Ovozi.uz

Диле нест, ки дардошно набошад

Нависандаи ҷавон, тарҷумон, рӯзноманигори боистеъдод, узви Иттифоқи журналистони Ӯзбекистон Фаридуни Фарҳодзод 5-уми феврали соли 1989 дар деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёна, ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил мешавад. Фаъолияти меҳнатияшро аз мактаби зодгоҳи худ бо омӯзгори оғоз намуда, ҳоло дар таҳририяти рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” вазифаи котиби масъулиро дар ӯҳда дорад.
Ҳикояҳои Фаридун дар рӯзномаву маҷаллаҳо, инчунин дар чандин маҷмӯаҳои нависандагони муосир интишор гардида, соли 2021 китоби нахустини ӯ таҳти унвони “Шаби ялдо” рӯи чопро дид.
Инак, мо хостем, ки як чанд дақиқа бо Фаридун сӯҳбат ороем ва ба суолҳои худ оиди эҷоди нависанда ҷавоб гирем.
— Вақте ба навиштани ҳикояи нав шурӯъ мекунед, бароятон чӣ даркор? Дар бораи чӣ фикр мекунед?
— Фазои ором. То ба ҳадде бояд сокит бошад, ки пар задани пашша ба гӯш расад. Мизи корӣ, компутер ва Шумо. Вобастагии худро бо дунёи воқеӣ комилан қатъ карда, худро ба олами дигар меандозед. Аксар вақт барои ин як корро анҷом медиҳам: ҳамеша оҳанги ҳазинеро мешунавам. Мусиқеро, ки аз зиндагӣ, аз пасту баланди рӯзгор мегӯяд. Муҳим нест, ки он бо кадом забон садо медиҳад, дар чӣ гуна нота навишта шудааст. Муҳим дард дошта бошад. Бо ҳамин роҳ ба маъное фариштаи илҳомро “даъват” мекунам. Ва ин фариштаи илҳом тарсончактарин чизест, ки аз пасттарин садо бо худ меларзад ва дар як дам ғайб мезанад. Гоҳо ҳамон бол задани пашша, ҳатто равшании зиёди хона ҳам хаёлро аз олами рангини ҳикоя, аз рӯзгори образҳо ҷониби ҳаёти воқеӣ мебарад.
— Дар овони кӯдакӣ фикр мекардед, ки нависанда ё рӯзноманигор мешавед?
— Айёми мактабхонӣ орзу доштам, ки шифокор шавам. Дардмандонро табобат карда, ба онҳо умри дубора бубахшам. Бо гузашти мурури вақт шавқу рағбат ба соҳаи адабиёт афзуд. Албатта дар ин бобат саҳми муҳити хонаводагӣ ва хизмати омӯзгорони забон ва адабиёти мактаби таҳсилкардаам калон аст. Аз айёмӣ кӯдакӣ аз модаркалони худ бисёр афсонаҳоро мешунидем. Шабе набуд, ки ҳикоя нашунида хоб равем. Ғайр аз ин, дар мактаб омӯзгорони ботаҷриба, филологҳои касбӣ кор мекарданд. Меҳнату дастгирии онҳо буд, ки майлу рағбатамон ба фанни забони модарӣ ва адабиёт афзуда, ояндаи худро бо фарҳангу адабиёт пайвастем.
— Аввалин мақолаи Шумо кай дар матбуот эълон шуд ва қадамҳо нахустинатон дар ҷодаи наср…
— Вақте ки дар синфи ёздаҳ мехондам, дар зинаи вилоятии озмуни фаннӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик ғолиб гардидам. Сипас, дар рӯзномаи бачагонаи “Ғунчаҳои истиқлол” (“Истиқлол ғунчалари”)-и вилоят рӯйхати ғолибон эълон гардид. Дар ҳамон рӯйхат номи худро дида, бениҳоят хушҳол шуда будам. Дертар, ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд мақолаи нахустинам дар рӯзномаи “Овози Самарқанд” чоп шуд. Хабаре аз олами варзиш буд. Маҳорати журналистии худро дар Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Истиқбол-пресс”, дар таҳририяти рӯзномаи бачагонаи “Булбулча-доно” такмил додам. Асрори соҳаи журналистиро маҳз дар ҳамин таҳририят омӯхтам гӯям, хато нахоҳам кард. Нахустин мақолаи адабиям дар рӯзномаи “Овози Самарқанд” чоп шуд. Як андешаи хурде буд, ки дар бораи номаи падар аз хонаи пиронсолон ба фарзанд ҳикоя мекард. Аввалин ҳикояам таҳти унвони “Қадр” дар рӯзномаи ҷумҳуриявии “Овози тоҷик” чоп шуда буд. Бо ҳамин вориди шоҳроҳи соҳаи матбуот ва адабиёт гардидем ва то имрӯз таҳти роҳнамоиву дастгирии як қатор устодон кор пеш мебарем.
— Аз нависандагони адабиёти мову ҷаҳон дӯстдоштатаринҳоятон кадомҳоянд? Ва чаро онҳо?
