Ovozi.uz

МАҚСАДИ НОМЗАДҲОИ МО — ДАР ТАМОМИ МИНТАҚАҲОИ МАМЛАКАТАМОН НОИЛ ШУДАН БА РУШДИ УСТУВОР

Дар Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби экологии Ӯзбекистон масъалаҳое ба миён гузошта шудаанд, ки барои ҳар як минтақа ва ҳар як шаҳрванди кишварамон зарур ва муҳим мебошанд. Ҳар як минтақаи мамлакатамон барои ҷорӣ намудани талаботи иқтисодиёти «сабз», гузаштан ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия дорои иқтидори бузург ва имкониятҳои васеъ мебошад.
Ҳама интихобкунандагон як қатор ташаббусу пешниҳодҳоро бобати истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳифзи замин ва манбаъҳои оби нӯшокӣ, бо дарки вазъи кунунии экологӣ дарёфти роҳи ҳалли мушкилот, бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин кардани ҳар як хонадон, ки дар Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби экологии Ӯзбекистон пешбарӣ шудаанд, бо шавқ ва эътибор истиқбол менамоянд.
Вохӯриҳои пешазинтихоботӣ бо саволу ҷавобҳо ҷолиб гузашта, интихобкунандагон фаъол иштирок мекунанд, ки ин аз бетараф набудани аҳолӣ нисбат ба барномаи пешазинтихоботии Ҳизби экологии Ӯзбекистон ва номзадҳои пешбаринамудаи ҳизб гувоҳӣ медиҳад.
Ҷумҳурии Қароқалпоқистон. Дар вохӯрии пешазинтихоботӣ, ки дар ноҳияи Элликқалъа таҳти шиори «Барои табиат муттаҳид шавем!» гузаронида шуд, сухан дар бораи масъалаҳои муҳим бобати минбаъд беҳтар кардани шароитҳои мусоиди муҳити зист барои аҳолии назди Арал рафт.
Дар вохӯрӣ роҳбари Экоҳизб Абдушукур Ҳамзаев дар бораи пешниҳоду ташаббусҳои барномаи пешазинтихоботии ҳизб ҷиҳати беҳбуд бахшидан вазъи экологии минтақаи назди Арал, фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ, кам кардани оқибатҳои фоҷиаи Арал ҳарф зад.
Ташаббусҳо, аз қабили ҷорӣ намудани механизмҳои мониторинги «бор»-и иқлими мамлакат ва баҳисобгирии иқлим, рағбатноксозии ба вуҷуд овардани навъҳо ва зотҳои нави ба тағйироти иқлим тобовар, васеъ намудани доираи тадқиқот дар ин самт, таъсиси фонди махсуси ҷуброни зарари талафот ва хисорот дар экосистема вобаста ба тағйирёбии иқлим алоҳида зикр гардид.
Сапаргул УТЕМУРОТОВА, номзад ба депутатии Палатаи қонунгазории Олий Маҷлис аз ҳавзаи интихоботии 1-Ҷумҳурии Қароқалпоқистон:
— Тамоми пешниҳодоте, ки Ҳизби экологии Ӯзбекистон пешбарӣ менамояд, муҳим ва молики аҳамиятанд. Бар асоси ин мақсадҳо шодам, ки ҳамватанонам ба масъалаҳои дар барномаи пешазинтихоботӣ воридкардаам бетараф нестанд ва онҳоро дастгирӣ мекунанд.
Борҳо ба интихобкунандагон таъкид кардам, ки пешниҳод аз рӯйи таълими экология бо он ҷиҳат муҳим аст, ки мо тавассути ин метавонем бо сарфи маблағи зиёд ба кори душвор ва ба назар имконнопазир бобати ба ҳолати пешина баргардонидан ва барқарор намудани экосистемаи харобшуда ноил гардем.
Вилояти Хоразм. Вохӯрие, ки бо интихобкунандагон дар шаҳри Урганч доир гардид, бо саволу ҷавобҳо хеле ҷолиб гузашт. Мақсадҳои зиёдеро, аз қабили ҳифзи табиати нотакрори вилоят, нигоҳдории гуногунии биологӣ, пешгирии шӯршавии замин, бунёди «камарбанди сабз» барои кам кардани таъсири тӯфонҳои қум ва ғайра, ки дар Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби экологии Ӯзбекистон пешбарӣ шудаанд, интихобкунандагон хуш пазируфтанд.
