Ovozi.uz

Умре ба ёди Ватан

Заҳириддин Муҳаммад Бобур 14-уми феврали соли 1483 дар шаҳри Андиҷон дида ба дунё кушодааст. Падараш Умаршайх Мирзо ҳокими вилояти Фарғона буд. Бобур писари Умар Шайх, абераи Амир Темур аст.
Умар Шайх соли 1494 тасодуфан аз баландие ба поён сарозер афтода ҳалок мешавад. Бобур Мирзои 12‑сола, бино ба таомул, ба ҷойи падараш ҳокими вилояти Фарғона таъин мегардад.
Бобур умри худро дар гирдоби муборизаҳо барои тахт гузаронд. Мақсади асосиаш — аз нав ба давлати муқтадири мутамарказ табдил додани Мовароуннаҳр, ба ин васила, барҳам додан ба ҷангҳои хурд ва барқарор кардани салтанати Амир Темур буд. Барои ин бояд Самарқанди аз ҷиҳати стратегӣ ва ҷуғрофӣ басе муҳимро ба даст медаровард.
Бобур Самарқандро се бор ба даст даровард. Бори аввал соли 1497, баъди ҳафт моҳи дар муҳосира нигоҳ доштани шаҳр, онро тасхир кард. Ӯ 13‑умин темуризода буд, ки ба тахти соҳибқирон нишаст. Вале Бобур Самарқандро ҳамагӣ 100 рӯз идора карда тавонист.
Бори дуюм, тирамоҳи соли 1500 мусаххар кард. Вале ин пирӯзӣ низ дер напоид. Дар ҷанги моҳи апрели соли 1501 лашкари Бобур ақибнишинӣ намуд. Сарбозони Шайбонихон 4 моҳ лашкари ӯро дар муҳосира нигоҳ доштанд. Дар ниҳояти кор Бобур пойтахтро тарк кард.
Бори сеюм, баъди ба қатл расонидани Шайбонихон (1510) Бобур бо шоҳи Эрон — Исмоил Сафавии I забон як карда, моҳи октябри соли 1511 Самарқандро ба даст даровард. Вале ин бор аҳолӣ иттифоқи ӯро бо эрониёни шиамазҳаб напазируфт. Баъди 7 моҳ боз аз Шайбониён шикаст хӯрда, маҷбур шуд самти Ҳисор фирор кунад. Соли 1512 баъди шикаст дар ҷанги Ғиждувон ноилоҷ ба Кобул баргашт.
Баъзе мутахассисон бар онанд, ки баъди ин ҳодиса, ӯ аз баҳри Мовароуннаҳр баромад. Ҳол он, ки ин фикр нодуруст аст. Бобур ҳамеша бо ёди ба даст даровардани Ватани худ — Мовароуннаҳр умр ба сар бурдааст. Ӯ дар номаи 1,5–2 сол пеш аз марг ба фарзанди калонӣ — Ҳумоюн ирсолдоштааш, аз ҷумла изҳор намудааст, ки баъди ба охир расондани корҳои Ҳиндустон, нияти ба Мовароуннаҳр лашкар кашиданро дорад: «Оё метавон латофати он вилоётро фаромӯш кард? Алалхусус, харбуза ва ангури он ҷоро, ки сабаби рӯшании дил аст, чӣ хел метавон аз ёд бурд?!» Воқеан, боре баъди хӯрдани харбузаи аз ватан интиқолдодашуда, Бобур ғайриихтиёр гиря карда будааст.
Тӯли солҳо саъю кӯшиши Бобур барои дифоъ ва ҳифзи салтанати темуриён барабас рафт. Ба хотири тасхири Самарқанд Андиҷонро аз даст дод. Дар ниҳояти кор ӯ моҳи июни соли 1504 Мовароуннаҳрро тарк намуда, бо 200–300 нафар навкар тавассути кӯҳҳои Ҳисор роҳи Афғонистонро пеш гирифт. Ин минтақа низ дар асл зери тасарруфи салтанати темуриён буд.
Бобур дар Афғонистон давлати муқтадире барпо кард.
