Ovozi.uz

МАВЛАВӢ ВА ШАКЛИ НАВИ ҲУНАРИ ТЕАТР


Пажӯҳиш

Дар замони ҷаҳонишавии маданият, ҳифзи арзишҳои волои маънавӣ, бузургдошти осори шахсиятҳои таърихӣ нишонаи фарҳанги пойдор аст ва тавассути он ба ҷараёни рушди ҷомеа баҳо медиҳанд. Хотираи таърихӣ ҳамчун рукни асосии тафаккур дар худ асолату пойдории фарҳангро муҷассам сохта, нишонаи асосии худогоҳӣ ва худшиносист. Танҳо хотираи таърихӣ метавонад бо замони даргузар дар набард бошад ва он падидаеро, ки «фарҳанг» меноманд, дар худ акс намояд.
Зимнан, таваҷҷӯҳи мардуми мо ба сарнавишт ва ашъори волои классикӣ аз давраҳои қадим эҳсос мегардад. Ин дар шефтагӣ аз назми олии ҳазорсолаи хеш, «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, ғазалҳои дилошӯби Рӯдакӣ, Ҳофиз, Румӣ, Саъдӣ ва дигарон зоҳир мешавад, ки онро метавон чун эҳтиёҷоти маънавӣ пазируфт.
Образҳои хотирнишини адабиёт ҳамчун таҷассумгари хирад ва заковати мардум, дар баррасӣ ва гузориши масоили умумибашарӣ воситаи муҳим ва заминаи қавӣ гардиданд. Бинобар ин, дар санъат образҳои беназири адабиёти классикӣ мавриди тасвир қарор гирифта, дар худ ҷанбаи эстетикии осори мутафаккирони бузурги моро муҷассам намуданд.
Дар ҳама давру замон назми олии ҳазорсолаи мо дар ҷараёни тарбияи ахлоқӣ ва эстетикӣ нақши муайянро бозидааст. Адабиётшиноси маъруф Муҳаммадҷон Шакурӣ роҷеъ ба нуфузи назми классикӣ ва анъанаҳои романтизм дар адабиёт андешаҳои худро иброз дошта, ба хулосае омад, ки маҳз ин анъанаҳо «дар гузориши пурҳаяҷони масъалаҳои ҷамъиятӣ, дар офариниши образҳои лирикии нозуку нарм ва боҳарорат, дар тасвири характерҳои зӯрманди мӯҳташам аз муҳимтарин воситаҳое хоҳад буд».
Яке аз ҳунарпешагони номии театр Маҳмуд Воҳидов, ки ҳамчун асосгузори театри манзум маъруфият дорад, бо як силсила моноспектаклҳои худ театри инфиродиро ба вуҷуд овард ва тавассути осори классикӣ шакли нави ҳунари театриро пайдо намуд. Маҳмуд Воҳидов чун актёри равияи зеҳниву ақлӣ аз сарчашмаҳои театри суннатии халқ, ҳунари шифоҳии он истифода бурда, сабки тоза, театри «андеша ва гуфтор»-ро асос гузошт, ки дар он истифодаи назми классикӣ бо вижагиҳои фарҳанги аврупоӣ тавъам аст.
Ба ин маънӣ, асарҳои саҳнавии «Ишқи зиндагӣ» (1971, аз рӯи осори Ҳофиз), «Гуфтугӯ бо худ» (1974, дар асоси ашъори Умари Хайём) бо мазмуну моҳият ва шакли хеш дар санъати театр падидаи нотакрор аст.
Бозёфтҳои эҷодие, ки дар ин асарҳои саҳнавӣ аз ҷониби Маҳмуд Воҳид баррасӣ гардидаанд, барои таҳияи намоишномаҳои манзуми «Ишқи зиндагӣ» ва «Гуфтугӯ бо худ» заминаи асосӣ маҳсуб мешаванд.
