст, ки мусаввири нобиғаи Шарқ Камолиддин Беҳзод шахсияти барҷастае буд, ки бевосита таҳти сарпарастии Алишер Навоӣ ба камол расидааст. Дар замони ӯ бо миниатюраҳо ороиш додани тазкира, рисола ва асарҳои бадеии аз ҷониби шоирону нависандагон эҷодшуда ба ҳукми анъана даромад. Ин анъана на танҳо дар Ҳиндустон, балки дар Осиёи Марказӣ, Эрон ва ҳамаи давлатҳои Шарқ ба таври васеъ паҳн гардид. Ба ин тариқ, вобаста ба талаботи давр чандин мактабҳои миниатюра шакл гирифтанд. Аз ҷумла, дар даврҳои Темуриён мактабҳои Хуросон ва Мовароуннаҳр (Ҳирот ва Самарқанд), дар даври Сафавиён мактабҳои Эрон (Шероз, Табрез, Машҳад ва Исфаҳон), дар даври Шайбониён мактабҳои Осиёи Марказӣ (Бухоро ва Самарқанд), дар даври Бобуриён мактабҳои Ҳиндустон (Агра ва Деҳлӣ) пешсаф буданд ва ҳамаи ин мактабҳо ба дараҷаи санъати классикӣ расиданд.

Сабаби асосии ба дараҷаи санъати мумтоз боло рафтани мактаби миниатюраи Агра ва Деҳлӣ дар он аст, ки сулолаи Бобуриён мусаввирони барҷастатарини Шарқро ба дарбори шоҳ ҷалб намуда, барои эҷодкориҳои озодонаи онҳо шароитҳои хубро фароҳам оварданд. Масалан, пас аз Заҳириддин Муҳаммад Бобур, писараш Ҳумоюн, ки идомадиҳандаи кори ӯ буд, аз шаҳри Табрези Эрон шогирдони Камолиддин Беҳзод — рассомони машҳур Мир Саид Алии Табрезӣ ва Хоҷа Абдусамади Шерозиро ба шаҳри Агра даъват кард ва ба онҳо ғамхорӣ зоҳир намуд. Аз ҷумла, Муҳаммад Нодир ва Муҳаммад Муроди Самарқандӣ низ ба дарбори шоҳ даъват шуданд. Ҳамин тавр, санъати миниатюраи Ҳиндустон бо услубҳои барҷастаи кории рассомони Эрон ва Осиёи Марказӣ бой гардонида шуд. Ҳаминро бояд алоҳида таъкид намуд, ки дар он давр миниатюраҳои барои асарҳои бадеӣ кашида чунон мукаммаланд, ки тавассути тамошои онҳо метавон мазмун ва моҳияти ботинии асарро комилан дарк кард. Ба пуррагӣ кушода додани эпизодҳои таърихӣ, фактҳои географӣ ва этнографӣ, инъикоси ҳаққонияти воқеаҳо ҳар бинандаро ба ҳайрат меорад.

Ин кори хайр ва сурурбахшро пас аз Ҳумоюн, писараш Акбаршоҳ низ, ки ба тахт соҳибӣ намуд, идома дод. Аз таърих маълум, ки Акбаршоҳ на танҳо адабиёт ва санъатро қадр мекард, балки худ низ ҳамчун рассоми моҳир фаъолият дошт. Бино ба маълумоти рисолаи «Ойини Акбарӣ»-и вазири ӯ Абулфазл, дар дарбори шоҳ 145 нафар ҳунармандони миллатҳои гуногун фаъолият нишон медоданд. Ба ҳамаи онҳо Акбаршоҳ сарпарастӣ мекард. Бо дастури ӯ, 50 нафар мусаввири дарбор барои бо миниатюраҳо оро додани тазкираи 12‑ҷилдаи қиссаҳои Амир Ҳамза ҷалб шуданд ва ин тазкира бо 1700 миниатюра зинат дода шудааст.

Умуман, мактаби миниатюраи даври Бобуриён аз нигоҳи илмӣ ҳанӯз пурра ва мукаммал омӯхта нашудааст, бинобар ин, умедворем, ки дар ин масъала олимон ва мутахассисони соҳа тадқиқотҳои нав ва андешаҳои тоза пешниҳод хоҳанд кард.

Равшан ҲАМРОҚУЛОВ,
профессори кафедраи «Санъатшиносӣ»-и Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Ш.Рашидов, Ходими хизматнишондодаи фарҳанги Ӯзбекистон