Дар Эрон шумораи номзадҳое, ки дар интихоботи президентӣ расман ба рӯйхат гирифта шудааст, ба 37 нафар расид. Аз рӯи хабари «Тренд» дар ин хусус вакили штаби интихобот Мӯҳсин Исломӣ дар анҷумани матбуотӣ маълум кардааст. Имрӯз рӯзи охирини барӯйхатгирӣ буда, то рӯзи 2 -юми июн аз 37 аризадиҳанда 20 нафараш ҳуҷҷат супоридааст. Зӯҳро Илоҳиён нахустин зани эроние, ки дар интихоботи президентӣ ба сифати номзад ба рӯйхат гирифта шудааст. Маълум мекунанд, ки давлати исломӣ 31 -уми май бо сабаби «ҷавобгӯ набудани шарт (зарурат)-ҳо» 3 нафар зани эрониро барои аз рӯйхат гузаштан рад карндаанд.
Барои иштирок дар интихоботи президентии Эрон 37 нафар аз рӯйхат гузаштаанд