Ҳунаршиноси маъруф, доктори илми санъатшиносӣ Низом Нурҷонов дар асари мукаммали худ «Маҳмудҷон Воҳидов» роҷеъ ба дастовардҳои эҷодии ҳунарпеша дар намоишномаҳои мазкур барҳақ мефармояд, ки «Қонунҳои тозаву услуби нав мисли оҳанрабо диққати шунавандаро ба ҳунарпеша ҷалб намуд. Муҳимаш, театри Воҳидов ба ӯ имкон дод, ки дар назми классикӣ масъалаҳои умуминсоние, ки ӯро ҳамчун актёр, инсон ба ҳаяҷон меовард, дарёбад, рози дил ва суханони нагуфтаро гӯяд, тавассути шеър сомеонро мутаассир гардонад…
Саҳнаҳои мукаммали драматургӣ, созу наво, бахшҳои мусиқӣ, василаҳои гуногуни бадеӣ бо ашъори Ҳофизу Хайём таносуби қавие пайдо намудаанд, ки ин яке аз дастовардҳои бадеии муаллифи намоишнома — Маҳмуд Воҳидов мебошад. Дар қисми «Соқинома» 29 ғазали Ҳофизро (тахминан 800 мисраъ), ки мавзӯи муштараку воҳид надоранд, ба ҳам пайвастан, мазмуни баланди онро кушодан кори осон набуд. Овози актёр мисли тори арғунун форам ва таъсирбахш баромад. Ҳар як оҳанг, ҳар як тобиши овоз заргарона кор карда шуда буд.
Воқеан, дар ин намоишномаҳои Маҳмуд Воҳидов идроки шоирона, тавоноии руҳи инсон, ҷасорату нерӯи он дар доираи назми классикӣ ба назар мерасанд, ки он ҷустуҷӯи тозае дар санъати театр аст.
Ҳамаи ин бозёфтҳои эҷодии ҳунарпешаи соҳибистеъдод Маҳмуд Воҳидов дар эҷодиёти коргардони навовар, шодравон Фаррух Қосим, ки асосгузори театри маъруфи тамошобини ҷавон «Аҳорун» мебошад, идомаи худро ёфтанд.
Фаррух Қосим, ки аз хонаводаи ҳунарпешагони маъруф — Муҳаммадҷон Қосимов ва Мушаррафа Қосимова мебошад, баробари истеъдоди фитрӣ, дар худ истеъдоди олии омӯзиш ва идроки осори беҳтарини фарҳангиро дошт. Аз ин лиҳоз, тамоми асарҳои саҳнавии ӯ падидаи нотакроре буданд, ки санъати театрии моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Ба қатори асарҳои саҳнавии «Тартюф»-и Ж.Б. Молйер, «Хонасӯзон»-и М. Фриш, намоишномаи «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон» (аз рӯи ашъори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1990) аз бозёфтҳои нотакрори ҳунари таҳиягарии Фаррух Қосим мебошанд. Зеро дар ин намоишнома на танҳо дастовардҳои театри манзуми Маҳмуд Воҳидов идома меёбад, балки бо дидгоҳи тоза асари соҳиби арзиши эстетикӣ офарида шудааст, ки аз қолабҳои маъмулӣ озод аст.
Фаррух Қосим дар мусоҳибаи худ бо хабарнигори рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» — Муҳаммадзамон Бобоев роҷеъ ба мақсаду мароми хеш аз ташкили театри «Аҳорун» сухан ронда, иброз намудааст, ки «бояд театре бисозем, ки дар он беҳтарин анъанаҳои тафаккури бадеии мардум, ки дар давоми ҳазорсолаҳо ташаккул ёфтаанду имрӯз аз беэътиноӣ ва бехабариамон фаромӯш гаштаанд, зинда шаванд».
Ба ин маънӣ, ҳунарманд унсурҳои театриро дар назм, санъати мусиқӣ, фолклор, санъати тасвирӣ ҳамчун нишонаҳои театри миллӣ ва фарҳанги ғанӣ баҳогузорӣ менамояд.
