Ovozi.uz

МАВҚЕИ ҲУСНУ ЛАТОФАТИ ИШҚ ДАР АШЪОРИ ИЛҲОМ НАСАФӢ


(Бар мабнои маводи китоби “Муғаннии ишқ”)

Маро аз ман рабудан кори ишқ аст,
Ғаму шодӣ фузудан кори ишқ аст.
Алорағми ҳама ҷабру ситамҳо,
Ҳамеша зинда будан кори ишқ аст!

Илҳом Насафӣ (Илҳом Эшонқулов) – яке аз шоир ва олимони адабиётшиноси тоҷик мебошад. Ў 15 январи соли 1985 дар ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарёи Ҷумҳурии Ўзбекистон дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст.

Муаллифи қариб 70 асари илмӣ, таълимӣ ва публитсистӣ, аз ҷумла рисолаҳои “Тазкираҳои Ҳашмати Бухороӣ ва аҳамияти илмиву адабии онҳо” (2014), “Ҳашмати Бухороӣ ва тазкираҳои ӯ” (2019) ва китобҳои дарсии  “Таърихи адабиёти тоҷик (давраи истилои муғул ва аҳди Темуриён)” (2013), “Таърихи адабиёти тоҷик (Адабиёти тасаввуфӣ)” (2013), маҷмӯаҳои ашъори “Сабзаи фарвардин” (2010) ва “Муғаннии ишқ” (2022) мебошад.

Дар таҳияи китобҳое, аз қабили “Ҳоҷӣ Абдулазими Шаръӣ. Тазкират-уш-шуаро. (Таҳияи матн аз хати форсӣ ба кириллӣ, 2015), “Мирсиддиқхони Ҳашмати Бухороӣ. Тазкират-уш-шуаро (нусхаи 2728). Дар таҳия ва тавзеҳи матн аз хати форсӣ ба кириллӣ, 2021), маҷмӯаи мақолаҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалие чун “Номаи ховаршиносон” №8 (2015), “Номаи ховаршиносон” №9 (2015), “Робитаҳои адабӣ ва муколамаи фарҳангҳо” дар ду қисм (2019) ва “Оинаи ибрат” (2019) саҳм гирифтааст.

Узви ҳайати таҳрир ва мушовараи якчанд маҷаллаву рӯзномаҳо дар ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он мебошад.

Дар ин мақола тасмим гирифтем, чанд мулоҳизоти хешро перомуни тасвири ишқ дар эҷодиёти шоир ва муҳаққиқ Илҳом Насафӣ ироа намоем. Дар дунё ягон нафаре нест, ки дарду ғами ишқро эҳсос накарда бошад, ҳарчанд ки нависанда ё рассом дар асарҳояшон ишқро тасвир мекунанд, шоирон низ дар шеърҳояшон ин неъмати Илоҳиро бо маҳорат ва ҳунари хоси эҷодкорӣ тараннум менамоянд. Ишқ шабеҳи занҷире мебошад, ки замину осмон ва инсониятро бо ҳам пайваст мекунад. Илҳом Насафӣ низ аз ҷумлаи нафаронест, ки бо ҷасорат ва муҳаббат мавзӯи ишқро дар сартосари эҷодиёташ ошиқонаву ҳунармандона тасвир кардааст. Шоир нахустин ашъори худро дар давраи донишҷӯӣ оғоз кардааст. Алъон, шоир дар шаҳри Тирмизи бостонӣ саргарми эҷод ва корҳои тадқиқотӣ аст. “Муғаннии ишқ” дуюмин маҷмӯаи шеъри шоир мебошад, ки аз лиҳози мазмун ва муҳтаво дар мавзӯи ишқ рӯи кор омадааст. Ин маҷмӯа аз ҷониби муҳаққиқону аҳли адаб бо камоли майл эътироф шудааст, ки ваҷҳи мубоҳот ва ифтихор аст. Шуҳрати Илҳом Насафӣ нафақат дар Ӯзбекистон, балки берун аз он дар қаламрави форсизабонони ҷаҳон ба мисли Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон низ маълуму машҳур буда, аллакай дар дили ихлосмандону ҳаводорони адабиёт ҷой гирифтааст. Зеро шоир медонад, ки қалб бидуни ишқ наметавонад худ ва асли зиндагиро дарк кунад. Ишқ неъмати бебаҳоест, ки эҳсоси он на ба ҳар инсоне насиб мегардад. Ҳар он касе, ки қалбаш пок асту соҳиби ҷасорати баланд мебошад, шуълаи ишқ танҳо дар қалби онҳо аланга мезанад. Шояд ишқ васила ва роҳи дигаре барои холӣ кардани арзи дил бошад, вале барои шоир аз ишқ гуфтану навиштан дар ҳукми таскини руҳ ва қалб бошад. Шоири муҳаққиқ ишқро бо дараҷае зебову мубарро ва огоҳонаву ошиқона тасвир карда чунин мегӯяд:

Дилам чун сарви озод аст, эй Ишқ,
Вуҷудам аз ту обод аст, эй Ишқ.
Сари ҳар як нафас шукрона гӯям,
Туро бар ман Худо додаст, эй Ишқ! [Муғаннии ишқ, саҳ-192].

Моҳияти олами ҳастӣ бо ишқ зебост, зеро қалбе, ки дар он ишқ вуҷуд надорад, зарфи холиеро мемонад. Ишқ дард аст, вале дарди ширинтарини инсон мебошад, ки ба умраш мазмуни тоза мебахшад. Ишқ метавонад, оқилро девона ва шоҳро гадо созад. Қалби ошиқ ба мисли девонаест, ки ӯ ҳар чиро бинад дар он акси ёрашро мебинад. Ишқ вожаест, ки ҳар кас ба таври гуногун маънидод мекунад. Баъзеҳо ишқро ба касе, баъзеҳо муҳаббатро ба Худо, падару модар ва Ватан идроку тафсир мекунанд. Вақте ки инсон ин вожаро тавсиф карда, бо тамоми ҳастиаш ҳис мекунад, чашмонаш пурнуру дилаш масрур мегардад. Ишқ ба масобаи офтоб мебошад, ки хорҳои дилҳои ғамгин аз он сабз мегарданду мешукуфанд ва ё шабеҳи моҳи тобонест, ки дилҳои тира аз он равшан мегардад. Ишқ уқёнусеро мемонад, ки ҳар мавҷи он ҳазорҳо киштии ақлро ғарқ мекунад Ишқ шуълаи сӯзон аст, ки ҷонҳову дилҳоро чун ангишт месӯзонад. Метавон гуфт, ки бисёре аз ғазалу рубоӣ ва дубайтиҳои шоир дар мавзӯи ишқу ошиқӣ тахсис шудаанд:

Нигоҳат яқ қасида дарди ишқ аст,
Саропоят чу фасли сарди ишқ аст.
Туро ором кардан дар ҳама ҳол,
Амалҳои бузурги марди ишқ аст. [Муғаннии ишқ, саҳ —  184]

Ҳар он нигоҳи беписандонаи маҳбуб барои ошиқ дунёи дард ва оташи ноаёни сӯзонест, ки қалби ӯро месӯзонад. Аммо муҳаббати аёни ошиқ ҳар вақте, ки ба маҳбубааш таҷаллӣ мекунад, барояш чун олами сарду зимистонест, ки аз гармиҳои ҳаёт ҷудо месозад. Он қалбе, ки аз ҷазои беҷавоби ишқ оромиашро гум мекунад танҳо маҳбуб ба ӯ малҳам шуда метавонад.  Албатта, вой бар ҳоли он диле, ки дар он сӯзу ғаму дарди ишқу ошиқӣ нест ва аз меҳри дилдори савдозада нест. Вақте ки дар ин дунё умри худро бе ишқ мегузаронӣ, ҳайфи ин умр, ки ҳар як рӯзи он зоеъ аст. Қалби ошиқ на некро шиносаду на бадро. Аз кулли ғами дунё намеҳаросад. Зеро фақат ошиқ бар зидди ҳама он монеъаҳои ҳаёт, ки чун пули шикаста мешаваду ӯро ба он сӯи соҳил намерасонад, кӯшиш мекунад, ягон чорае биёбад. Ошиқ метавонад, худ пули ба манзил расонадаи ду соҳиле бошад. Чунончӣ дар ин маврид шоир мефармояд:

На неку бад шиносад қалби ошиқ,
На аз ғамҳо ҳаросад, қалби ошиқ.
Гаҳе сӯзад тамоми устухонро.
Гаҳе ойина созад қалби ошиқ [Муғаннии ишқ, саҳ – 191].

Дар эҷодиёти шоир ишқ миёни тамоми мавзӯъҳои меҳварӣ мақоми баландро сазовор гаштааст ва ба андешаи мо ба ғазал муҳаббати бештар  доштани шоир шояд ҳамин майли бештар ба мавзӯи ишқу муҳаббат доштан бошад. Аслан ишқ аз мавзӯоти аввалиндараҷаи адабиёт дар тимсоли ғазал аст. Дар ғазалҳои Илҳом Насафӣ ишқу муҳаббат омӯзгору роҳнамоест, ки ҳама тасвирҳои вай ба ин роҳнамоӣ вобастагӣ дорад ва чунон ки худи шоир  таъкид мекунад:

Оне, ки таронахони ишқ аст, манам,
Як гумшуда дар ҷаҳони ишқ аст, манам.
Оне, ки бурун зи қайди ҳар нафсу ҳаво,
Пайванд ба ҷони ҷони ишқ аст, манам [Муғаннии ишқ, саҳ – 37 ].

Шоир бо ифтихор иқрор мекунанд, ки он нафаре, ки сарояндаи ишқ асту фақат дар васфи ишқ таронахонӣ мекунаду дар олами ишқ гумшудааст, манам. Он нафаре, ки аз зиндони нафсу ҳаво беруну ҷонаш ба ҷони ишқ пайваст, яъне аз кибру ғаризаҳо дур ошиқ асту ҳам рӯҳу ҳам ҷону қалби покаш ба ишқ пайванд аст, манам. Илҳом Насафӣ  дар маҷмӯаи “Муғаннии ишқ” дар муроҷиа ба ин нуқта, ки ишқ дарунмояи аслии ашъори ӯст, ишораи зебову ҷолиб мекунад ва ошиқона мегӯяд:

На ман аз ишқ мегӯям, на ишқ аз ман хабар дорад,
Фақат ошиқ дар ин дунё дили ойинатар дорад [Муғаннии ишқ, саҳ – 52].

Ман аз ишқ сухан намекунам ва ишқ ҳам аз ман хабар надорад. Дар ин дунё фақат шахси ошиқ дили пок дорад. Яъне, инсон бояд барои ошиқи ҳақиқӣ гардидан аввал худи вожаи ишқро дуруст дарк намуда тавонад. Зеро, ки ишқи пок махсуси ошиқони пок мебошад.

Шоир дар шеъри зерин дар робита ба ва муроҷаи ва ишқ босароҳат чунин таъкид мекунад:

Диламро пур кун аз фаввораи ишқ,
Ало, эй соҳиби сайёраи ишқ!
Агар аз гиря мирад тифли ашкам,
Наҷунбонад касе гаҳвораи ишқ [Муғаннии ишқ, саҳ – 187].

Хулоса, мағз андар мағзи эҷодиёти Илҳом Насафӣ мавзӯи ишқро дар бар гирифта, тасвир ва тасаввуроти ӯ дар шеърҳояш нақши зебои худро аён намудааст. Дар шеърҳои ошиқонаи  шоир нафақат ишқи заминӣ, балки ишқи Илоҳӣ низ тасвир шудааст, ки ин мавзӯъ тадқиқоти ҷудогонаро тақозо дорад.

Зулбибӣ Искандарова,
донишҷӯи ДДТирмиз