Ovozi.uz

Дар Қазоқистон лавозими витса-президент ҷорӣ мегардад

Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тӯқаев рӯзи 20-уми январ эълон кард, ки дар кишвар лавозими нави давлатӣ — ноиби президенти ҷумҳурӣ (витса-президент) таъсис дода мешавад. Дар ин бора нашрияи Nur Kazakhstan хабар дод.

Зимни суханронӣ дар Маҷлиси миллӣ, роҳбари давлат ба ҷанбаҳои асосии ҷорӣ гардидани ин мансаб таваҷҷӯҳ зоҳир намуд. Ба таъкиди Тӯқаев, ноиби президентро бевосита президент бо розигии парламент таъйин мекунад.

Мувофиқи тағйироти пешбинишуда, ноиби президент вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

➖ мувофиқи супориши президент дар форумҳои байналмилалӣ ва музокирот бо ҳайатҳо ва намояндагиҳои хориҷӣ манфиатҳои Ҷумҳурии Қазоқистонро намояндагӣ кардан;

➖ дар парламент манфиатҳои президентро ҳимоя намудан;

➖ ҳамкорӣ бо ташкилотҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ, илмӣ, маданӣ ва таълимии маҳаллӣ ва муштарак;

➖ иҷрои дигар супоришҳое, ки аз ҷониби роҳбари давлат дода мешаванд.

Тағйироту ислоҳот ба Конститутсия. «Ин меъёрҳои муҳими вобаста ба вазифаҳои хизматии ноиби президент бояд дар Конститутсияи кишвар низ инъикос ёбанд», — гуфт президент.

Ҳамзамон, дар робита ба ҷорӣ шудани мансаби нав, дар низоми амалкунандаи идоракунӣ як қатор ихтисорҳо анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла, мансаби мушовири давлатӣ пурра барҳам дода мешавад. Инчунин, бархе сохторҳои дастгоҳи таъминкунандаи фаъолияти парламенти ҳозира низ бекор карда мешаванд.