Фаррух Қосим вобастагии қавии театрро бо назм, махсусан ҷараёни тасаввуф нишон дода, онро ҳамчун мактаби амалӣ ва таҷрибавӣ зикр мекунад. «Ҳатто мо фаромӯш кардаем, ки агар театр ҳамчун тарҳ ё модели дунё категорияи фалсафӣ бошад, чаро онро дар шеърамон намеҷӯем? Шеъри классикии мо бо ифодаи ҳамин тарҳрезӣ ё сохтани «модели дунё» «театр» аст. Ин театр дар ду байти Мавлоно бо ин тарз зуҳур намудааст:
Кароне надорад биёбони мо,
Қароре надорад дилу ҷони мо.
Ҷаҳон дар ҷаҳон нақшу сурат гирифт,
Кадом аст з-ин нақшҳо они мо.
Дар ин абёт тафаккури Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ шабеҳи тафаккури созандаи театр — ҳамчун модели дунё мебошад. Аз ин назар театр ҳамчун модели дунё дар як уқдаи замону макон ба вуҷуд меояд ва аз байн меравад.
Намоишномаи «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон» (1990), ки барои таҳияи намоиши мазкур Фаррух Қосим сазовори ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ гардид, дар радифи сарватҳои маънавии мо қарор гирифта, аз ҷасорату тафаккури волои муаллиф дарак медиҳад. Барои ӯ мероси гаронбаҳои ситорагони назми классикии мо — Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Фаридуддини Аттор, Ҳофизи Шерозӣ маводи асосист, ки тавассути он ғояҳои фалсафии хешро ифода месозад.
Фаррух Қосим ҳам муаллифи драма ва ҳам таҳиягар аст. Ӯ дар атрофи мақсади хеш бо шакли ба худ хос шоҳбайтҳои назми классикиро мепайвандад, унсурҳои драматикиро пайдо намуда, онҳоро ба дараҷаи мукаммал арзёбӣ менамояд.
Дар ин намоишнома сухан дар бораи қисмати фоҷиавии санъаткор дар зиндагӣ, олами нотакрори руҳӣ, изтиробҳои дили ҳассос меравад ва бесабаб нест, ки он ба хотири Маҳмуд Воҳидов — ҳунарманде, ки риштаи умраш соли 1977 ҳангоми сафари ҳунарӣ дар хориҷи кишвар ба таври фоҷиавӣ канда шудааст, бахшида мешавад.
Ҷаҳони эҳтирос, эҳсоси шоирон ва ҳаяҷонбахш, ҳамоҳангӣ, амалиёту задухӯрд бо хониши ашъори дилпазир, мусиқӣ ва рақс унсурҳое мебошанд, ки намоишномаро шукӯҳ ато месозанд. «Саҳна барои Фаррух Қосим гӯё образи дунёст. Ин дунё гӯё дар кафи даст ғунҷидаасту дар он ифодаи тамарқуз дода шудан ба муборизаи некиву бадӣ баён ёфтааст. Қаҳрамони асосӣ — Юсуфи гумгашта маҳсули ҳамин дунёст», менависад олими санъатшинос, театршинос Низом Нурҷонов.
Рамзҳои адабиёти сӯфия дар ороиши мӯъҷази А. Абдураҳмонов, ки бадеияти асарро ифода намудааст, ҳамчунин дар нақшофарии таъсирбахши Қурбони Собир (Юсуф), Сабоҳати Қосим (Зулайхо) Яъқуб (Фирӯз Умаров), Давлати Убайдулло (Девона) инъикоси худро ёфтааст. Нардбон, чархи ароба, пардаҳои сиёҳ, арғамчин бо либосҳои сӯфиёнаи дарвешон, ки таҳти оҳанги мусиқӣ мавзун мерақсанд, як саҳнаи муассири рамзист, ки ба назари тамошобин олами дигари саршори илҳом ва тамошои хотирнишинро ҷилвагар месозанд. Ин оҳанг ором оғоз ёфта, оҳиста суръат пайдо мекунад ва моҳияти намоишномаро, ки қисмати Юсуф ва дарки ҳақиқати зиндагиро тафсир месозад, ифода менамояд. Ашъори Ҷалолиддини Румӣ, аз ҷумла ғазалҳои «Эй ёри ман», «Пир манам, ҷавон манам», «Хуш хиромон меравӣ, эй ҷони ман, бе ман марав», «Ҳийлат раҳо кун эй дило, девона шав, девона шав» ва дигарон аз забони қаҳрамонони асар бо ҷӯшу хурӯш, таҳти оҳанги мусиқӣ ва рақси оммавӣ ба таври таъсирбахш садо дода, ба намоишнамо ҳашамат ва шукӯҳ мебахшад, таъсири онро дучанд ва тамошобинро мутаваҷҷеҳ месозад.
