Солҳои охир дар мамлакатамон бо мақсади бар асоси тамоюли «Барои қадри инсон» ба зинаи нав бардоштани сохтори ҳифзи ҳуқуқи инсон, пурзӯр намудани кафолати ҳимояи ҳуқуқ ва озодии шахс дар фаъолияти идораҳои суд ва ҳифзи ҳуқуқ, инчунин, мустаҳкам намудани боварии аҳолӣ ба сохтори ҳифзи ҳуқуқ корҳои шоёни таҳсин амалӣ мешаванд.
Дар ин самт Президентамон 10‑уми июни соли 2024 дар доираи ислоҳоти суду ҳуқуқ ба Фармон «Дар бораи чораҳои минбаъд мустаҳкам кардани кафолатҳои ҳифзи бовариноки ҳуқуқ ва озодии шахс дар ҷустуҷӯи зудамал ва фаъолияти тергав» имзо гузошт.
Бо Фармони мазкур дар қонунгузории Ӯзбекистон навгонии навбатӣ роҳандозӣ мешавад. Яъне, бар асоси талаботи замонавӣ ва андозаҳои байналмилалӣ дар зинаи иҷрои кор то суд роҳандозӣ намудани лавозими судяи тергав муайян гардид.
Судяи тергав барои сохтори суди Ӯзбекистон институти нав буда, дар назди он вазифаҳои калон гузошта шудаанд.
Аз 1‑уми январи соли 2025 дар судҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ роҷеъ ба корҳои ҷиноӣ лавозими судяи тергав роҳандозӣ мешавад. Онҳо ҳангоми иҷрои кор дар даври то суд, масъалаҳои тақдими рухсат(санксия)-ҳо ба қарорҳои протсессуалӣ ва масъалаи истифодаи чораҳои ҳатмӣ, инчунин, корҳо роҷеъ ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмуриро баррасӣ мекунанд. Муайян шудааст, ки рухсатҳои ба қарорҳои протсессуалӣ додаи судяи тергав танҳо дар дараҷа (инстансия)-и апелятсияи дахлдор баррасӣ карда шаванд. Тартиби дар инстансияҳои болоӣ баррасии такрории парвандаҳо роҷеъ ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ нигоҳ дошта шудааст.
Бар асоси Фармон ба судяи тергав ваколати баррасии масъалаи истифодаи маводи ҷиноят дода шудааст. Аз ҷумла, судяи тергав метавонад ба ҳабс гирад, ё ки чораи эҳтиётӣ чун ҳабс дар хонаро бинад, нигаҳдорӣ дар ҳабс ё ки муддати ҳабси хонагиро идома диҳад, амал намудани муддати шиноснома (ҳуҷҷати ҳаракат кардан)-ро боздорад, эксгуматсия кардани мурда, кофтуков гузаронад, гуфтугӯйҳоро, ки тавассути телефон ва воситаҳои телекоммуникатсияҳои дигар амалӣ шудаанд, шунавад, ахбори ба воситаи онҳо фиристодаро гирад, ба илтимосномаҳое чун барӯйхатгирии молу мулк рухсат диҳад.
Дар ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ҳеҷ як ҷараён якбора рӯй намедиҳад. Судҳо ихтисосонида шуда, судяҳо бо баррасии корҳои то ҳадди имкон ихчам ва аз рӯи такмили ихтисоси худ машғул шаванд, табиист, ки онҳо қонун ва қоидаҳои ин соҳаро хуб омӯхта, ихтисоси худро аъло медонанд. Дар натиҷа, шумораи хатоҳо кам ва холисӣ таъмин карда мешавад.
Дар зинаҳои мухталифи ислоҳотҳои судӣ-ҳуқуқӣ ихтисосонидани судяҳо амалӣ гардидаанд ва ин ба таъмини баррасии босифати кор самараи мусбат дод. Ба ин маъно, метавон гуфт, ки роҳандозӣ гардидани институти судяи тергав саривақтӣ ва навгонии муҳим шуд.
