Навоӣ, илмро мақсуди худ дон,
Ба илм он гаҳ амалро ёр гардон.
Навоӣ
Дар муҳити илмии Самарқанд шахсиятҳое ҳастанд, ки барои рушди илму маърифат саҳми бузург гузошта тавонистаанд. Яке аз чунин инсонҳо Муслиҳиддин Муҳиддинов ҳастанд. Ин инсони маърифатпарвар вакили як сулолаи бузург, авлоди яке аз намояндагони бузурги тариқати нақшбандия Эшони Валихони Ургутӣ мебошанд, ки дар замони худ чун «Қутб уз-замон» эҳтирому эъзоз пайдо кардаанд. Пас аз фавти Эшони Валихон (соли ваф. 1915) писарашон — Эшони Муҳиддинхон низ дар роҳи илму адаб мероси падарро идома дода, соҳиби мартабаи баланд мегарданд. Писари Муҳиддинхон — Эшони Қутбиддинхон низ фарҳанги ниёгонро ба таври муносиб давом медиҳанд ва дар соҳаи адабиётшиносию забоншиносӣ бисёр корҳои илмиро ба анҷом мерасонанд.
Хирадпарварӣ, маърифатдӯстӣ, майлу рағбат ба омӯзиши мероси ниёгон, ки аз авлод ба авлод гузаштааст, дар симои Муслиҳиддин Муҳиддинов низ таҷассум ёфтааст. Ӯ 5‑уми майи соли 1945 дар ноҳияи Ургут ба дунё омадааст. Чӣ тавре, ки дар боло таъкид гардид, сулолаи Муҳиддиновҳо қариб ду аср аст, ки на танҳо бо донишҳои динӣ, ирфонӣ, балки бо донишҳои илмию фалсафӣ ҳам маълум буда, Муслиҳиддин Муҳиддинов фарҳанги гузаштагонро то ҳол ба насли наврас пешкаш менамояд. Бобати таҳқиқи масъалаҳои гуногуни адабиёти мумтози ӯзбеку тоҷик, бахусус, бозомӯзии мероси илмиву адабии Навоӣ тадқиқот анҷом дода, дар ин роҳ мактаби худро офарида тавонистааст ва имрӯз ба аксар олимони ҷавон, ки дар ин самт пажӯҳиш мебаранд, раҳнамоӣ мекунанд.
Вақте ҳарф дар бораи дониш ва салоҳияти устод Муҳиддинов меравад, ба хотири мо солҳои 2004–2005 меояд, ки он даврҳо устод ҳамчун проректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд кор мекарданд. Дар давоми фаъолити эшон соҳаи маърифату маънавияти донишгоҳ ба дараҷаи тамоман нав баромад гӯем, хато намешавад. Маҳс бо ташаббуси ин марди фозил вохӯрии чандин нафар олимон ва донишмандони маъруф бо донишҷӯён ташкил гардида буд. Муслиҳиддин Муҳиддинов ҳангоми кор дар донишгоҳ бо дарки масъулияти баланд, садоқат ба касб, муҳаббат ба илм баҳри пешрафти фаъолияти донишгоҳ, афзудани нуфузи он дар сатҳи ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ фидокорона меҳнат карданд. Устод соли 1972 дар мавзӯи «Достонҳои сикли «Баҳром ва Дилором» ва «Баҳром ва Гуландом» дар адабиёти классикии ӯзбек» (Инкишофи тадриҷии сюжети «Баҳроми Гӯр» дар адабиёти классикии ӯзбек) рисолаи номзадӣ ва соли 1995 дар мавзӯи «Алишер Навоӣ ва консепсияи инсон дар эҷоди салафҳои шоир (дар асоси достонҳои нахустини «Хамса»-ҳо)» кори докториро дифоъ кардаанд.
Ҳамзамон, чун профессори кафедраи таърихи адабиёт, раиси Шӯрои илмии тақдими дараҷаҳои илмии назди донишгоҳ 15 монография, 10 маҷмӯаи дарсӣ ва таълимиву услубӣ, қариб 400 мақолаи илмиву назарии худро эълон намуданд. То ҳол зери раҳнамоии мавсуф 12 нафар рисолаи номзадӣ ва докторӣ (PhD), 5 нафар кори доктории худро ҳимоя карданд.
Метавон гуфт, ки Муслиҳиддин Муҳиддинов донишманди варзидаи таърихи адабиёти ӯзбек, аз намояндагони фаъоли мактаби адабиётшиносии Самарқанд, олими навоишинос мебошанд, ки бо корҳои илмии хеш ба эҳтиром, эътироф ва эътибори аҳли илму адаб сазовор гардидаанд. Илова бар ин, чун намояндаи фаъоли ҷамъиятӣ ва фидокори ҷодаи фан, аз ҳар як дигаргунӣ ва бунёдкориҳои азими мамлакат, ислоҳоти густурдае, ки дар ҷодаи илму фан, таълиму фарҳанг ва дигар бахшҳо амалӣ мегарданд, нерӯю тавони тоза гирифта, бозомӯзии мазмуну моҳияти онҳоро ба ҷавонон чун вазифаи асосии худ медонанд.
Инак, синни устод ба ҳаштод расид. Лек то ҳол аз пайи ҷустуҷӯҳои илмӣ ҳастанд. Аз шогирдон маслиҳатҳои худро дареғ надошта, онҳоро ҳамеша роҳнамоӣ ва дастгирӣ мекунанд. Доим барои пешрафти кори донишгоҳ, афзудани нуфузи он талош карда, меҳнат дар ҷодаи илму адабро барои худ шараф меҳисобанд.
Хидматҳои устод дар такмили муносибатҳои дӯстиву ҳамкории олимони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, таҳкими муносибатҳои судманди илмию адабии ду халқи ба ҳам дӯсту бародар хеле арзишманд аст.
Хидматҳои шоистаи марди накӯном Муслиҳиддин Муҳиддинов дар роҳи равнақи Ватан, фидокориҳои устод дар ҷодаи илм, эҷод ва таълим аз тарафи ҳукумат муносиб қадр шуда, бо унвони ифтихории «Мураббии шоистаи ҷавонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон» (2016), ордени «Эл-юрт ҳурмати» (2020), нишони сарисинагии «Маънавият фидоийси» (2022), инчунин чандин нишонҳои ҷашнии иди истиқлол ва Конститутсия сарфароз гардидаанд.
Баҳодур РАҲМОНОВ,
доктори фалсафа оид ба фанҳои фалсафа,
Сироҷиддин ХӮҶАҚУЛОВ,
доктори фанҳои филологӣ,
Фаридун ЙӮЛДОШЕВ,
докторанти ДДС.
