Ovozi.uz

Рушди сайёҳӣ ва сохтори нави идораи қувваи барқ

Ба қарибӣ сессияи Шӯрои намояндагони халқи вилоят баргузор гардид. Ба сессия раиси Шӯро Ш.Негматов сарварӣ кард.

Намояндагони халқ пас аз тасдиқи рӯзнома, тартиби кор ва интихоби котиби сессия ҳисоботҳоро роҷеъ ба рушди сайёҳӣ ва вазъи маҷмӯи таъминоти қувваи барқ дар вилоят шуниданд.

Аввал ҷонишини ҳокими вилоят, сардори садорати сайёҳӣ Рустам Қобилов дар бораи корҳое ҳисобот дод, ки барои амалӣ намудани Стратегияи «Ӯзбекистон‑2030» амалӣ карда мешаванд.

Қайд гардид, ки дар нимаи аввали соли 2026 ба Самарқанд беш аз 3,4 миллион нафар сайёҳони хориҷӣ ва 4,7 миллион нафар маҳаллӣ омадаанд. Барои муқоиса, дар соли 2025 минтақа 3,1 миллион меҳмонони хориҷиро қабул карда буд. Аз оғози сол 85 объекти ҷойгиркунии сайёҳон бо 2800 ҷой ба фаъолият оғоз карданд. Ҳоло дар вилоят 934 меҳмонхона, ҳостел ва хонаҳои оилавии меҳмонҳо вуҷуд доранд. Танҳо дар атрофи маҷмааи Имом Бухорӣ 24 меҳмонхонаи дорои 1240 ҷой фаъолият оғоз намуданд. То охири сол кушодани 141 объекти пешниҳоди ҷой, аз ҷумла 9 меҳмонхона барои 2700 нафар меҳмон пешбинӣ шудаанд.

Дар айни ҳол дар вилоят 2 меҳмонхонаи панҷ ситорадор, 19 меҳмонхонаи чор ситорадор фаъолият доранд. Дар ҳамаи шаҳр ва ноҳияҳо меҳмонхона ва ҳостелҳо хизмат мерасонанд.

Баробари ҳамин нуқтаҳои нави сайёҳӣ роҳандозӣ карда мешаванд. Дар минтақаи сайёҳӣ — рекреатсионии «Оҳалик-­Оқбӯйро-­Миронқул»-и ноҳияи Самарқанд аз рӯи мастер-­нақша майдони замини аз 138 лот иборат дар савдои музояда (ауксион) фурӯхта ва лоиҳаҳо паси ҳам амалӣ мешаванд.

— Дар давоми шаш моҳи гузашта ба вилояти мо 73 ҳайати намояндагони дараҷаи гуногун омаданд, 44 чорабинии байналмилалии бонуфуз ташкил карда шуд, — гуфт Р.Қобилов. — Дар ин чорабиниҳо беш аз 102 ҳазор хориҷиён иштирок намуданд. То анҷоми соли равон боз гузарондани 20 чорабинии байналмилалии бонуфуз ба нақша гирифта шудааст.

Аз ҷумла, дар моҳи сентябр дар 46-умин Олимпиадаи умумиҷаҳонии шоҳмот иштироки беш аз 6 ҳазор нафар меҳмон пешбинӣ шудааст. Инчунин, рӯзҳои 4-6-уми сентябр Конфронси умумиҷаҳонии XII ҷавони узви парламентҳо баргузор мешавад.

Бо мақсади рушди сайёҳии гастрономӣ, баланд бардоштани сифати сервис дар шабакаҳои хӯроки умумӣ, «Ассотсиатсияи рес­тораторҳои Самарқанд» ташкил карда шуд.

Корҳои ба санатория-курорт табдил додани шаҳраки Нурбулоқи ноҳияи Нуробод оғоз гардиданд.

Дар маҳаллаи Чорчинори ноҳияи Ургут бо арзиши 50, дар атрофи обанбори Каттақӯрғон 30 ва обанбори Оқдарёи ноҳияи Иштихон 38 миллион доллар мастер-­нақшаҳои лоиҳаи сайёҳӣ ва экотуризм таҳия карда мешаванд.

Деҳаҳои Хоҷа Исмоили ноҳияи Пайариқ, Зарафшони Ҷомбой, Эрганаклии Булунғур ва Чорчинори Ургутро ба «Деҳаи сайёҳӣ», кӯчаи «Ибни Холдун»-и шаҳри Самарқандро ба кӯчаи «ASIAN WORLD», кӯчаҳои Александр Пушкин, Алишер Навоӣ ва Алӣ Қушчиро ба кӯчаҳои сайёҳӣ табдил медиҳанд.

