Ovozi.uz

Мушакпарронии солинавӣ дар АМА ба китоби Гиннес дохил шуд


Дар АМА бо зиёда аз 11 ҳазор дона мушак (салют) шоу ташкил гардид ва ба китоби Гиннес дохил гардид. Дар ин бора департаменти рушди сайёҳии Рас ал-Хайма маълум кард. Гуфта мешавад, ки ин шоу ба ду тоифа-мушакҳои аз ҳама дарозтарин дар об ва осмон рекорд нишон додааст. Дар давоми чорабинӣ дронҳо дар ҳаво ландшафти акси Рас ал-Хаймаро намоиш додааст. Манзараҳои Чӯл,соҳили халиҷи Форс ва кӯҳҳои Ҳаҷар аз ҷумлаи онҳост. Дронҳо бошад зери мусиқаҳои махсуси солинавӣ ҳамоҳанг ҳаракат кардааст. Намоиш 8 дақиқа давом карда, онро наздики 50 ҳазор нафар тамошо кардаанд. Барои маълумот амири Рас ал-Хайма соли 2022 оиди номинатсияи «Дар як вақт паррондани мушакҳои бисёр бо шоуи мушак» ва «дисплейи аз ҳама калон бо идораи дронҳо аз масофаи муайян» ду рекорди ҷаҳониро соҳиб гардида буд. Ёдовар мешавем, ки дар Дубай, ки дар майдони 1,5 ҳазор метр квадрат қад рост кардааст, ба сифати фаввораи калон аз ҷиҳати рекорд ба китобии Гиннес дохил шуда буд.