Ҳамасола 10-уми июн ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии яхмос таҷлил мегардад. Гумон меравад, ки маҳз 10-уми июни соли 1786 дар ИМА нахустин фурӯши оммавии яхмос ба роҳ монда шудааст. Гарчанде ин сана расман сабт нашудааст, вале ҳамчун рӯзи ҷашнӣ пазируфта шудааст.
Таърихи яхмос ба ҳазорсолаҳои пеш бармегардад. Дар Чини қадим ҳанӯз 3000 сол қабл хӯрокҳои сард бо омехтаи барф, ях ва мева омода мешуданд. Баъдтар дар ҳамин ҷо усули омехтани шир бо ях пайдо шуд, ки онро ҳамчун сирри давлатӣ нигаҳ медоштанд. Дар Юнону Исроили қадим низ шириниҳои хунук маълум буданд.
Дар асри XVI дастури омодасозии яхмос ба Фаронса расид ва маҳз он ҷо яхмоси классикӣ бар асоси шир пайдо гардид.