— “Обро аз сарчашма бояд хӯрд”, мегӯянд. Аз ин рӯ, беш аз ҳама намунаҳои адабиёти мумтозро мутолиа мекунам. Ҳамзамон асарҳои адибони адабиёти муосири тоҷик ва ҷаҳонро низ мехонам. Дар мавриди адиби дӯстдошта бигӯям, номи ягон адибро алоҳида гуфта наметавонам. Чунки ҳар як адиб бо ягон асар ё ҳикоя, бо маҳорати навиштан ё образофарии худ, бо дарёфти тасвирҳо ё бастубанди воқеот аз ҳамдигар фарқ мекунанд ва яке аз дигаре бартарӣ доранд. Бинобар ин, аз ҳамаи онҳо як ҷиҳати вижагияшонро меписандам.
— Чаро дар ҳикояҳои шумо «дард» роли асосиро мебозад? Оё фикр мекунед, ки дар дунё шодӣ нест?
— Зиндагӣ худ дард аст. Диле нест, ки дардошно набошад ва холӣ аз ғаму ранҷи рӯзгор бошад. Вақте аз дард мегӯед, аз дард менависед ва навиштаи Шумо дард дорад, он ба дилҳои дардошно зуд роҳ меёбад. Вақте ки ҳикоя менависем, набояд саҳлнигорона, танҳо ба ном коғазро пур кунем. Коғазро бо нафасҳои дил бояд пур кард, то ба дили мардум роҳ ёфтани он осон гардад. Навиштае, ки аз дил садо медиҳад, зуд дар дилҳои дигар мавқеъ пайдо мекунад.
— Дар бораи мунаққидони имрӯза чӣ гуфта метавонед?
— Устод Фазлиддин Муҳаммадиев дуруст гуфтаанд, ки “танқид оинадори адабиёт аст”. Мутаассифона, ҳоло дар муҳити адабии мо мунаққидон нестанд ва ин яке аз мушкилоти асосии адабиёти тоҷики Ӯзбекистон мебошад. Вақте китоб рӯйи чоп меоред, кӯшиш мекунед, ки қисми бештари онро ба аҳли адаб тӯҳфа намоед. Бо мақсаде, ки андешаҳои онҳоро дар мавриди ҳикояҳои худ шунавед. Камбудиҳоятонро фаҳмед ва аз пайи ислоҳи онҳо шуда, маҳорати навиштани худро такмил диҳед. Соли 2018 китоби дастҷамъии “Се барги саз”-ро чоп кардем. Аз 300 адад китоб беш аз 100 адади онро ба аҳли адаб тӯҳфа кардам. Аз байни онҳо танҳо ду нафар — нависанда Адаш Истад ва марди фарҳангдӯст Саид Саъдӣ дар мавриди китоб андешаҳои худро гуфтанду халос. Дигар ҳама ғайр аз мулоҳизаҳои қолабӣ чун “хеле хуб, олӣ буд, беҳтарин аст, мавзӯи нағзро ёфтед” дигар ҳарф нагуфтанд. Аҷаб нест, китобро ҳам нахонда бошанд.
Ҷое, ки танқид нест, чӣ тавр метавон пеш рафт. Бинобар ин, кӯшиш мекунем, ки худомӯзӣ намоем. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ матолиб дар бораи интиқоди асарҳои адибони ҳамзабонро меҷӯем, мехонем ва дар заминаи он камбудиҳои худро мефаҳмем.
— Барои нависандагони навқалам 5 маслиҳати Фаридуни Фарҳодзод.
— Ҳоло худ навқаламу навқадам ҳастем. Танҳо дар доираи таҷрибае, ки то ҳол ҷамъ кардем, метавон чанд маслиҳати шогирдона диҳем. Шоири маъниофар Бедил чунин мефармояд:
Доми теғ аст Бедил, роҳи борики сухансанҷӣ,
Забони хома ҳам шак дорад аз ҳарфофариниҳо.
Сухан гуфтан масъулияти бузург дорад. Пеш аз баёни сухан бояд хуб андешид. Агар мусаввир бо килку ранг кор карда, асаре тасвирӣ офарад, нависанда бо сухан сару кор дорад. Сухан ин пуфак нест, ки вазне надошта бошад. Вазни сухан хеле гарон аст. Бинобар ин, ҳар як ҷавоне, ки ҳикоя навиштанро мехоҳад, бояд инро ҷиддӣ қабул кунад. Агар ҷиддӣ қабул карда наметавонад, беҳтараш биравад аз пайи кори дигар.
Дуюм, бештар хонад ва зиёдтар нависад. Ҳар рӯз навиштанро ба худ касб намояд. Сеюм, чизеро нависад, ки дар он набзи замон эҳсос шавад, рӯҳи замон инъикос гардад. Чорум, маслиҳат ва пешниҳодҳои нависандагони касбиро дар бораи хуб навиштан мутолиа кунад. Дар ҷамъомаду маҳфилҳо оиди такмили маҳорати нависандагӣ (афсӯс, дар мо чунин маҳфилҳо нестанд) ба тариқи фосилавӣ бошад ҳам иштирок кунад. Панҷум, вақте ки ҳикояро навишта ба анҷом расонд, онро аз сари нав чун хонанда бихонад ва пеши худ савол гузорад, ки аз мутолиаи ҳикоя хонанда барои худ чӣ мегирад.

Мусоҳиб Ш.Кенҷаев