Намояндагони халқ фикру мулоҳизаҳои худро оид ба ҳисобот баён намуда, ба саволҳои худ посух гирифтанд.

Сипас, бар асоси рӯзномаи сессия ҳисоботи роҳбари филиали ҶС «Ҳудудий электр тармоқлари» дар Самарқанд Э.Мамасолиев дар бораи корҳое, ки дар доираи барномаҳои рушди инфрасохторҳои иҷтимоӣ ва истеҳсолии вилоят роҷеъ ба беҳдошти сохтори таъминоти қувваи барқ амалӣ мегарданд, шунида шуд.

— Ҳоло дар вилоят 63 ҳазору 485 истеъмолчии юридикӣ ва 959 ҳазору 365 нафар аҳолӣ бо қувваи барқ таъмин карда мешаванд, — бо чунин маълумот оғоз намуд ҳисоботи худро Э.Мамасолиев. — Дар тасарруфи филиал ҳамагӣ 31 ҳазору 123 километр шабакаҳои қувваи барқ, 15 ҳазору 38 пункти трансформатор мавҷуд аст. Вале наздик ба 50 дарсади шабакаҳои қувваи барқ аз сабаби беш аз 40 сол боз истифода бурдани онҳо маънан ва ҷисмонан кӯҳна шудаанд. Аз ҷумла, таъмин ва зина ба зина иваз намудани беш аз 16 ҳазор шабакаҳои қувваи барқ, 5262 пункти трансформатор ва 82 ҳазору 543 сутуни қувваи барқ талаб карда мешавад.

Шуъбаи вилоятии филиали «Энергосавдо» дар моҳҳои январ-июн ба истеъмолчиён 1752,4 миллиард сӯмина қувваи барқ расонд ва музди онро гирифт. Ба воситаи панелҳои офтобӣ, ки аҳолӣ ва истеъмолчиёни юридикӣ гузоштаанд, 28,4 миллион кВт, соат ё ки 26,177 миллиардсӯмина қувваи барқ истеҳсол ва ба корхонаи таъминотчӣ фурӯхта шуданд.

Соли равон дар доираи барномаҳои давлатии дахлдор бо мақсади таъмини бефосилаи аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ бо қувваи барқ, васл намудани объектҳои нав ба шабакаҳои қувваи барқ ва рушди инфрасохтори мавҷудбуда, 228,2 километр шабакаҳои қувваи барқ сохта, 89 пункти трансформатор гузоштанд. Аз ҳисоби маблағҳои хазинаи рушди инфрасохтори соҳибкорӣ бо мақсади таъмини минтақаҳои хурди саноатӣ бо қувваи барқи беруна 7,6 километр шабакаҳои қувваи барқ кашида шуд ва 8 пункти трансформатор гузоштанд.

Аз 1‑уми августи соли 2026 филиали ҶС «Ҳудудий электр тармоқлари» дар Самарқанд аз рӯи ҳамкории давлат-­хусусӣ ба идораи компанияи АКСА-и Туркия гузаронда шуд. Дар доираи ин лоиҳа барои таъмини хизматҳои истифода ва садама — барқарорӣ бо техника ва механизмҳои махсуси замонавӣ ба миқдори 10 миллион доллари ИМА инвеститсия дохил мекунанд.

Дар объектҳои нимкораи тоифаи сурх ба анҷом расондани корҳои сохтмону монтаж ва барои ба истифодаи бехавф тайёр намудани онҳо ба миқдори 15 миллион доллар маблағ пешбинӣ шудааст. 1000 дона трансформатори нав харида, зина ба зина иваз кардани трансформаторҳои муддаташон аз 40 сол зиёдшуда бо трансформаторҳои замонавӣ ва сарфакунандаи энергия ба нақша гирифтаанд.

Сипас, Э.Мамасолиев ба саволҳои намояндагони халқ посух дод.

Дар сессия, инчунин масъалаҳое аз қабили:

— барҳам додани як қисми минтақаҳои хурди саноатии «Бахт»-и ноҳияи Нарпай, «Гӯзал»-и Пайариқ, «Холназар»-и Қӯшработ ва пурра барҳам додани минтақаи хурди саноатии «Навкат»-и Қӯшработ;

— дар бораи тағйир додани сарҳади маҳаллаҳои Боғбон ва Бешқӯтани ноҳияи Булунғур;

— дар бораи истифода аз манбаъҳои иловагии буҷети вилоят, дар бораи додани рухсат ба гирифтани қитъаҳои замин барои эҳтиёҷоти ҷамоатӣ ва ғайра баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.