(Ҳаҷвия)
Ба ҷойи кор омада, хабари хушро шунидам. Аз университети байналхалқии журналистика се нафар таҷрибаомӯз омадаанду якеро ба ман ҳам вобаста кардаанд. Ботинан хурсанд шудам, ки акнун корам хеле сабук мегардаду бо мавзӯе, ки солҳо боз барои навиштани мақолаи таҳлиливу танқидӣ вақт намеёфтам, бемалол машғул мешавам.
Баъди бо худи таҷрибаомӯз шинос шудан азми ман боз қатъӣ гардид. Як ҷавони хушқаду қомати зебое, ки ҳаматарафа идеалӣ: ҳам кирдор, ҳам либоспӯшӣ ва ҳам худдориву муомилааш ҳавасангез аст. Хулоса, ҳамаи духтардорон дар орзуи доштани чунин домоданд. Қаҳваи талхе карда додам, ки ин нишонаи ҳурмату эҳтироми ман нисбат ба ин ҷавон — кадри ояндаи соҳаи журналистика буд.
Корҳои таъҷилии рӯзномаро як сӯ гузошта, аввал бо донишҷӯи таҷрибаомӯз сӯҳбат кардам. Охир, шунидани худи фикри донишҷӯе, ки дар ин гуна донишгоҳи бонуфузи пойтахт таҳсил мегирад ва дар оянда журналисти бомаҳорате мешавад, шавқовару ҳавасангез аст.
— Дар даври таҷрибаомӯзии якмоҳа ду-се мақола навиштани мо зарур будааст, — дар рафти сӯҳбат гуфт ӯ.
— Бисёр хуб, — мамнунона гуфтам. — Марҳамат, нависед, мо барои дар рӯзнома чоп шудани он ёрӣ мерасонем.
— Чӣ нависам?
— Чизе, ки хоҳед. Барои навиштан аввал ягон мавзӯъ ёбед.
Бо ҳамин вай аз пайи мавзӯъкобӣ ғайб зад. Баъди як ҳафта омад. Ӯро дида, хурсандона пурсидам:
— Мавзӯъ ёфтед?
— Не.
— Чаро? Ман гумон кардам, ки аллакай мавзӯъ ёфта, мақола ҳам навишта овардед?
— Ёфтани мавзӯъ мушкил будааст.
Ба пойдевори бовариву эҳтиромам дарз рафт.
— Шумо ягон маротиба ба санге пешпо хӯрда, афтодаед?
— Не.
— Хаёломез мерафтеду саратон ба дар ё деворе бархӯрда буд?
— Не, дар ҳаётам ягон бор ин хел нашудааст.
— Вақти ба автобус савор шудан тугмаатон канда шудааст ё дар ошхона таом хӯрда, дарди шикам шудаед?
— Инҳоро шумо барои чӣ мепурсед? — бо ҳайрат пурсид таҷрибаомӯз.
— Ҳамаи инҳо мавзӯъанд, ки худи ҳаёт ба мо — журналистон мегӯяд.
— Эъ, ин тарафашро ба мо дар университет нагуфтаанд-ку?! Ман навистан мехоҳаму дар бораи чӣ навистанро намедонам. Шумо гӯед, илтимос…
— Чашматонро калонтар кушоед, таги пову рӯйи по пур-пури мавзӯъ. Масалан, шумо дар куҷо таваллуд шудаед?
— Дар қишлоқ.
— Дар маҳаллаатон газу барқ ҳаст? Масъалаи таъминоти об чӣ хел?
— Барқ ҳасту гази табиӣ умуман нест. Занону духтарони қишлоқ барои дар зимистон гарм кардани хонаҳо тобистони дароз таппӣ тайёр мекунанд. Мардум барои молу ҷомашӯйӣ обро аз ҷӯю ҳавз гиранд, барои нӯшокӣ аз чашма мекашонанд. Чашма дур…
— Ана ҳамаи инҳо мавзӯъ барои навиштани мақолаҳо, — муаммоҳои соҳаи обро турнақатор карда гуфтам. Дар ин бора фикрҳои тахминии мутахассисонро ҳам ба забон овардам.
Чашмони таҷрибаомӯз калон кушода шуда, даҳонаш во монд.
— Муаллимҷон, о ин мавзӯи зӯр-ку! Ҳамаашро худатон аз ман нағзтар медонистаед, илтимос, навишта диҳед, — гардан каҷ кард ҷавон.
Ҷаҳлам омада, бо васвасаи шайтон қариб як торсакии обдор заданӣ ҳам шудам. Хайрият, зуд худро ба даст гирифтам. Охир бозии тақдир одамро ба кадом сӯҳо намеафканад?! Бисёр ҳамсабақони ман мактабро бо баҳоҳои дуву сеи садқаи сарӣ тамом карда, ба як мансабҳое расидаанд, ки… Пагоҳ-фардо ин муттаҳами худобехабар ҳам ба ягон кори калоне гузарад, аҳволи ман чӣ мешавад?
Барои гирифтани факту рақамҳо ба чанд ҷо занг зада, аз номи ӯ ду саҳифа мақолае навиштам. Баъд хоҳиш кардам, ки рӯйбардор кунад. Вақти рӯйнависӣ чанд калимаро партофта гузаштаасту дар навиштани ному фамилияи худ ба ду хатои имловӣ роҳ додааст.
Хуни ҷигар шуда, ислоҳ кардам.
Охири ҳафта мақолааш дар рӯзнома чоп шуд.
Боз чанд рӯз ӯ наомад.
Як пагоҳӣ ба кор меомадам, ки ӯро дар назди даромадгоҳи идораи рӯзнома дидам. Ҳатто саломро нася кард. Ғарқи мағрурии худ бо телефон ба кадоме ҷоғ мезад:
— Ҳа, ҳамаашонро боб карда гаштем. Аз ин ҷо чиро ҳам омӯхтан мумкин? Провинсия-дия! Баъзан ба инҳо ёд дода истодан даркор…
Бахтиёри ҶУМЪА.