Сурайё СОБИРОВА, координатори Ассотсиатсияи волонтёрони Ӯзбекистон дар вилояти Хоразм:
— Имрӯз мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки системаи нақлиёту алоқа хеле такмил ёфтааст. Вале ин маънои онро надорад, ки ҳамаи мушкилоти ин соҳа комилан ҳалли худро ёфтаанд. Дар навбати аввал, хавфи воситаҳои нақлиёт ба экология ташвишовар аст.
Ғайр аз ин, аз истифодаи воситаҳои нақлиётии шахсӣ дида, афзунсозии бартарӣ ва ҷолибияти нақлиёти ҷамоатӣ, такмил додани системаи нақлиёти арзон, ки бо захираҳои бехатар ва барқароршаванда ҳаракат мекунанд, аз пешниҳодҳои муҳими Экоҳизб ба шумор меравад.
Масалан, аз Урганч ба Хиваи бостонӣ ба воситаи чунин нақлиёти бехатар ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба макони худ рафтани сайёҳонро ташкил кардан, ҳоло хеле муҳим ба ҳисоб меравад. Ин обрӯи кишвари моро дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам беҳтар намуда, ба экосистемаи минтақа таъсири мусбат мерасонад.
Вилояти Навоӣ. Дар вохӯрӣ, ки таҳти шиори «Барои табиат муттаҳид шавем!» гузаронида шуд, қариб 300 нафар интихобкунандагон, аз ҷумла фаъолони ҳизб, экологҳо, намояндагони соҳаи кишоварзиву ҷангалпарварӣ ва ҷавононе, ки ба ҳифзи муҳити зист бетараф нестанд, иштирок карданд.
Дар вохӯрӣ оид ба вазифаҳои афзалиятноки ҳизб дар панҷ соли оянда оид ба ҳифзи муҳити зист, нигоҳдории саломатии аҳолӣ, гузариш ба иқтисодиёти «сабз» ва рушди энергетикаи «сабз», ноил шудан ба амнияти озуқаворӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ сухан рафт.
Вилояти Самарқанд. Дар шаҳри куҳану ҳамешаҷавони Самарқанд бо мақсади ба оммаи васеъ расонидани вазифаҳои Барномаи пешазинтихоботии ҳизб ва тарғиби онҳо чорабинии оммавии пешазинтихоботӣ гузаронида шуд. Дар ин чорабинии оммавӣ қариб ҳазор нафар интихобкунандагони иборат аз номзадҳо, ки ба депутатии Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис ва Шӯроҳои маҳаллӣ пешбарӣ шудаанд, инчунин, муаллим ва донишҷӯёни муассисаҳои таълими олӣ, намояндагони ташкилотҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист, экофаъолон, волонтёрон ва мардуми маҳаллӣ ширкат намуданд.
Намояндагони ҷамоатӣ бо шиорҳои «Барои табиат муттаҳид шавем!», «Барои ояндаи солим!», «Халқи мо сарсабзиро интихоб мекунад!» ҳозиринро барои дастгирии ҳизби экологӣ даъват ва то чӣ андоза муҳим ва зарурати ҳаётӣ будани мақсадҳои барномавии ҳизбро намоён карданд.
Дар чорабинии оммавӣ раиси ҳизб Абдушукур Ҳамзаев ҳамаро ба иштироки фаъол дар интихобот, ки 27 октябри соли равон баргузор мегардад, даъват кард. Зимнан зикр гардид, ки шаҳри Самарқанд сайқали рӯйи замин маҳсуб шуда, дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун гаҳвораи тамаддун қайд мегардад ва вилоят табиату шароити замину иқлими хоси худро дорад.
Инсонҳои соҳибэҳтиром, афроди маъруфе, ки дар чорабинӣ ба сухан баромаданд, таъкид карданд, ки овози имрӯзаи табиат барои татбиқи ин вазифаҳои барномавӣ даъват менамоянд. Ҳамаи онҳоеро, ки ҷонибдори ҳаёти сабз, мусаффо ва солим ҳастанд, даъват намуданд, то дар интихоботи оянда ҷонибдори ҳизби экологӣ бошанд. Дар интихобот Ҳизби экологии Ӯзбекистон ва номзадҳои онро дастгирӣ намоянд.
