Ин рӯз дар соли 2002 аз тарафи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ILO) ҷорӣ шудааст. ILO — ихтисораи ибораи англисии “International Labour Organization” буда, маънояш “Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат” мебошад. Он соли 1919 таъсис ёфтааст ва қароргоҳаш дар шаҳри Женеваи Швейтсария ҷойгир аст. Ҳамзамон ILO яке аз агентиҳои махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) мебошад, ки ба он 187 кишвари узв шомиланд. Аз 193 кишвари узви СММ 186-тоаш ва инчунин баъзе минтақаҳое, ки расман узви СММ нестанд, ба ILO шомиланд.
Ӯзбекистон пас аз ба даст овардани истиқлолият, соли 1992 ба таври расмӣ узви ILO гардид. Ҳамчунин, дар соли 2024, Ӯзбекистон бори аввал ба Шӯрои идоракунии Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ILO) интихоб гардид. Ин ташкилот ба ҳифзи ҳуқуқи коргарон, мубориза бо меҳнати кӯдакон ва меҳнати маҷбурӣ, таъмини муҳити бехатару солими корӣ ва пуштибонӣ аз фаъолияти иттифоқҳои касаба машғул аст.
Бар хилофи нишондоди кӯдакони ҷалбшуда ба меҳнат, ки дар солҳои 2000–2016 ба 94 миллион нафар кам шуда буд, тибқи гузориши глобалии соли 2021, ки аз ҷониби ILO ва UNICEF таҳия шудааст, шумораи кӯдакони ба меҳнати маҷбурӣ ҷалбшуда дар саросари ҷаҳон ба 160 миллион нафар расидааст (тақрибан аз ҳар даҳ кӯдак якеаш). Ин баландтарин нишондиҳанда дар 20 соли охир аст. Аз ин шумора, тахминан 79 миллион нафар дар шароити хатарнок кор мекунанд.
Дар шароити ҷангҳо, камбизоатӣ ва офатҳои иқлимӣ шумораи одамоне, ки дар конҳо, фабрикаҳо, шахтаҳо ва ҳатто дар хонаҳои шахсӣ ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб мешаванд, рӯ ба афзоиш дорад. Идораи маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ назди Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор медиҳад, ки дар кишварҳои дорои даромади паст ҳар дуввумин нафаре, ки аз савдои одам осеб дидааст, кӯдак мебошад.
Аз рӯи синну сол: теъдоди кӯдакони 5 то 11-солае, ки ба меҳнат ҷалб шудаанд, ба таври назаррас афзоиш ёфтааст. Ҳоло онҳо беш аз нисфи шумораи умумии кӯдакони меҳнатиро ташкил медиҳанд.
Аз рӯи макони зист: Бештари ҳолатҳои меҳнати кӯдакон дар қитъаи Африка мушоҳида мешаванд, вале ин мушкил дар Осиё, Америкаи Лотинӣ ва минтақаҳои дигар низ ҷой дорад. Инчунин дар минтақаҳои деҳот паҳншавии меҳнати кӯдакон (14%) тақрибан се маротиба бештар аст нисбат ба шаҳрҳо (тақрибан 5%).
Оқибатҳои манфии меҳнати кӯдакон:
- Вайрон гардидани ҳуқуқ ба таълим ва паст шудани сифати он: кӯдакони ҷалбшуда ба меҳнат аксаран наметавонанд ба мактаб раванд. Аз ҷумла, 28% кӯдакони 5–11-сола ва 35% кӯдакони 12–14-сола ба чунин вазъият дучоранд;
- Зарари ҷисмонӣ ва рӯҳӣ;
- Намудҳои корҳое, ки метавонанд ба бехатарӣ ва ахлоқи кӯдак зиён расонанд.
ILO ва UNICEF барои мубориза бо афзоиши меҳнати кӯдакон чораҳои васеи ҳифзи иҷтимоиро тавсия медиҳанд, аз ҷумла: пардохти кумакпулиҳо ба кӯдакон ва таъмини имкониятҳои меҳнати шоиста барои калонсолон.
Таҳияи Зиннура Илҳомҷонова
