Ovozi.uz

Тақдимоти «Асарҳои мунтахаб»-и академик баргузор гардид

Хотира муқаддас аст. Президенти мамлакатамон дар бораи қадр кардани гузаштагон, гиромӣ доштани хотири онҳо чунин гуфтааст: «Хотираи дурахшони ниёгонамонро дар қалби худ абадӣ нигоҳ медорем. Мо аз устодону мураббиён, ҳамзамонони худ, ки фидокорию мардонагӣ нишон дода, умри худро барои ободии Ватани азизамон бахшидаанд, ифтихори беандоза дорем».
Дар толори факултети математикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов тақдимоти китоби сеҷилдаи «Асарҳои мунтахаб»-и академики Академияи фанҳои Ӯзбекистон, профессор Ботурхон Валихӯҷаев баргузор гардид. Дар тадбир ректори донишгоҳ Рустам Холмуродов, аъзои оилаи Валихӯҷаевҳо, устодон, донишҷӯён, инчунин, вакилони васоити ахбори оммавӣ иштирок карданд.
Тадбирро ректори донишгоҳ ифтитоҳ бахшида, дар бораи хизматҳои пурарзиши Ботурхон Валихӯҷаев дар рушди таълим сухан ронд. Баъд ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Ғайрат Маҷид оиди мазмуну мундариҷаи асарҳо, ки таҳти сарпарастии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон чоп гардид, ҳарф зад.
— «Асарҳои мунтахаб»-и Ботурхон Валихӯҷаев аз се ҷилд иборат буда, ҷилди аввал «Симоҳои бузург» ном дорад ва дар он тадқиқотҳои академик ҷамъоварӣ шудааст.Ҷилди дуввум ҳам «Симоҳои бузург» увон дошта, дар ин китоб тадқиқот оид бароҳи зиндагӣ ва эҷодиёти Алишер Навоӣ ва Заҳириддин Муҳаммад Бобур оварда шудааст.
Дар ҷилди сеюм ду тадқиқоти арзишманди Валихӯҷаев «Аз таърихи тараққиёти назми эпикии ӯзбек» ва «Таърихи адабиётшиносии ӯзбек» номгӯй шуда, дар яке аз тадқиқотҳо сарчашмаҳои пайдоиш ва инкишофи назми эпикии ӯзбек, робитаи он бо адабиёти халқҳои форсу тоҷик, ҳинду араб, эҷодиёти шифоҳии халқ, марҳилаи инкишоф ва дигар мавзӯъҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтааст, — гуфт Ғайрат Маҷид.
Бояд таъкид кард, ки Б. Валихӯҷаев дар давоми ҳаёти худ қариб 50-то рисолаи илмӣ ва зиёда аз 500 мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ таълиф намудааст.
Сипас, сенатор Фармон Тошев, декани факултети филология Ҷӯлибой Элтазаров, профессор Муслиҳиддин Муҳиддинов, Ибодулло Мирзоев, профессори факултети забонҳои хориҷа Дилором Салоҳӣ оиди роҳи зиндагӣ ва саҳми олими нуктадон дар равнақи адабиёт баромад карданд.
— Ҳар сол дӯстону наздикони шавҳарам ба хона меоянд. Ман аз ин шодам. Беҳуда нагуфтаанд, ки хотира муқаддас аст. Гарчанд шавҳарам вафот кардаанд, ҳама ёди ӯро гиромӣ медоранд, — гуфт ҳамсари Б. Валихӯҷаев Хадича Вафоева.

Асалой САРХАТЗОДА