Ovozi.uz

«Ӯзбекистон ӯғлидурман, тоҷикам гуфто писар»

Ин сатрҳо ба қалами шоири хушбаён Ӯлмас Ҷамол мансуб аст. Фарзанди барӯманди халқҳои ӯзбеку тоҷик, шоири ғазалсаро Ӯлмас Ҷамол агар дар қайди ҳаёт мебуд, ба синни 90 қадам мегузошт. Ба муносибати ин сана дар зодгоҳи шоир — ноҳияи Ургут чорабинии маданию маърифатӣ доир гардид.
Дар он аъзоёни Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистону Тоҷикистон, олимони адабиётшинос, арбобони давлатию ҷамоатӣ, аъзои оилаи шоир, наздикони ӯ ва ихлосмандони адабиёт иштирок намуданд. Сараввал дар хонаи истиқоматии шоир ба ёди ӯ тиловати Қуръон карда, дар даромади хонаи шоир лавҳи ёдгорӣ гузоштанд. Сипас, дар мактаби таълими умумии 154-и Мерганча, ки бо ташаббуси роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон сохта шудааст, чорабинии адабию маърифатӣ баргузор гардид. Узви Сенати Олий Маҷлис Фармон Тошев, ҷонишини раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Ғайрат Маҷид, Ходими хизматнишондодаи маданияти Ӯзбекистон, шоира Хосият Бобомуродова, раиси фонди ҷамоатии «Ватанпарвар» Одилҷон Сатторов, сармуҳаррири рӯзномаи «Халқ овози»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёқубҷон Абдуманнонзода ва дигарон дар бораи саҳмии Ӯлмас Ҷамол дар рушди адабиёти ӯзбеку тоҷик, мустаҳкам кардани дӯстии ду халқи бародар ҳарф заданд.
— Ӯлмас Ҷамол дар Ӯзбекистон таваллуд шуда, дар Тоҷикистон камол ёфт, — гуфт роҳбари шӯъбаи вилоятии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Тошпӯлод Тугалов. — З-ин сабаб ӯ як умр дар эҷодаш дӯстии ду халқи бародарро тараннум сохтааст. Ӯлмас Ҷамол дар Тоҷикистон бо унвони Журналисти шоистаи Тоҷикистон ва ордени «Дӯстлик» сарфароз гардидааст. Дар чорабинӣ хонандагони филиали Донишгоҳи давлатии Самарқанд ва донишомӯзони мактаб намунаҳои шеърҳои шоирро қироат карданд.
Дар охир, санъаткорони Ӯзбекистону Тоҷикистон аз эҷодиёти шоир сурудҳоро пешкаши иштирокдорон намуданд.
Бояд гуфт, ки Ӯлмас Ҷамол 17 уми майи соли 1934 дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд ба дунё омадааст. Дар факултаи таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил гирифта, аз соли 1963 дар рӯзномаи «Халқ овози» (собиқ «Совет Тожикистони») фаъолияти меҳнатию эҷодии худро идома додааст. Маҷмӯаи нахустини ӯ бо номи «Меҳр булоғи» («Чашмаи меҳр») дар синни бисту панҷсолагиаш чоп шудааст. Пас аз он зиёда аз 20 маҷмӯаи ӯ дар нашриётҳои Тошканд ва Душанбе чоп гардидаанд. Ӯлмас Ҷамол 27 уми июни соли 2017 дар синни 83 солагӣ дар шаҳри Душанбе вафот кардааст.