Орзуи ба давлати бузург табдил додани мамлакат Бобурро ором намегузошт. Барои ин қудрат лозим буд. Мехост Ҳиндустонро ба даст дарорад. Писари хурдиашро Ҳиндол («ҳинд» ва «ол») номидааст, ки басе рамзист. Ин аст, ки соли 1507 ба Ҳиндустон лашкар кашид. Вале дар тохти аввал комёб нагардид.
Бобур тӯли солҳои 1519–1526 панҷ маротиба ба Ҳиндустон ҳамла кард. Ниҳоят дар тохти панҷум, яъне моҳи апрели соли 1526 ба рақиби асосиаш, султони Деҳлӣ — Иброҳими Лӯдӣ, ки 100 ҳазор нафар лашкар дошт, ҳамагӣ бо 12 ҳазор сарбоз пирӯз омад. Дертар саркардаи бузурги Ҳинд Рано Сангоро низ мағлуб кард. Ба ин тариқ, ин сарзаминро то қисмати Бангола ба тасарруфи худ даровард, шаҳри Аграро ба сифати пойтахт пазируфт ва дар ин мамлакати бузург ба сулолаи Бобуриён асос гузошт. Ин сулола Ҳиндустонро 332 сол (1526–1858) идора кард.
Бобур бо асари худ «Бобурнома» дар дунё машҳур шудааст. Ин асари ёддоштӣ дар байни солҳои 1518/19–1530 таълиф шуда буд, ки пур аз маълумоти муҳим, ҳодисаҳои реалӣ, муносибат ва хулосаҳои мантиқист. Дар асар ном, зиндагинома ва фаъолияти 1 ҳазору 596 нафар, ҳамчунин номи 854 макону мавзеъҳои Мовароуннаҳр, Хуросон, Афғонистон, Ҳиндустон ва маълумоти ҷуғрофӣ доир ба он мавзеву маконҳо оварда шудаанд.
Бобур вақте 47 сол дошт, барои писараш ҷони худро нисор кард, ки ин ба тасаввуф иртиботе дорад. Зиндагинома ва эҷодиёти шоир бе ин таълимот тасаввурнопазир аст. Дар урфият мегӯянд, ки бемори вазнине агар дар роҳи Худо ягон чизи азизашро қурбон кунад, ҷон ба саломат мебарад. Аз ин рӯ, Бобур ба писараш Ҳумоюн, ки бемори вазнин буд, бе ҳеч дудилагӣ ҷонашро садқа кард, ки писар рӯ ба беҳбудӣ овард, вале падар бистарӣ шуд.
Ба ин минвол, Бобур дар сари зиндагиаш тахтро ба писараш — Ҳумоюн супурд ва 26‑уми декабри соли 1530 дар Агра ба Ҳақ пайваст. Ӯро аввал дар ҳамин шаҳр ба хок супурданд. Дертар, бино ба васияташ, соли 1539 наберааш Шоҳ Ҷаҳон ҷисми ӯро ба Кобул оварда, дар Боғи Бобур ба хок супурд.
Ҳар сол моҳи феврал дар кишварамон чорабиниҳои бобурхонӣ баргузор мешаванд. Донишгоҳи давлатии Андиҷон, театр, китобхона, боғи маданият ва истироҳатии ин шаҳр ба номи Бобур гузошта шудаанд. Дар боғи Бобур осорхонаи «Бобур ва фарҳанги ҷаҳон», мақбараи рамзӣ ва пайкараи шоир мавҷуд аст. Яке аз кӯчаҳои марказии Андиҷон, кӯча ва боғи истироҳатии Тошканд ва боғи истироҳатии шаҳри Хонободи вилояти Андиҷон номи ӯро доранд. Фарҳангистони улуми Ӯзбекистон медалеро бо номи Бобур таъсис додааст. Аз соли 1993 инҷониб Бунёди байналхалқии Бобур фаъолият дорад. Бунёд бино ба бобуршиносӣ мукофоти байналхалқие таъсис додааст.

Султонмурод ОЛИМ,
ходими шоистаи фарҳанги Ӯзбекистон.