Аз забони Зулайхо (Сабоҳат Қосимова) садо додани мисраъҳои мазкур бо хониши нотакрор аз бозёфтҳои барҷастаи намоишномаи «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон» мебошад:
Хуш хиромон меравӣ, эй ҷони ман, бе ман марав,
Эй ҳаёти дӯстон, дар бӯстон бе ман марав,
Эй фалак бе ман магарду эй қамар бе ман матоб,
Эй замин бе ман мабошу эй замон бе ман марав.
Воқеияте, ки дар намоишномаи мазкур инъикос шудааст, бо вуҷуди оҳанги фоҷиавӣ таносуби зебоии руҳии инсонро нишон медиҳад.
Намоишномаи «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон», ки дар заминаи назми классикӣ, аз ҷумла ашъори фалсафии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ эҷод гардид, бо нигоҳдошти суннатҳои шарқиёна, дар худ масоили умумиинсониро муҷассам намуд. Маҳз аз ҳамин сабаб, асари саҳнавии мазкур дар саҳнаи театрҳои Аврупо — Фаронса, Белгия, Олмон дар маърази тамошо қарор гирифт ва сазовори шоҳҷоизаҳо шуд. Яъне, ин асари саҳнавӣ барои аҳли башар чун ифодагари ғояҳои ҷовидонӣ ва шакли шоиронаву дурахшони шарқӣ қобили таваҷҷӯҳ аст.
Намоишномаи мазкур исбот намуд, ки бидуни матни драматургӣ низ бархурдорӣ аз фалсафаи қавӣ ва ғояҳои абадзиндаи осори манзум имконият медиҳад, ки теъдоди назарраси асарҳои баландмазмуни саҳнавӣ офарида шавад. Ин аз як тараф, имкониятҳои назми классикии моро нишон дода, маҳбубияти онро афзун созад, аз тарафи дигар, маҳорати ҳунари таҳиягарӣ ва актёрии моро сайқал мебахшад, эстетикаи театрро мукаммал месозад.
Дар таҷрибаи театри тоҷик муроҷиат ба «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ низ бартарии чунин таҷрибаҳоро нишон додааст, ки намунаи он асари саҳнавии «Исфандиёр» (таҳиягар Фаррух Қосим) мебошад.
Арзи ҳастӣ намудани ҳунари таҳиягарии Фаррух Қосим, ки асоси он муроҷиат ба назми классикӣ мебошад, равияи тоза дар санъати театр аст. Назми классикӣ, аз ҷумла, осори Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ бо мазмуни олии фалсафии худ барои ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани фарҳанги миллӣ саҳми сазовор дорад.
Дар замони имрӯза, ки ба фарҳанги мо хатари ҷаҳонишавӣ таҳдид месозад ва шиддати ривоҷи он ба имкони идроки зебоии осори манзуми классикӣ имкон намедиҳад, рӯ овардан ба ин ганҷинаи пурарзиш беш аз пеш аҳамияти ахлоқӣ ва эстетикӣ дорад. Доктори илми санъатшиносӣ Н. Нурҷонов барҳақ таъкид мекунад, ки маҳз ин асарҳо «бузургии тафаккури инсониро нишон дода, тамошобинро ба олами рӯҳии ҷаҳони ғании маънавӣ ҷалб месозад».

Баҳор ХУРРАМЗОД,
доктори фалсафа доир ба фанҳои санъатшиносӣ