Ҳоло судяҳои судҳо роҷеъ ба корҳои ҷиноӣ баробари корҳои ҷиноятӣ, корҳо доир ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, инчунин дар даври иҷрои кор то суд роҷеъ ба масъалаҳои додани рухсат ба қарорҳои протсессуалӣ ва андешидани чораҳои ҳатмӣ илтимосномаҳоро низ баррасӣ мекунанд. Дар паси ҳар як кор қисмати инсон меистад. Бояд иқрор шуд, ки худи парвандаҳои ҷиноӣ вақти асосӣ, қувваю ғайрат, диққату эътибори судяро банд мекунад. Зиёда аз ин, бо корҳо роҷеъ ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ низ бояд машғул шуд. Илова ба ин қадар кор рухсатдиҳӣ ё ки илтимосномаҳоро низ баррасӣ бояд кард.
Бо роҳандозӣ намудани лавозими судяи тергав дар судҳо роҷеъ ба корҳои ҷиноӣ сарбории кор сабук ва дараҷаи сифати қарорҳои суд боз ҳам баланд мешавад.
Рухсатҳое, ки судҳои тергав дар судҳо роҷеъ ба корҳои ҷиноӣ дар даври баррасии кор то суд ба қарорҳои протсессуалӣ медиҳанд, танҳо дар инстансияҳои апелятсионии суди Қароқалпоқистон, судҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, инчунин суди ҳарбии Ӯзбекистон такроран баррасӣ мегарданд.
Тавре дар боло гуфтем, судяи тергав мумкин як қатор чораҳои ҳатмиро низ андешад. Аз ҷумла, аз вазифа сабукдӯш кардани айбдоршаванда, дар муассисаи тиббӣ ҷойгир кардани шахс, идома додани муддати дар муассисаи тиббӣ бозмондани айбдоршаванда, идома додани фаъолияти кории айбдоршаванда ба муддати то 48 соат.
Агар ҳолатҳое, ки шаффофияти ҷараёни тергавро халалдор мекунанд, рӯй диҳанд, органи тергав дар масъалаи мустаҳкам кардани нишондоди гувоҳҳо ё ки яке аз ҷабрдидагон метавонад ба суд муроҷиат кунад. Суд пас аз омӯхтани асосҳое, ки органи тергав овардааст, ба таври дахлдор нишондодро мумкин мустаҳкам намояд.
Баррасии илтимосномаҳои судяҳои тергав роҷеъ ба пешакӣ мустаҳкам кардани нишондодҳои гувоҳ ё ки ҷабрдида (даъвогари шаҳрвандӣ) низ барои суди одил ёрии муҳим мешавад.
Дар Фармон гуфта шудааст, ки «Судяи тергав фаъолияти худро мустақилона амалӣ карда, танҳо ба қонун итоат мекунад ва ба судяи тергав вогузоштани иҷрои ҳар гуна вазифаҳое, ки бо амалӣ намудани суди одил вобаста нестанд, манъ карда шудааст.
Ба фаъолияти ташкилии судяҳои тергав раисони суди Қароқалпоқистон, судҳои вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, суди ҳарбӣ роҳбарӣ мекунанд.
Тамоюли «Ӯзбекистони Нав — суди нав» боз ҳам васеъ кардани имкониятҳои ба суди одил дастрасӣ доштани аҳолӣ, бо суръат ислоҳ намудани сохтори судӣ-ҳуқуқӣ, ба соҳа роҳандозӣ намудани андозаҳои байналмилалии пешқадамро тақозо мекунад.
Судяҳои тергов дар бисёр мамлакатҳои хориҷӣ бомуваффақият фаъолият пеш мебаранд. Аз ҷумла, дар Фаронса дар иҷрои кор то суд ба сифати институти мустақиле, ки амал намудани принсипи мунозираро таъмин мекунад, ба боварӣ ноил шуд.
Хулоса, Фармон барои роҳандозӣ кардани механизмҳои нави ташаккули корпуси судяҳо, ислоҳи сохтори суд, ҳангоми бозпурсӣ ва тергав ба таври боваринок ҳимоя кардани ҳуқуқ ва озодии шахс ва боз ҳам мустаҳкам кардани боварии аҳолӣ ба судҳо хизмат мекунад.
Олим ҲАЙИТОВ, раиси суди вилоят.