Шавкат ҲАСАНОВ — ректори Донишкадаи агроинноватсияҳо ва тадқиқотҳои Самарқанд:
— Экоҳизб имрӯз на танҳо овози мову шумо, балки овози табиатро баръало мегӯяд. Агар мо ба ин овоз гӯш надиҳем, тамоми зинаҳои рушди ҳаёти худро ба мувозинати тиллоии табиат баробар накунем, авлоди оянда моро ҳеҷ гоҳ намебахшанд. Аз ин ҷост, ки ҳизби мо амалӣ кардани ҳуқуқҳои халқамон, фарзандонамонро бобати соҳиб шудан ба муҳити зисти мусоид мақсади асосии худ қарор додааст.
Мана, шумо замин гирифтед. Оё он дарахт дорад ё не ва агар дарахт бошад, кӣ соҳиби он аст? Оё соҳиби замини харидашуда ҳақ дорад, ки ин дарахтонро бибурад? Хулоса, савол бисёр, ҷавобҳо бошад ноаён. Ҳизби мо ба ин саволҳои мавҳум ҷавоби мушаххасро пешниҳод мекунад! Ташаббуси дар қонун муқаррар кардани механизмҳои аз муҳокимаи ҳатмии ҷамъиятӣ гузаронидани бунёди бино ва хонаҳои бисёрқабота дар шаҳрҳо ба миён гузошта мешавад.
Инчунин, ҳизби мо дар назди худ мақсад гузоштааст, ки то соли 2030 ҳиссаи ҳаракати велосипедронӣ дар шаҳрҳои бузургро ба 20 дарсад расонад. Масалан, дар атрофи майдони Регистон скутер ва электробусҳои хурд ҳаракат мекунанд. Бе садо, безарар ба муҳити зист, қулай барои ҳама. Дар саросари шаҳри мо ба чунин муҳит ноил гардем, чӣ қадар хуб аст?! Мақсади Ҳизби экологии Ӯзбекистон низ ба ин мақсад расидан мебошад.
Шаҳри Тошканд. Пешниҳоди Ҳизби экологии Ӯзбекистонро аз рӯйи дар қонун муқаррар кардани механизмҳои аз муҳокимаи ҳатмии ҷамъиятӣ гузаронидани бунёди бино ва хонаҳои бисёрқабота дар шаҳрҳо интихобкунандагони пойтахтӣ хуб истиқбол намуданд. Дар рафти вохӯрие, ки бо интихобкунандагони шаҳри Тошканд гузаронида шуд, дар бораи ин ва ташаббусҳои муҳимтарини барномаи мо сухан рафт.
— Бояд гуфт, ки ҳоло аксар аз бунёдкориҳои бетартиб монда шуданд, — гуфт иштирокдори чорабинӣ, раиси Ҳизби экологии Ӯзбекистон Абдушукур Ҳамзаев. — Аз ин рӯ, майдонҳои сабз ва дарахтони шаҳри мо то рафт кам мешавад ва ин боиси эътирози барҳақи намояндагони пойтахт мегардад.
Дар рафти вохӯриҳое, ки дар тамоми минтақаҳои мамлакат гузаронида мешаванд, ин масъалаҳо баръало ба чашм мерасанд. Дар рафти вохӯриҳо, ки таҳти шиори «Барои табиат муттаҳид шавем!» доир гардиданд, интихобкунандагоне, ки ба номзадҳои ҳизби мо бо савол рӯ оварданд, ба пурсишҳои худ дар асоси мисолҳои ҳаётӣ, посухҳои муфассалу мушаххас гирифтанд.
Ҳизби экологии Ӯзбекистон ташаббусҳоеро, ки ҳоло ба зарурати ҳаётӣ табдил ёфтаанд, мақсадҳои накӯи худро бобати ноил шудан ба рушди устувор дар тамоми минтақаҳои мамлакат пешкаши Шумо карданд.

Хидмати матбуоти Шӯрои марказии Ҳизби экологии Ӯзбекистон.