Ovozi.uz

«Боз як дурӯғ, боз як ҷанг» — сенатори ИМА

Сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Берни Сандерс қарори президенти кишвар Доналд Трампро дар бораи зарба задан ба Эрон шадидан нодуруст дониста, дар саҳифаи худ дар шабакаи X пост нашр намуд.

Ба гуфтаи сенатор, Трамп зарурати ҳамла ба Эронро бо он асоснок кардааст, ки Теҳрон набояд соҳиби силоҳи ҳастаӣ гардад.

Сандерс ҳамчунин ёдовар шуд, ки пас аз анҷоми ҷанги 12-рӯза дар моҳи июни соли гузашта худи Трамп эълон карда буд, ки иншооти ҳастаии Эрон нобуд шудаанд.

«Ветнам, Ироқ, Эрон… Боз як дурӯғ, боз як ҷанг», — навиштааст сенатор.