CentralAsia (CA). Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган гуфт, ки зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омадааст, зеро Конститутсияи кунунӣ «эътимод ба сиёсатро коҳиш медиҳад» ва «намегузорад, ки ба пеш ҳаракат кунем».
Синхуа. Сарвазири Шурои давлатии Чин Ли Сян аз Ҷумҳурии Корея даъват намуд, ки бо ҷониби Чин барои дарки самти умумии дӯстӣ ва эътимоди ҳамдигарии байни ду кишвар, эҳтиром ба манфиатҳои аслӣ ва нигарониҳои асосии ҳамдигар ҳамкорӣ кунад.
Мир24. Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередовро, ки бо сафари расмӣ дар Остона қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика ва нақлиёту логистикаро баррасӣ намуданд. Қосим-Жомарт Токаев аз вазъи кунунии равобити Қазоқистону Туркманистон изҳори қаноатмандӣ кард.
RT. Зиёда аз 110 миллион нафар дар ИМА ба далели бад шудани шароити боду ҳаво дар зери хатар қарор доранд ва теъдоди қурбониёни тундбод ва гирдбодҳо ба 22 нафар расидааст. Гуфта мешавад, ки 30 миллион нафар метавонад дар шимолу шарқи кишвар ба таҳдиди тӯфон рӯ ба рӯ шавад. Дар як қатор шаҳрҳо, аз ҷумла Вашингтон, Балтимор ва Филаделфия, ҳоло ҳам таҳдиди гирдбод вуҷуд дорад.
