Ovozi.uz

Дафтари кӯҳна

Субҳи барвақт ҳанӯз хурӯси ҳамсоя бори дуюм садо надода, Фирӯз аз хоб бедор шуд. Хона ором буд, танҳо нафаскашии бачаҳо шунида мешуд. Ӯ то касеро бедор накунад, оҳиста бархост ва назди тиреза рафт.

Осмон ҳанӯз ранги шаб дошт, вале аз дуриҳо сафедие намудор мешуд. Фирӯз дафтари кӯҳнаашро ба сина фишурда, ба осмон нигарист. Ин дафтар аз саҳифаҳои зардшуда ва кунҷҳои канда иборат буд, аммо барои ӯ ганҷинае буд, ганҷинаи орзуҳо.

Ӯ ҳар саҳар ба осмон менигарист. Абрҳоро мешумурд, шаклҳояшонро тағйирёбанда медид ва дар хаёлаш бо онҳо сафар мекард. Гоҳе худро лётчик тасаввур мекард: тайёраи сафедаш аз болои деҳа мегузашт, кӯдакон даст меҷунбонданд ва ӯ аз осмон ба хонаи хоксоронаашон менигарист. Гоҳе худро духтур медид, ки модараш дигар аз дарди миён нолиш намекунад, чеҳрааш ором ва лабонаш пуртабассум аст.

Аммо орзуи пешаи омӯзгорӣ аз ҳама бештар дар дили ӯ реша давонда буд. Омӯзгоре, ки дар ҳамон мактаби кӯҳнаи деҳа ба кӯдакон ҳарф меомӯзад, ба онҳо роҳи умедро нишон диҳад, то касе дигар орзуҳояшро зери хок пинҳон накунад.

Падараш деҳқон буд. Субҳ, пеш аз тулӯи офтоб ба саҳро мерафт, бо каланду дос ва умеди ризқи ҳалол. Шом, вақте бармегашт, дастонаш пур аз обилаву кафидагӣ, чашмонаш лабрези хастагӣ, аммо дилаш ором буд. Модараш бо дастони пур аз меҳр нон мепухт ва фарзандонашро дуо мекард: — Худоё, фарзандонамро соҳибилм гардон.

Онҳо сарватманд набуданд. Дар хона ҷиҳози зиёд надоштанд, аммо чизе буд, ки ҳама чиз, ҳатто дилро равшан мекард — умед.

Солҳо гузаштанд. Фирӯз фаҳмид, ки орзу кардан осон аст, аммо ба орзу расидан заҳмат мехоҳад. Шабҳо зери чароғи камнур китоб мехонд. Чароғ гоҳе хомӯш мешуд, аммо ӯ мутолиаро бо шамъ идома медод. Ҳар ҳарфро мисли гавҳар дар хотир нигоҳ медошт. Гӯё медонист, ки ҳар ҷумла ӯро ба орзуяш як қадам наздик мекунад.

Ӯ қарор карда буд: омӯзгор мешавад. Зеро медонист, ки соҳибони ҳама касбҳоро маҳз омӯзгор таълиму тарбия медиҳад.

Соли аввал ноком шуд. Аз имтиҳон нагузашт. Дилаш шикаст, аммо рӯҳафтода нашуд. Соли дуюм ҳам ҳамин тавр. Соли сеюм низ. Ҳар боре, ки ҷавоби рад мешунид, шабона ба осмон менигарист ва аз худ мепурсид: “Оё орзуи ман амалӣ мегардад?”

Гоҳе хаста мешуд. Гоҳе мехост ҳама чизро партояд. Аммо орзуҳояш ӯро тарк намекарданд.

Як рӯз муаллимаш, ки мӯйҳояш сафед ва нигоҳаш пуртаҷриба буд, ӯро канор кашид ва гуфт: — Фирӯз, чаро ин қадар рӯҳафтода менамоӣ? Рӯҳафтода нашав. Магузор, ки ноумедӣ туро мағлуб созад. Донишӣ хуб дорӣ. Танҳо як чизро фаромӯш накун — таслим нашав. Фақат ба пеш… ба пеш!

Ин суханҳо мисли тухмӣ дар дили Фирӯз реша давонданд. Ӯ фаҳмид, ки орзуҳои кӯдакӣ тухмии ояндаанд. Агар онҳоро бо омӯзиш, сабр ва боварӣ об диҳӣ, рӯзе ҳатман мева медиҳанд.

Солҳо гузаштанд…

Субҳи дигар Фирӯз назди ҳамон тирезаи кӯҳна меистод, аммо ин дафъа дар даст дафтари омӯзгорӣ дошт. Ӯ ба мактаби деҳа мерафт — на ҳамчун шогирд, балки ҳамчун омӯзгор.

Деҳа ҳамон деҳа монд. Роҳҳо ҳамон роҳҳо, бинои мактаб ҳамон кӯҳна. Аммо Фирӯз дигар он бачаи орзупарвар набуд. Ӯ омӯзгоре шуд, ки орзуҳоро дар дили кӯдакони дигар бедор мекунад.

Ҳар боре, ки ба чашмони шогирдон менигарист, бачаеро медид, ки бо дафтари кӯҳна аз тирезаи шикаста ба осмон менигарист. Ҳа, ҳамон лаҳзаҳои бачагии худро медид. Ва аз дил мегузаронид: — Орзуҳои кӯдакӣ зоеъ намешаванд… агар ба онҳо бовар кунӣ.

Дилафрӯз ОБЛОҚУЛОВА